logo

ҳуқуқ

ИСТАРАВШАН. КОМИССИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ФАЪОЛ НЕСТАНД

Прокуратураи шаҳри Истаравшан ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар нимсолаи аввали соли равон мавриди санҷиш ва таҳлил қарор дод.

Тибқи талаботи моддаи 4-и қонун роҳбарони идора, ташкилоту муассиса ва корхонаҳое, ки на камтар аз 30 нафар корманд доранд, сарфи  назар аз шакли моликият, оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо  комиссияи ҷамъиятӣ таъсис дода, фаъолияташонро мувофиқи қонуни  мазкур ба роҳ мемонанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки то ҳол на дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳои шаҳри Истаравшан комиссияҳои ҷамъиятӣ ташкил шудаанд. Гузашта аз ин, комиссияҳои ҷамъиятии аксар ташкилоту корхонаҳо дар риояи талаботи қонуни танзим нақши муассир надоранд. Баъзе аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ уҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташударо иҷро накарда, ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ягон санҷишу рейди мақсаднок нагузарондаанд. Бархе дар бораи вазифаи ба зимма доштаашон ҳатто тасаввурот надорад.
Бефаъолиятии комиссияҳои ҷамъиятӣ боз дар он зоҳир мегардад, ки аз ҷониби онҳо ягон ҳолати вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ ошкор нашудааст. Дар ин давра 13 қонуншиканӣ, аз ҷумла, 8-то аз тарафи прокуратураи шаҳр ва 5 -то аз ҷониби мутахассисони бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ошкор шуданд.
Боиси нигаронист, ки шахсони масъули комиссияҳо оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ба ҷойи қонуншиканиҳоро пешгирӣ кардан, худ даст ба ҷиноят задаанд. Чунончӣ, Каримбердӣ Иброҳимов, сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷамоати деҳоти Ҷавкандак, бе бастани ақди никоҳ дар шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, духтари ноболиғ Б. Зиёеваро келин кардааст. Оид ба ин ҳолат аз тарафи Прокуратураи шаҳри Истаравшан нисбат ба К. Иброҳимов бо моддаи 168 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурда бо ҳукми суд маҳкум шуд.
Мутобиқи талаботи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” хатнасур ба таври ихтиёрӣ дар як рӯз бо иштироки то 60 нафар танҳо дар доираи як чорабинӣ бо харҷи кам бояд гузаронда шавад. Аммо ин талаботи қонун аз ҷониби Дунёбек Файзуллоев, сокини деҳаи Боғи Калони шаҳри Истаравшан, риоя нашуда, номбурда хатнасури писарашро 18 апрели соли равон дар хонаи истиқоматиаш бо иштироки зиёда аз 130 нафар гузарондааст.
Мувофиқи талаботи моддаи 10-и қонуни мазкур тӯйи домодию арусӣ бо додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду  ҷониб гузаронда мешавад. Ин талаботи қонунро Тағо Муъминов, сокини шаҳри Истаравшан, риоя накарда,16 майи соли ҷорӣ оши тӯйи домодиву арӯсии додарашро бо иштироки зиёда аз 400 нафар баргузор намудааст. 
Мувофиқи талаботи моддаи 14-и қонуни номбурда маъмурияти қаҳвахона, ошхона, тарабхона ва тӯйхонаҳо ҳангоми  баргузории  тӯю  маъракаҳо  муқаррароти қонуни танзимро бояд вобаста ба шумораи даъватшудагон риоя намоянд. Аммо дар ҷараёни санҷиш муайян шуд, ки Баҳрулло Мухторов, роҳбари тӯйхонаи “Муҳаббат”, талаботи қонунро вобаста ба шумораи даъватшудагон дар маъракаи шаҳрванд Ғиёс Яъқубов риоя накарда, дар тӯяш зиёда аз 400 нафар иштирок кардааст.  Чунин қонуншиканиҳо қаблан дар фаъолияти тӯйхона ва тарабхонаҳои “Азамат”, “Зарҳалол”, “Гулдаста”, “Ситораи Шарқ” низ ошкор шуда буданд. Нисбат ба ҳамаи қонуншиканон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба Суди шаҳри Истаравшан фиристода шуданд.
Таҳлилҳои гузарондаи Прокуратураи шаҳри Истаравшан нишон доданд, ки ғайр аз қонунвайронкуниҳои зикршуда аз ҷониби сокинони шаҳр дар вақту рӯзҳои ғайримуқаррарӣ гузарондани маъракаҳо, мисли арӯсбинон, рӯзҳои таваллуд, ташкили маъракаҳои ҳоҷиталбон ва ҳоҷиошӣ,  оростани зиёфати расмӣ ба  муносибати таъйин шудан ба вазифаи давлатӣ, гирифтани мукофоти давлатӣ ҷой доранд. Мутаассифона, аъзои комиссияҳои доимии шаҳрӣ ва ҷамоатҳои деҳот, раисони кумитаи маҳаллаҳо, кумитаи деҳа, роҳбарони корхонаву ташкилот аз ин масъала худро дар канор гирифта, қонуншиканиҳоро дидаву дониста пешгирӣ намекунанд.

Ҳусейн ДАВЛАТЗОДА,
прокурори шаҳри
Истаравшан,

Сайфулло МАҲКАМОВ,
рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.2015    №: 148    Мутолиа карданд: 715

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед