logo

ҳуқуқ

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ: НИСБАТ БА ҶАНГИЁН ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ ОҒОЗ ШУД

Раҳмон  Юсуф,  Прокурори  генералии Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  зимни  нишас-ти матбуотӣ иброз дошт, ки дар самти муқовимати иттилоотӣ бар зидди терроризм ва экстремизм мақомоти прокуратура дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти алоқа беш аз ду ҳазор сомонаи интернетиеро, ки ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ҳамбастагӣ доранд, муайян ва фаъолияташонро қатъ кард.

Ҳамчунин дар асоси аризаи Прокурори генералӣ бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015 ташкилотҳои бо ном «Давлати исломӣ» ва «Ҷабҳат - ун - нусра»  ҳамчун созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ эълон гардиданд.
Ба гуфтаи Раҳмон Юсуф шахсияти қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз номи гурӯҳи Давлати исломии Ироқу Шом меҷанганд, муайян гардида, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Бино ба гуфтаи Абдураҳим Абдулҳасанов, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амнияти миллии Прокуратураи генералӣ, шаҳрвандоне, ки ихтиёран аз ҷанг дар кишварҳои бегона даст мекашанд, агар дар ҳаракатҳои онҳо дигар ҷиноят набошад, аз ҷавобгарӣ озод мегарданд.
Зикр шуд, ки аз ҷониби аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тайи панҷ соли охир 45 ҷиноят содир гаштааст, ки 17-тоаш махсусан вазнин буда, хусусияти террористӣ-экстремистӣ дорад. Аз ҷумла, куштори 25 сарбоз дар Рашт аз ҷониби гурӯҳи Мулло Абдулло бо ёрии роҳбари дар ноҳияи Рашт будаи ҲНИТ содир шудааст.
Мунаввари САФАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.08.2015    №: 156    Мутолиа карданд: 835

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед