logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №5, мод. 363; с. 2008, №3, мод. 202; с.2010, №7, мод. 554; с.2013, №3, мод.202) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 1 моддаи 24 сархати ёздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар шакли молу мулк ва маблағ кӯмаки моддӣ қабул намояд;».
2. Дар моддаи 27:
- матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«2. Пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо, грантҳо, молу мулке, ки аз тарафи давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони ҳуқуқие, ки бо иштироки субъектҳои хориҷӣ таъсис ёфтаанд, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, инчунин ба воситаи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ворид шудаанд, аз тарафи мақомоти бақайдгиранда дар Феҳристи кумаки башардӯстона ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  пешбурди онро  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, сабт карда мешаванд. Лоиҳаҳои аз тарафи субъектҳои мазкур маблағгузоришаванда аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ баъд аз огоҳонидани мақомоти бақайдгиранда амалӣ карда мешаванд. Шакли огоҳиномаро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.».
3. Ба қисми 2 моддаи 34 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Тартиби санҷиши фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 8 августи соли 2015, № 1210 


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 июни соли 2015, № 97

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 июли соли 2015, № 93 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.08.2015    №: 162-163    Мутолиа карданд: 1185

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед