logo

ҳуқуқ

ҲАЛОКАТИ 150 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР СУРИЯ

Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 88 нафар аъзои гурӯҳҳои террористиву экстремистии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ансоруллоҳ, «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия», «Ҷабҳат-ан-нусра» ва «Давлати исломӣ» барои содир намудани 133 амали ҷиноятӣ дастгир гардиданд. Ҳамзамон, 100 нафари дигар дар ҳайати 12 гурӯҳи муташаккил, ки 208 ҷиноят содир кардаанд, боздошт шуданд.
Ин матлабро Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ ироа намуд. Ба гуфти ӯ, дар ин давра 415 ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ошкор гаштааст, ки бо мақсади халалдор гардидани амнияти давлату миллат ва таҳдид ба ҳаёти шаҳрвандон равона гардида буданд.
Бино ба иттилои Рамазон Раҳимзода, бо мақсади ошкор ва муайян намудани шахсият ва шумораи шахсоне, ки айни замон дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ иштирок доранд, аз ҳисоби кормандони пуртаҷрибаи мақомоти корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ таъсис ёфтааст. Тибқи маълумоти ситоди мазкур, ҳоло 519 нафар шаҳрванди Тоҷикистон шомили гурӯҳҳои ифротӣ гардида, дар низоъҳои мусаллаҳона дар давлати Сурия иштирок доранд. Аз ин шумора 150 нафар ба ҳалокат расида, 35 нафар ба Ватан баргардонда шудааст.
Додоҷон РӮЗИЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2015    №: 151    Мутолиа карданд: 825

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед