logo

сиёсат

ҲНИТ ҲУҚУҚИ АНҶОМ ДОДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ДИНИРО НАДОРАД

Изҳороти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вақтҳои охир Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма ва интернет маъракаи шадиди иттилоотӣ бо мақсади ташаккули нақши «ҳизби зери фишор қарордошта» - ро пайгирӣ намуда истодааст. Бо ин мақсад Раёсати Олии ҲНИТ ба созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷудогона муроҷиатномаҳои хешро низ ирсол намуд.
Воқеияти мазкур боиси вокуниши ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, мақомоти давлатӣ ва ашхоси ҷудогона гаштааст. Бо вуҷуди ин, ҲНИТ мавқеи онҳоро яктарафа баҳогузорӣ намуда, ғаразҳои хешро идома дода истодааст.
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи баъзе аз нуктаҳои дар расонаҳо паҳнгардида лозим медонад изҳороти мазкурро эълон дорад.
 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 декабри соли 1991 ба қайди давлатӣ гирифта шуда буд. Пас аз даргириҳои солҳои 90-уми асри ХХ фаъолияти ҲНИТ бо сабаби фаъолияти зиддиконститутсиониаш бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 21 июни соли 1993, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардид. Танҳо баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи созишҳои бо Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик бадастомада бо қарори Президиуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз 12 августи соли 1999, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ аз нав иҷозат дода шуд.
 Имрӯз ҲНИТ ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 27 июни соли 1997, (минбаъд – Созишномаи умумӣ) рӯ оварда, нуктаҳои онро ғаразнок шарҳ дода истодааст. Бояд хотиррасон намуд, ки тибқи Созишномаи умумӣ санадҳои зерин қисми таркибии он эътироф шудаанд:
- Протокол дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, аз 17 августи соли 1995;
- Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ, аз 18 майи соли 1997;
 - Созишномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ оид ба ҷамъбасти вохӯриашон дар Маскав, аз 23 декабри соли 1996;
- Протокол «Дар бораи вазифа ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ», аз 23 декабри соли 1996;
- Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ, аз 21 феврали соли 1997;
 - Протоколи иловагӣ ба Протокол «Дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ», аз 21 феврали соли 1997;
 - Протоколи масъалаҳои низомӣ;
- Протокол оид ба масъалаи гурезаҳо, аз 13 январи соли 1997;
- Протокол дар бораи кафилони татбиқи Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, аз 28 майи соли 1997.
Тибқи санадҳои мазкур ҷониби гуфтушуниди байни тоҷикон ва Созишномаи умумӣ ба ном «Иттиҳоди мухолифини тоҷик» мебошад, на Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон. Хотиррасон менамоем, ки ҳангоми музокироти байни тоҷикон фаъолияти ҳизби мазкур бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 21 июни соли 1993, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  қатъ шуда буд.
Дар Созишномаи умумӣ ва санадҳои таркибии он ягон уҳдадории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳизбу ҳаракатҳое, ки ба «Иттиҳоди мухолифини тоҷик» шомил буданд, пешбинӣ нагардидааст.
Гузашта аз ин, мувофиқи Созишномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ оид ба ҷамъбасти вохӯриашон дар Маскав, аз 23 декабри соли 1996 (замимаи 3 Созишномаи умумӣ) ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки «дар тӯли 12-18 моҳи баъди имзои Созишномаи мазкур бояд гуфтушуниди байни тоҷикон ва татбиқи созишномаҳое, ки дар рафти он имзо мешаванд, ба анҷом расонида шавад». Яъне ҷонибҳо муҳлати татбиқи созишҳоро низ муайян намуда буданд.
Бо ин мақсад Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуда, «Протокол дар бораи вазифаҳо ва ваколати асосии Комиссияи оштии миллӣ» ба  имзо расид. Тибқи протоколи мазкур Комиссияи оштии миллӣ барои давраи гузариш таъсис дода шуда, баъди даъвати парламенти нав ва ташаккули мақомоти роҳбарии он фаъолияти комиссия қатъ мешавад.
Татбиқи ислоҳоти конститутсионӣ, қабули як қатор қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баргузории интихоботи парламенти нав, иҷрои дигар нуктаҳои Созишномаи умумӣ ва санадҳои таркибии он ва ниҳоят қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ далолати иҷрои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Гуфтушуниди байни тоҷикон ва татбиқи Созишномаи умумиро ҳамчун як марҳалаи таърихии инкишофи Тоҷикистон, маҳсули хиради азалии халқи тоҷик, рӯйдоди муҳими таърихию сиёсӣ, ки давлату миллати тоҷикро аз вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ баровардааст, бояд баҳогузорӣ  намуд. Ба ҳеҷ ваҷҳ Созишномаи умумӣ набояд ба манфиати ғаразноки гурӯҳҳои ҷудогона истифода гардад.
Имрӯз тамоми ҳизбу ҳаракатҳо дар фазои ҳуқуқӣ фаъолият карда, масъалаҳои бавуҷудомадаро бояд дар доираи қонунгузории амалкунанда ҳаллу фасл намоянд. Ягон давлат ва ё созмонҳои байналмилалӣ ҳуқуқи мудохила ба масъалаҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надоранд.
Бо мақсади дастрасӣ ба ғаразҳои хеш ҲНИТ зери шиори ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ба як қатор давлату созмонҳои байналмилалӣ «барои мудохила ба вазъияти Тоҷикистон» муроҷиат намудааст. Бешубҳа, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқи инсон маҳакҳои эътирофгардидае мебошанд, ки давлат асоси фаъолияти меъёрэҷодкунӣ ва ҳуқуқтатбиқкунии хеш медонад. Тибқи моддаи 5 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ буда, давлат онро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Бо вуҷуди ин, вақтҳои охир мо шоҳиди он гашта истодаем, ки дар арсаи байналмилалӣ ғояи «ҳифзи ҳуқуқи инсон» ба муқаддасоти дигар - Истиқлолияти давлатӣ муқобил гузошта мешавад. Баъзе давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ «бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи инсон» Истиқлолияти давлатиро сарфи назар карда, ба масъалаҳои дохилии давлатҳои соҳибистиқлол мудохила менамоянд ва натиҷаи чунин иқдомотро мо дар мисоли давлатҳои араб ва баъзе давлатҳои дигар мушоҳида менамоем.
Бешубҳа ҳуқуқи инсон соҳаи манофеи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, вале муносибати субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар ин самт ҳатман дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ бояд сурат гирад. Умед дорем, ки ҲНИТ оқибати амалҳои хешро дарк менамояд.
Бо вуҷуди он ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба сифати ҳизби характери динидошта фаъолият менамояд, он ташкилоти динӣ набуда, ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти диниро надорад. Мутобиқи қисми 9 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҳуқуқи таблиғотии оммавии диниро танҳо иттиҳодияҳои динӣ доранд. Вале ҲНИТ ба қонуншиканӣ дар ин самт роҳ дода, ғайриқонунӣ расму ойин ва маросимҳои динӣ, таблиғоти оммавии диниро анҷом медиҳад, ки боиси чораҳои эътиноии мақомоти давлатӣ гашта истодааст.
Тибқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» мақсади асосии ҳизб иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккули иродаи сиёсии шаҳрвандон мебошад.  Дар ин самт шабоҳати ҲНИТ бо ташкилоти динӣ ғайриқонунӣ мебошад, зеро мақсадҳои ташкилоти динӣ аз ҳизби сиёсӣ тафовут доранд. Аммо ҲНИТ бо ҳар роҳу усулҳо дар фаъолияти хеш дар самти ташаккули иродаи сиёсии шаҳрвандон аз дини мубини ислом истифода намуда, шаҳрвандонро оид ба вазъи ҳуқуқии хеш ба гумроҳӣ мебарад.
 Ҳатто дар муроҷиатҳояш ҲНИТ худро дар қатори рӯҳоният ва масҷид номбар карда, ба ном ҳифозатгари манофеи дин баромад менамояд. Маҳз ин амалҳои ҲНИТ метавонанд ба сиёсигардонии ислом дар ҷумҳурӣ оварда расонад. Нигаронии ҷомеаи динии ҷумҳурӣ аз амалҳои ҲНИТ аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Дар баробари ин, ҲНИТ ягон маротиба ҳизбу ҳаракатҳои динии экстремистиро, ки фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст, маҳкум ва                                                    мавқеи хешро оид ба чунин ташкилотҳо, ба мисоли  «Давлати исломӣ» равшан муайян накардааст.
Дар фаъолияти худ ҳизбҳои сиёсӣ бояд роҳу усулҳои қонунии ташаккули иродаи сиёсии ҷомеаро истифода бурда, ба низоъ, иғво, таҳдид ва ҷудоиандозӣ роҳ надиҳанд, ризоияти ҷамъиятӣ ва суботи сиёсиро дар кишвар халалдор насозанд. Аммо муроҷиатҳои ҲНИТ саропо аз туҳмат нисбат ба мақомоти давлатӣ иборат мебошад, ки гӯё маҳз фаъолияти онҳо «сарчашмаҳои рушди экстремизму терроризм» буда, «мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ» омили аслии бештар гаштани «рӯҳияи ифротгароӣ байни ҷавонон» мегардад. Нодида гирифтани кӯшишҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ва бо ин мақсад рушди муносибатҳои мутақобила бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷудогона, эътирофи ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ба инобат нагирифтани омилҳои объективие, ки ба иқтисодиёти кишвар таъсир мерасонанд шаҳодати ғаразҳои ҲНИТ дар ноором гардондани вазъ ва суботи ҷомеа мебошанд.
Бо вуҷуди таъсири манфии буҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда, дар тӯли даврони истиқлолият Ҳукумати ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки нодида гирифтани он аз ҷониби ҲНИТ аз рӯи адолат нест. Дар ин давра рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна зиёда аз 7 фоиз таъмин гардид ва ҳаҷми он то ба 45,6 миллиард сомонӣ дар соли 2014 расонда шуд. Даромади буҷети давлатӣ низ сол ба сол афзоиш ёфта, аз 43,2 миллион сомонии соли 1992 то ба 15,3 миллиард сомонии нақшавӣ дар соли 2015 баробар гардид, ки нисбат ба соли 1992 ин нишондиҳанда 353 баробар зиёд мебошад. Дар даврони истиқлолият Ҳукумат даҳҳо неругоҳи хурду бузург ва марказҳои барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 1020 мегаватт сохта, мавриди истифода қарор дод. Дар ин давра сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 86,6 фоиз ба 32 фоиз паст гардид.
Бо таъкид изҳор намуданием, ки Ҳукумати кишвар ба чораҳои то ба ҳол татбиқшуда маҳдуд нагардида, баръакс ҷиҳати беҳтар намудани соҳаҳои маорифу тандурустӣ, бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушду тараққиёти Ватани азизамон талошҳои ҷиддиро роҳандозӣ менамояд. Агар ҲНИТ мақсади «ифшои» нокомии Ҳукумати мамлакатро дошта бошад, ба он мебоист на дар асоси як воқеияти нангин ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва вазъи сиёсиву иқтисодии кишвар баҳо дод, балки таҳлилҳои воқеии иқтисодиву иҷтимоии кишварро пешниҳод менамуд. Аммо мақсади ҲНИТ на дар пешниҳоди таҳлили воқеӣ, балки бо ҳар роҳ паст задани давлат ва барангехтани низоъ миёни ҷомеа мебошад.
Вақтҳои охир ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи қарорҳои сохторҳои маҳаллии ҲНИТ оид ба қатъи фаъолияти онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ворид мегарданд, ки нусхаи асосиашон ба Раёсати Олии ҲНИТ ирсол гардида, аъзои ҳизб аз ҲНИТ баромада истодаанд. Бо вуҷуди ин Раёсати Олии ҲНИТ ин санадҳоро бо баҳонаи «зери фишор қабулгардида» эътироф накарда, аризаи аъзои ҳизбро, ки хоҳиши хориҷ шудан аз онро доранд, бе баррасӣ мондааст.
Ин амали ҲНИТ ба моддаи 28 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зид мебошад, ки тибқи он шаҳрванд ҳақ дорад ихтиёран ба ҳизбҳои сиёсӣ дохил ва аз онҳо хориҷ гардад. Илова бар ин, воқеияти мазкур хилофи талаботи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва сархати аввали банди 2.4 Оинномаи ҲНИТ низ ҳастанд.
Дар бораи қисматҳои дигари муроҷиати ҲНИТ оид ба ҷой доштани поймолкунии ҳуқуқҳои қонунии ҳизб ва аъзои он бояд зикр кард, ки дар он ягон факти воқеӣ ё далели мӯътамад оварда нашуда, даъвоҳои ҲНИТ ба тариқи умумӣ дарҷ гардидаанд.
Агар сухан дар бораи баъзе парвандаҳои ҷудогонаи гражданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ бо иштироки ҳизб, роҳбарият ва аъзои он равад, онҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда ҳаллу фасл гаштаанд ва минбаъд дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд ва мардум ҳама аз он бояд иттилоъ дошта бошанд. Қонунгузории мурофиавӣ тартиби ҳалли ин гуна парвандаҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни мурофиаро муайян намудааст. Ҳангоми норозӣ будани ҳизб аз натиҷаи баррасии парвандаҳо он метавонад аз ҳуқуқҳои мурофиавии хеш истифода намояд.
Оид ба нуктаҳои дигари мавқеи ҲНИТ овардани иқтибос аз моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» кофист. Тибқи он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва устувории сиёсӣ дар мамлакат, рушду устувории иқтисодиёти кишвар, иҷрои бечунучарои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи манфиатҳои миллии хеш ва арзишҳои олӣ - истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ пайгирона фаъолият карда, новобаста аз таҳдидҳои дохилию хориҷӣ чораандешӣ менамояд.


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2015    №: 146    Мутолиа карданд: 772
03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед