logo

ҳуқуқ

НИГАРОНИИ Р. НАЗАРЗОДА АЗ ҶАРАЁНИ ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯ

Рустам Назарзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистифодаи маводи нашъаовар аз ҷараёни татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» изҳори нигаронӣ кард.
Генерал - лейтенанти милитсия Рустам Назарзода баъд аз гузориши Шерғозӣ Содатқадамов, муовини сардори Ситоди агентӣ вобаста ба натиҷаҳои санҷиши фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор аз камтаваҷҷуҳии субъектҳои Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори нороҳатӣ намуда, аз фаъолияти гурӯҳи кории агентӣ оид ба санҷиши фаъолияти сохторҳои марбутаи давлатӣ низ интиқод кард.
7 июл дар  бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, роҳбарияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистифодаи маводи нашъаовар баргузор гардид.
Зикр шуд, ки Агентии назорати маводи нашъаовар ба ҳайси мақоми пешбари сиёсати давлатӣ дар амри мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муваззаф аст, ки ҳамоҳангии вазорату идора ва дигар ниҳодҳои давлатиро дар роҳи татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» таъмин созад. Ба ин манзур, зери назари Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар агентӣ гурӯҳи вижаи корӣ ҷиҳати анҷом додани санҷиши фаъолияти вазорату идораҳо таъсис шудааст.
Тавре дар гузориши Шерғозӣ Содатқадамов зикр шуд, натиҷаи санҷишҳо дар баробари дастоварду пешрафтҳо, як қатор камбудиву норасоиҳоро низ ошкор кардааст. Чунончи, дар бархе вазорату идораҳо, ки субъектҳои стратегия ба ҳисоб мераванд, то кунун нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи ин ҳуҷҷат таҳияву мавриди амал қарор нагирифтаанд. Дар ин робита, аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ном бурда шуд, ки то кунун дар он нақша - чорабинии вижае оид ба татбиқи стратегия рӯи даст гирифта нашудааст.
Р. Назарзода дар иртибот ба мавҷудияти камбудиҳо гурӯҳи кории агентиро айбдор кард, ки  мушкилоти ҷойдошта ва камбудиҳои ошкоршударо бо роҳбарияти аввали сохторҳои давлатӣ дар миён намегузоранд. Ё билфосила баъд аз ҷамъбасти санҷишҳо оид ба камбудиҳои ҷодошта санадҳои зарурӣ тартиб намедиҳанд, ки дар натиҷа боиси камтаваҷҷуҳии  масъулони вазорату идораҳо ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо гардидааст. Ӯ дар хитоб ба кормандони агентӣ гуфт: «Мо натавонистем  назоратро ҷиҳати татбиқи стратегия дуруст ба роҳ монем. Аз ин рӯ, бо гузашти ду сол аз оғози иҷрои стратегияи миллӣ то кунун натиҷаҳои хубе ба даст наомадаанд».
Рустам Назарзода бо ишора ба бетаваҷҷуҳии бархе роҳбарони вазорату идораҳо дар самти татбиқи  стратегияи миллӣ ҳушдор дод, ки ин ҳуҷҷат бо Фармони Президенти мамлакат тасдиқ шуда, иҷрои бечунучарои он амри ногузир аст.
Ҳадафи асосии «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» коҳиши паҳншавӣ ва муомилоти ғайриқонунӣ, истифодаи ғайритабии маводи нашъаовар, ҳифзи солимии аҳолӣ, ҷомеа ва давлат, инчунин таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо ин падидаи номатлуб аст. Бинобар ин, ҳар нафари масъул бояд дар ин самт рисолату уҳдадориҳои худро дуруст иҷро намояд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.07.2015    №: 139    Мутолиа карданд: 1019

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед