logo

номаҳо

САНГЕ, КИ ЯК ОИЛАРО ШИКАСТ ОВАРД

Ба Донишкадаи такмили ихтисоси ҷумҳуриявӣ барои таҳсил рафта будем. Як саҳарӣ бо ҳамгурӯҳон бо мақсади ба дарс рафтан ба автобус нишаста, бо як ифтихори ватандорӣ, бо як олам завқу шавқ ба сохтмонҳою ободкориҳо назар афкандам. Инчунин, чашмам ба тирезаҳои истгоҳҳо расид, ки ҳамаи онҳо зарб хӯрда,  шикаста буданд. Ба ҳамроҳам нигариста гуфтам: - Ба  кӣ лозим буд ин вайронкориҳо?
Ҷавоби ин саволро ман худи ҳамон рӯз аз устоде, ки ба мо дарс мегузашт, гирифтам.
Мавзӯъ дар бораи тарбияи ватандӯстии ҷавонон буд. Устод дар равиши дарс ин воқеаро нақл кард:                                 
- Рӯзе санъаткори хориҷӣ дар боғи истироҳатии шаҳр бояд консерт баргузор мекард. Бо сабабҳои номаълум он баргузор нашуд. Як гурӯҳ ҷавонон аз ин норозӣ шуда, ба кӯча баромаданд ва тирезаҳои истгоҳу мошинҳоро бо сангҳо зада шикастанд. Авбошонро дастгир намуда, ба ҷавобгарӣ кашиданд. Ҷавоне, ки барои ин кирдораш 3 солу  6 моҳ ҷазо гирифта  буд, чунин нақл кард:
- Ман танҳо як санг партофтам. Падарам, ки корманди прокуратура буд, бо сабаби беандешагии ман аз кор рафт. Бародарам нав хонданро тамом карда, орзуи дар мақомоти қудратӣ кор карданро дошт. Ӯро ба кор напазируфтанд. Бародарам маҷбур шуд, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия равад. Дар он ҷо ба дасти скинхедҳо афтиду ӯро куштанд.  Барои ба Ватан овардани мурдаи бародарам падарам қарз гирифта, ба ин кишвар рафт. Баъд аз овардани ҷисми беҷони бародарам, аз ин ғамҳо падару модарам бемору бистарӣ шуданд.
Хулоса, як санге, ки ман ҳаво дода будам, як оиларо шикаст овард.
М. КАРИМОВА, ноҳияи Ҷаббор Расулов


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.08.2015    №: 160    Мутолиа карданд: 668

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед