logo

ҳуқуқ

ИЗҲОРОТИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 
Вақтҳои охир дар васоити ахбори омма муроҷиатҳои роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар хусуси мавриди таъқибу фишори мақомоти давлатӣ қарор гирифтани ҳизби мазкур ва аъзои он ба нашр расида истодаанд. Аз ҷумла, дар муроҷиати Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 15 июни соли 2015 ва номаи роҳбарияти он ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ, Иттиҳоди Аврупо ва роҳбарони як қатор давлатҳо, аз 1 июли соли 2015, зикр шудааст, ки талабот ва меъёрҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон поймол гардида истодаанд.
Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, аз 27 июни соли 1997, ки 7 протокол ва 1 низомномаро дар бар мегирифт, пурра иҷро шудааст. Дар асоси созишномаи мазкур намояндагони Иттиҳоди неруҳои мухолифин ба ҳайати роҳбарикунандаи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ворид шуданд. Қисме аз онҳо бо расидан ба синни муайян ба нафақа рафта, қисми дигар, ки дорои қобилияту касбияти зарурӣ мебошанд, то ҳол дар мансабҳои гуногуни давлатӣ адои вазифа менамоянд. Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон ва дигар ҳизбу созмонҳое, ки фаъолияташон дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ манъ гардид, аз нав ба фаъолият шурӯъ намуданд. Даҳҳо ҳазор гуреза аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар давлатҳои ҳамсоя ба Тоҷикистон баргардонда шуданд. Танҳо дар давоми се соли баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз аҳолӣ 8152 адад силоҳи оташфишон гирифта шуд. Дар асоси Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 1 августи соли 1997 5365 нафар аъзои Иттиҳоди неруҳои мухолифин, ки дар ин муқовиматҳо иштирок доштанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуданд.
Дар муроҷиатҳои худ Шӯрои сиёсии ҲНИТ зикр намудааст, ки ҳизб солҳои охир зери таҳқиру фишори ниҳодҳои давлатӣ қарор гирифта, барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои он мақомоти ваколатдори давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд. Ин исрори роҳбарияти ҲНИТ воқеият надошта, муроҷиатҳои намояндагони ҳизби номбурда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷааш ҷавобҳои расмӣ гардонда шудаанд.
Аз ҷумла, 25 апрели соли 2015 ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон У. Ҳисайнов бо аризаи хаттӣ оид ба зери таҳқиру фишори мақомоти давлатӣ қарор гирифтани аъзои ҳизб муроҷиат намуд. Аризаи мазкур мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор гирифта, дар рафти он бо аъзои ҲНИТ ва шахсоне, ки гӯё зери фишори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор гирифтаанд, суҳбат гузаронда шуда, шахсони мазкур ҳолати зери таъқиб ва фишор қарор гирифтани худро қатъиян рад намуданд. Аз натиҷаи санҷиш 25 майи соли 2015 ба муаллифи муроҷиат ҷавоби муфассали хаттӣ ирсол шуд.
Дар муроҷиати Шӯрои сиёсии ҲНИТ, инчунин, аз кашида гирифтан ва тахриб намудани моликияти ҳизбӣ ва шахсии аъзои он сухан равад ҳам, барои тасдиқи ин гуфтаҳо ягон ҳолати мушаххас ё худ далели аниқ оварда нашудааст. Дар баробари ин, муайян гардид, ки роҳбарони ҳизби номбурда ба қонуншиканиҳои зиёди молумулкӣ ва азони худ намудани моликияти давлатӣ роҳ додаанд. Хусусигардонӣ ва тақдири минбаъдаи беморхонаи сохтмонаш нотамоми касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе барои 500 кат мисоли ин гуфтаҳо мебошад.
Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ беморхонаи мазкурро ғайриқонунӣ, бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” хусусӣ гардонда, заминҳои ин иншоотро ба масоҳати 10 гектар, ки мақсаднок барои сохтмони муассисаи тандурустӣ ҷудо шудааст, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба 8 нафар шаҳрванд дар асоси шартнома ҳадя намудааст. Дар навбати худ онҳо дар давоми солҳои 2009-2010 қитъаҳои замини мазкурро ба 95 шаҳрванд ҳамчун замини наздиҳавлӣ бо нархи аз 1500 то 2000 доллари ИМА барои ҳар як 0,01 га, фурӯхта, аз ин ҳисоб маблағи зиёда аз 150 000 доллари ИМА - ро ба Муҳиддин Кабирӣ додаанд. Ҳол он ки мувофиқи моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, хариду фурӯши он манъ аст. Бинобар ин, бо ҳалномаи Суди ноҳияи Рудакӣ, аз 16 апрели соли 2015, натиҷаи савдои иншооти мазкур, санаду аҳдҳо вобаста ба хусусигардонӣ ва шартномаҳои ҳадя беэътибор дониста шуданд.
Ваҷҳҳои роҳбарияти ҲНИТ оид ба таъқиби беасоси аъзои ҳизб низ асоси воқеӣ надоранд. Лозим ба ёдоварист, ки тибқи моддаи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун ва суд баробар буда, яке аз принсипҳои қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ногузирии ҷавобгарӣ мебошад. Аз ин рӯ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки нисбат ба ҳар шахси ҷиноятсодиркарда, сарфи назар аз узвияти ҳизбиаш, чораҳои қонунӣ андешанд ва ҳуқуқ надоранд, ки танҳо ба хотири аъзои ин ё он ҳизб будани шахс, ӯро аз ҷавобгарӣ озод намоянд.
Маълумоти мавҷуда нишон медиҳад, ки танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои гуногун содир намуда, нисбат ба 34 нафари онҳо қарорҳои ниҳоии судӣ қабул гардидаанд. Аз ин, нисбат ба 22 нафаре, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир намудаанд, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шудааст. Аз ҷумла, дар ин давра 17 нафар аъзои ҲНИТ бинобар даст доштан ба ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Масалан, тафтиши куштори 25 нафар хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Рашт, соли 2010, аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Ҷамъияти “Ансоруллоҳ” таҳти роҳбарии Аловуддин Давлатов, бо тахаллуси “Алии Бедакӣ” ва Абдулло Раҳимов, бо тахаллуси “Мулло Абдулло” нишон дод, ки раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Ҳусниддин Давлатов ба ин иттиҳоди террористӣ шомил гардида, ҳангоми ба гурӯҳи мазкур дастрас намудани моддаҳои кимиёвӣ барои омода сохтани воситаҳои тарканда дастгир шудааст. Номбурда бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе, аз 21 январи соли 2011, барои иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардид.
 Ё ин ки раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамхудоев ба иттиҳоди муташаккили ҷиноятӣ шомил ва моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ иштирок намуда, бо истифодаи силоҳи оташфишони тамғаи “Калашников” ва норинҷак ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок нишон дод. Бинобар ин, номбурда бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 10 майи соли 2013, дар ташкили бетартибиҳои оммавӣ, иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон ва истифодаи зӯроварии ба ҳаёт хавфнок нисбат ба намояндаи ҳокимият гунаҳкор дониста, ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Сабзалӣ Маҳмадризоев 24 июли соли 2012 ҳангоми ҳамлаи яроқнок ба намояндагони ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба ҳалокат расида, аз ӯ автомати тамғаи “Калашников” ва таппончаи “Макаров” гирифта шуд. Ё ин ки аъзои фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Мукаррамхуҷа Шарипов, Муссаямхуҷа Шарипов ва Абдумубин Турсунов январи соли 2008 фаъолони ташкилоти террористии “Ҳизби исломии Туркистон” Абдуфаттоҳ Қаюмову Абдухолиқ Бобоевро, ки бо яроқҳои оташфишон мусаллаҳ буданду барои содир намудани куштори афсари милитсия ва як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, чанд шабонарӯз дар манзили истиқоматиашон нигоҳ дошта, бо ҷойи хоб ва хӯрок таъмин намуда, худ ба ин иттиҳоди ҷиноятӣ шомил шудаанд. 6 ноябри соли 2009 Шариповҳо ва А.Турсунов дастгир ва бо ҳукми Суди вилояти Суғд маҳкум гардиданд.
Дигар ҷиноятҳои содирнамудаи аъзои ҲНИТ ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, оила ва ноболиғон, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ равона шудааст. Чунин ҷиноятҳоро ҳатто намояндагони ҳайати роҳбарикунандаи ҲНИТ, ба монанди узви Шӯрои Раёсати Олӣ ва раиси шуъбаи илм, фарҳанг ва таблиғоти ҲНИТ Саид Иброҳими Назар ва дигарон содир намудаанд.
Мушовири раиси ҲНИТ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва дар як вақт узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Маҳмудов бошад, бо маслиҳати пешакӣ бо гурӯҳи шахсон яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва воситаҳои таркишро ба миқдори калон солҳои тӯлонӣ ғайриқонунӣ нигоҳ доштааст, ки онҳо 9 феврали соли 2015 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарёфт ва мусодира гардиданд. Номбурда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Ҳарчанд ҳолатҳои ба фисқу фуҷур ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ даст задани аъзои ҳизб зиёд бошанд ҳам, роҳбарияти ҲНИТ ягон нафари онҳоро барои ин аъмоли нанговарашон аз сафи худ хориҷ ва расман маҳкум накардааст. Ягон маротиба оид ба ифротгароӣ ва зарурати муқовимат бо терроризм, ки аз масъалаҳои доғи ҷомеа мебошад, изҳорот пахш накарда, дар ин хусус байни аҳолӣ, бахусус, ҷавонон чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ доир нанамудааст. Ин беамалӣ аз ризояти хомӯшонаи роҳбарияти ҲНИТ ба амалҳои номатлуби аъзои ҳизб ва ҳамраъйӣ бо созмонҳои ифротгаро шаҳодат медиҳад.
Табиист, ки ҳолатҳои номбурда, инчунин, канорагирӣ аз иштирок дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, тарбияи аҳолӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ба ҷиноят ва дигар амалҳои номатлуб даст задани роҳбарон боиси тадриҷан коста гардидани мақоми узвият дар ҲНИТ ва сафҳои онро ихтиёран тарк намудани аъзояш гардид. Ҳамаи ин сабаб гашт, ки дар интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 марти соли 2015, ба ҲНИТ ҳамагӣ 1,5 фоиз интихобкунандагон раъй доданд, ки аз паст рафтани нуфузи ҲНИТ ва аз даст додани мавқеи он дар ҷомеа шаҳодат медиҳад. Раванди хориҷшавии аъзои ҳизб аз сафҳои он идома дошта, ҲНИТ мақоми ҳизби сиёсиро, ки шарти мавҷудияташ тибқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” доштани аъзо дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад, аз даст додааст.
Бояд хотиррасон кард, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон санади таърихии миллат буда, ҲНИТ ҳуқуқи таҳти суол қарор додани натиҷаҳои онро надорад. Зеро, созишномаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на бо Ҳизби наҳзати исломӣ, балки бо Иттиҳоди неруҳои мухолифини Тоҷикистон, ки ғайр аз ҲНИТ, ҳамчунин, аз намояндагони Ҳизби демократии Тоҷикистон, Маркази ҳамоҳангсозии неруҳои демократии Тоҷикистон, созмони “Лаъли Бадахшон” ва намояндаи муҳоҷирони тоҷик иборат буд, ба имзо расонда шудааст.
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меҳисобад, ки муроҷиати Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳодҳои байналмилалӣ ва сарони кишвар-ҳои  кафил  амали  ҳангомаҷӯёна  буда, хуб мешуд,  ки роҳбарияти ҳизб  сабаби нокомиҳои худро дар сиёсати пешгирифтааш ва амалу рафторҳои  аъзои хеш ҷуста, аз пахши чунин изҳоротҳои беасос худдорӣ менамуд.  

 8 июли соли 2015


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2015    №: 141    Мутолиа карданд: 879

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед