logo

ҳуқуқ

ШӮРОИ АДЛИЯ: БАҲСҲОИ ОИЛАВӢ 903 АДАД ЗИЁД ШУДААНД

- Дар нимсолаи аввал ба судҳои ҷумҳурӣ 7869 ариза оид ба баҳсҳои гражданӣ ворид шуда, аз онҳо 6192 парванда баррасӣ гардид, - иброз дошт Дӯстмурод Муродзода, раиси Шӯрои адлия, дар нишасти матбуотӣ. Вобаста ба баҳсҳои оилавӣ 17815 парванда баррасӣ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 903 адад зиёд аст.
Вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» судҳо 5800 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ карданд.
Ба гуфтаи раиси Шӯрои адлия, натиҷаи омӯзиш ва таҳлилҳо собит сохтанд, ки дар самти ташвиқу тарғиби қонунҳо низ судҳо дар фаъолияти худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар мурофиаҳои сайёри судӣ 5981 парванда баррасӣ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 726 адад зиёд мебошад.
Дар давраи сипаришуда судҳо ба фоидаи давлат ба маблағи умумии 28840 ҳазор сомонӣ, 41 ҳазор доллар ва 20 ҳазор рубл боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи молу мулк бо маблағҳои пулӣ ва товони зарар рӯёнданд.
Бо назардошти малакаи касбӣ ва собиқаи корӣ бо пешниҳоди Шӯрои адлия дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо Фармони Президенти мамлакат 54 нафар ба вазифаи судя (аз ҷумла, 49 нафар бори аввал) таъйин гардид.

Мунаввари САФАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.07.2015    №: 139    Мутолиа карданд: 712

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед