logo

ҳуқуқ

ТЕРРОРИЗМ ВА ҶАВОНОНИ ФИРЕБХӮРДА

Ҷомеаи башарӣ дар асри ХХI ба проблемаи терроризм ва ифротгароӣ рӯ ба рӯ гашт. Ин зуҳурот бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба инсоният таҳдиду хатарҳои зиёдеро эҷод карда истодааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ дар иртибот ба ин масъала таъкид кард, ки: «терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадоранд, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, тадбирҳои иловагӣ андешанд».
Пӯшида нест, ки дар натиҷаи амалҳои террористӣ ҳар рӯз даҳҳо инсони бегуноҳ қурбон гардида, мавзеъҳои муқаддас сӯхта, ба харобазор табдил дода мешаванд. Аслан, ин неру аз ҳисоби ҷавонони дигар кишварҳо сафҳои худро пур мекунад. Роҳбарони гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ба ҷавонони гумроҳ ваъдаҳои зиёди пулию молӣ дода, онҳоро ба коми оташ тела медиҳанд. Вале бо итминон метавон гуфт, ки рӯзе ин «неруи тавоно» ба шикаст мувоҷеҳ мегардад. Зеро иқтидори он муваққатист. Дар ин самт ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд муборизаи дастаҷамъона барад. Дар байни ҷавонон роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ба ин васила пешгирии гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ бояд дар меҳвари фаъолиятамон қарор гирад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе аз созмонҳои террористӣ, назири «Таблиғ», «Ал - Қоида», «Салафия» дар ҷумҳурӣ фаъолияти таблиғотӣ бурда, сокинони кишварро барои пайвастан ба сафҳои худ ва иштирок дар муҳорибаҳои ҷангӣ дар шимоли Покистон, Афғонистон, Сурия ва Ироқ ташвиқ мекунанд. Бо ҳукмҳои судӣ баъзе аъзо ва иштирокчиёни ин созмону ҳаракатҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, маҳкум шуданд. Бо вуҷуди он, иштироки шаҳрвандони кишвар дар муқовиматҳои мусаллаҳона идома дорад. Гаравидани сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, хоса, “Давлати исломӣ” ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ боиси нигаронист. Онҳо дар муҳорибаҳо ба сифати ҷангиёни пиёданизом истифода шуда, тибқи маълумот чанд нафарашон кушта шудаанд.
Мутаассифона, ҳолатҳои ба таври оилавӣ ба Сурия рафтани сокинони ноҳия низ ҷой дорад. Онҳо, аслан, муҳоҷирони меҳнатие мебошанд, ки дар Русия ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ афтида, ба ин кишвар фиристода шудаанд. Яқин аст, ин гуна ҷавонон, ки саводи кофии динӣ ва дунявӣ надоранду аз назорати падару модар дур мондаанд, бо шунидани мавъизаҳои имомхатибони ифротӣ дар масҷидҳо, муошират бо ҷавонони минтақаҳои ҷангзада зуд ба доми фиреб меафтанд.
Чунончӣ, сокини деҳаи Пахтакор, Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Фатҳиддин Абдураҳимови бистсола, ки соли 2013 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия кор мекард, баъди як сол ба Сурия рафтааст. Вай дар ин кишвар ба ҷамъияти «Ан-нусра”- и “Давлати исломӣ” шомил шуда, то имрӯз дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ иштирок дорад. Бо назардошти он ки дар ҳаракатҳои Ф. Абдураҳимов аломатҳои ҷиноятии дар моддаи 401 дараҷаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда (иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона, амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо) дида мешавад, нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Сокини деҳаи “Истиқлол”- и шаҳраки Мирзо Турсунзода Суҳроб Асомиддинов низ, ки ҷавони бистусесола мебошад, дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи Сурия иштирок дорад. Аз баёноти ҳамсараш Дилором Асомиддинова муайян карда шуд, ки шавҳараш 18 январи соли равон аз хона баромада, баъди сипарӣ шудани ду ҳафта бо ӯ аз хориҷи кишвар дар тамос шуда, хабар додааст, ки бо гузаштани муҳлати муайян бармегардад. Вале, то ба имрӯз барнагаштааст. Модари ҳамсараш- Манзура Давлатова бо духтари ноболиғаш Майрам ба Туркия, сипас, ба Сурия рафтааст, ки аз онҳо низ то ба имрӯз ягон хабар нест.
Кормандони Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ бо волидони 30 нафар сокини ноҳия, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо, аз ҷумла, Сурия иштирок доштанд, дидору гуфтугӯ намуданд. Аз баёноти волидайни онҳо ва маълумотномаи Сармаркази иттилоотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум карда шуд, ки аз соли 2013 бо ҳукмҳои судӣ 7 нафар сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар Сурия ва дигар давлатҳо даст ба ҷиноят задаанд, ҷазо гирифтаанд.
11 феврали соли 2012 бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини деҳаи Сомонии Ҷамоати деҳоти Чимтеппа Алимбек Сатторов бо моддаҳои 187 қисми 2, 306, Маҳмадюнус Сӯфиев бо моддаҳои 179 қисми 3, 187, 189 қисми 3, 195 қисми 2, 195 прим 1, 196, 306 ва Маҳмаднабӣ Сатторов бо моддаҳои 187 қисми 2, 32 қисми 1-306 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 13 ва 24 солӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд. 18 декабри соли 2013 бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини дигари ноҳияи Рӯдакӣ Забиҳулло Холиқов бо моддаи 187 қисми 2 аз озодӣ маҳрум гашт. Сунатулло Эгамов, сокини Ҷамоати шаҳраки Сомониён, кӯчаи Гагарин, дар содир намудани ин қабил ҷиноятҳо гунаҳгор дониста шуда, ҷазои сазовор гирифт.
Вақте мефаҳмем, ки ҷавонони тоҷик фирефтаи ақидаҳои бегона гаштаанд ва ё дар Сурияву Ироқ меҷанганд, беихтиёр ба андеша меравем. Охир ин дард аст, дардест, ки имрӯз аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Мо соҳиби давлати соҳибистиқлолем. Вазифаи ҳар як фарди ватандӯсти кишвар аз он иборат аст, ки ҷавононро барои эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ҳидоят намояд, то дар мустаҳкаму пойдории давлати миллии хеш саҳмгузор бошем. Барои ноил гаштан ба ин ҳадаф зарур мешуморем, ки тарбияи ахлоқии ҷомеа якҷо бо тарбияи ҳуқуқӣ сурат гирад. Зеро бархӯрдор гардидани ҷомеа аз донишҳои ҳуқуқӣ ва дар ин замина риояи ҳуқуқи инсон ва таъмини волоияти қонун аз нишонаҳои асосии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад.
Мо - кормандони Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳамоҳангӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор тасмим гирифтем, ки баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум корҳои идеологиро бештар ба роҳ монем. Дар муддати шаш моҳи соли равон дар байни сокинон, аз ҷумла насли ҷавони ноҳия як қатор вохӯриҳои судманди ҳуқуқӣ ташкил ва гузарондем. Мутмаинем, ки дар чунин пояи устувори ҳуқуқӣ метавонем Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро таҳким бахшида, Тоҷикистони азизро аз ҳар гуна хатар эмин нигоҳ дорем.

Муҳаммадвалӣ ШАҲИДУЛЛОЗОДА,
прокурори ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2015    №: 151    Мутолиа карданд: 940
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед