logo

ҳуқуқ

«ИМПЕРИЯ» - И ФАСОДКОРОН ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ КӮЛОБ

Кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб мақолаи «Империя» - и фасодкорон дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб» - ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», аз 05.03.2015, №46 (22 608) чоп гардидааст ва дар он прокуратураи шаҳри Кӯлоб сабаби асосии даст задани шаҳрвандонро дар қонунвайронкуниҳо ба таври лозим вазифаҳои хешро иҷро накардани масъулони кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб донистааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ кард.
Иттилоъ медиҳем, ки рӯзи 29 сентябри соли 2014 нозирони кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо муҳандис – заминсози Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, ҷиҳати санҷиши риояи талаботи қонунгузории замин ба тарҳи № 290 - и харитаи заминистифодабарии хоҷагии ба номи  С. Зарифов, ки дар ҷойи асосии қонунвайронкунӣ зикр гардидааст, рафта муайян намуданд, ки якчанд шаҳрванд бе доштани ҳуҷҷатҳои расмӣ, худсарона, дар заминҳои корами обии тарҳи № 290, сангу шағал оварда, ба рехтани таҳкурсиҳои хонаҳои истиқоматӣ сар кардаанд.
Ба қонуншиканон оқибати амалашонро тавзеҳ дода, сохтмончиёнро аз замин берун карда бошем ҳам, шаҳрвандони алоҳида ба огоҳсозии нозирон ва намояндагони ҷамоати деҳот эътино накарда, худро «мардикор» муаррифӣ намуда, корро идома додаанд.
Аз номи сарнозири давлатии истифода ва ҳифзи замини шаҳри Кӯлоб ба раиси Ҷамоати деҳоти Кӯлоб Карим Валиев дастур ирсол шуд ва таъкид гардид, ки оид ба масъалаи мазкур бетаваҷҷуҳ набошад.
Якуми октябри соли 2014, таҳти №1794 сарнозири давлатии истифода ва ҳифзи замини шаҳри Кӯлоб оид ба қонуншикании ошкоргардида ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маълумотнома ирсол намуда, хоҳиш кард, ки ҷиҳати гирифтани пеши роҳи қонуншиканӣ ва бартарафсозии он дар маҳал ба комиссияи доимамалкунандаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб «Оид ба бартараф намудани ҳолатҳои ғасби замин дар миқёси шаҳри Кӯлоб» ҷараёни дастур диҳад.
Баъди ирсоли маълумотнома ва тартиб додани санад аз сеюми октябри соли 2014, ҷараёни қонуншиканӣ боз дошта шуд. Аммо тибқи санҷиши иловагӣ рӯзи 16 октябри соли 2014, муайян шуд, ки сарфи назар аз огоҳиҳои чандкаратаи нозирони кумита шаҳрвандон таҳкурсиҳои хонаҳои истиқоматӣ рехта истодаанд. Оид ба ин амали ғайриқонунии онҳо санад тартиб дода, ба тариқи шифоҳӣ ба прокуратураи шаҳри Кӯлоб хабар дода шуда, ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо лоиҳаи қарори раиси шаҳри Кӯлобро омода намуда, барои имзо 23 октябри соли 2014 ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ирсол шуд. 27 октябри соли 2014, таҳти № 864 қарори раиси шаҳри Кӯлоб ба тасвиб расид ва тибқи он қонуншиканӣ дар маҳал бартараф гашт.

Р. БОБОХОНОВ,
раиси кумитаи идораи
замини шаҳри Кӯлоб 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2015    №: 129    Мутолиа карданд: 902
07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед