logo

маориф

БОРГОҲИ МАЪРИФАТ

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз муассисаҳои таълимии олии касбие мебошад, ки 70 сол боз чун офтоби дурахшон дар осмони илму маърифат нурафшонӣ менамояд. Нақши ин боргоҳи маърифат дар тарбия, ташаккул ва ба камол расонидани мутахассисон, бахусус омӯзгорони ҷавони вилояти Хатлон, басо бузург аст.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ ба маврид таъкид намудаанд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст. Яъне, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст».
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар роҳи иҷрои ин сиёсати маърифатпарварона аз ҳамаи имконоти зарурӣ бархӯрдор аст: аз пояи моддӣ-техникии ҳозиразамон то устодони зуфунун ва маърифатшинос.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» аз 2 сентябри соли 2014, таҳти рақами 565 70-солагии донишгоҳ, Рӯзи дониш ва Дарси Сулҳ 1 сентябри соли 2015 дар ин муассисаи таълимӣ таҷлил мегардад. Ба истиқболи ин санаи муҳими таърихӣ раёсати донишгоҳ ва кумитаи тадорукот силсилаи чорабиниҳои ҷашниро таҳия намуд.
Мавриди зикр аст, ки 12 октябри соли 1994 нахустин вохӯрии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи маъракаи раъйдиҳии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори донишгоҳи мо баргузор гардид. Ин падидаҳои рӯҳбахшу хотирмон ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо зудуда нахоҳанд гашт. Сарвари давлат доир ба масоили роҳҳои асосии таъмини сулҳу субот, аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ наҷот додани мамлакат ва ба даст овардани истиқлоли комил сухан карданду дастур доданд. Муроҷиатномаи интихобкунандагони ҳамоиш ба ҳамаи интихобкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд. Ҳанӯз аз ёд нарафта, ки баъди эълони аввали ҳисоби раъйдиҳӣ ва ғалабаи комил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб омаданд ва ба эҳтироми махсуси сокинон шарафёб шуданд.
Яке аз масъалаҳои басе муҳими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки моҳиятан аз мазмуну мундариҷаи шоҳасарҳои таърихӣ ва суханрониву баромадҳои мутааддиди Роҳбари давлат аз минбарҳои баланд оид ба худогоҳӣ, худшиносӣ ва ифтихори ватанхоҳиву миллӣ маншаъ мегирад, ба омӯзиш ва бузургдошти дастовардҳои таърихии гузаштагони Ватани куҳанбунёдамон, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, мебошад.
Қарори Шӯрои Комиссариати халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Дар бораи дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб таъсис додани Донишкадаи давлатии муаллимтайёркунии дусола» аз 23.06.1940, зери рақами 724 ба табъ расида бошад ҳам, бо сабаби таҳдиди Ҷанги дуюми ҷаҳон ин қарор амалӣ нагардид.
Баробари ғалабаи музаффарона бар фашизми Германия Институти давлатии дусолаи муаллимтайёркунии Кӯлоб, тибқи қарори Вазорати маданияти ИҶШС аз 15 августи соли 1945, таҳти рақами 1373, дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб таъсис ёфт. Институт дар ибтидо дорои факултетҳои таърих ва филология, физика-математика, табиатшиносӣ ва ҷуғрофия буд.
Соли аввали фаъолияти ин муассисаи таълимӣ факултаҳо ҳамагӣ 48 нафар довталаб қабул гардиданд, ки ба онҳо 9 нафар омӯзгори таҳсилоти олидошта таълим медоданд. Нахустин директори он Раҳмон Каримов тибқи фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 августи соли 1945 таъйин мешавад.  Дар соли аввали таҳсил нақшаи қабули донишҷуён  80% таъмин карда шуда, раванди таълиму тарбия ба низом даромад.
Вазъи қабули писарону духтарон ба институт дар соли таҳсили 1947 - 1948 беҳтар гардид, 90 нафар ҷавон сазовори номи пуршарафи донишҷӯ шуданд. Соли 1947 нахустин хатмкунандагон соҳиби диплом шуданд: Хоркаш Қодиров, Худойдод Сангов, Шариф Ҳасанов, Шариф Зиёев, Ҳамрохон Файзиев (аз факултаи физика-математика), Ғулом Бӯриев, Султон Бекматов, Қосим Исмоилов, Умаралӣ Комилов, Муъмин Мирзоев, Худойдод Мирзоев, Ғафур Муллоев, Сафаралӣ Наимов, Файзулло Пӯлодов, Талбак Раҳмонов, Сайдаҳмад Раҳимов, Зайнал Салимов, Шараф Шарифов (аз факултаи таърих), Баён Раҳимов ва дигарон (аз факултаи табиатшиносиву ҷуғрофия). Баъзе хатмкардагон ба корҳои комсомолӣ, ҳизбӣ ва роҳбарӣ дар ноҳияҳои вилояти Кӯлоб сафарбар карда шуданд. М.Аҳмадалиева, Санг Абдуллоев, Вазир Ҷалилов, Карим Қурбонов, Абдураҳмон Маҳмудов, Кӯган Наҷмиддинов, Ғиёс Набиев, Наим Назаров, Рашид Одинаев, Болта Раҳимов, Э. Зардиев, Аюб Файзиев, Ҷаббор Шарифов, Пирӣ Шукуров, Ҳайит Шерхонов аз ин ҷумла буданд.
Соли таҳсили 1947-1948 дар ин маркази илму маърифат кафедраҳои асосҳои марксизм - ленинизм (мудир Хоҷабобо Ортиқов), забону адабиёт (мудир Шаҳидӣ Каримов), физика-математика (мудир Аъзам Акбаров), табиатшиносиву ҷуғрофия (мудир, ҳамзамон директор Раҳмон Каримов), педагогика ва психология (мудир Абдулло Раҳимов) фаъолият мекарданд.
Сохтори институт сол то сол мукаммал мегардид, теъдоди факултаҳо, шумораи донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорон меафзуд. Шумораи донишҷӯён дар соли таҳсили 1951-1952 ба 446 нафар расид. Миқдори омӯзгорон аз 9 то ба 39 нафар афзуд. Дар он солҳо  русҳо, украинҳо, ӯзбекҳо ба кор омаданд, ки миёни онҳо омӯзгорони ботаҷриба И. Тарасов, В. Миснер, М.Шматко, Э. Радишева, А.Лиситская, В.Жабан, В.Варнахин, Р.Усмонов, С.Хоҷаев, Х.Мамадназаров буданд.
Сеюмин директори институт Муҳаммадӣ Исматуллоев бисёр олимону омӯзгорони  ҷавонро аз шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд ва Душанбе ба Кӯлоб барои фаъолият даъват намуд. Солҳои директории Худойназар Мамадназаров дигаргуниҳои боз ҳам чашмрас рӯи кор омада, қабули дохилшавандагон ба институт хеле меафзояд, кафедраву факултаҳои нав ташкил меёбанд, сифати таълиму тарбия беҳтар мегардад ва дар ҷобаҷогузории кадрҳо тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал меоянд. Ҷиддияти вазъиятро аз ин ҳам қиёс бояд кард, ки  мудири кафедраи асосҳои марксизм-ленинизм аз ҷониби бюрои КМ ПК Тоҷикистон таъйин мегардид. Роҳбарии кафедраи мазкурро Б. Абдураҳимов ба дӯш дошт ва дар он омӯзгорон Х.Мамадназаров, А.Сиддиқов, Ғ.Ятимов, М.Шукуров, Маллаев, В.Варнахин кору фаъолият мекарданд.  Дар кафедраи таърихи халқҳои СССР бошад, омӯзгорон Ҳ.Боғиров, Р.Усмонов, А.Мингазова, Д.Резник таъйин карда шуданд. 
Яке аз омӯзгорони ҷавоне, ки он солҳо ба кор қабул гардид, Ниёз Сафаров буд, ки дар рушду нумуи минбаъдаи таълиму тарбия ва илми ин даргоҳи таълимӣ саҳми бузург гузоштааст ва аз ӯ имрӯзҳо низ ба некӣ  ёд меоранд.
Институт  сол ба сол ба дастовардҳои муҳимтару чашмрастар ноил мегардад. Махсусан, таъминоти кафедраҳо бо омӯзгорон беҳтар роҳандозӣ мегардад. Шумораи донишҷӯён дар соли таҳсили 1952-1953 ба 576 нафар ва теъдоди олимону омӯзгорон ба 100 нафар расид. Мутахассисони лаёқатманд С. Атоев, Ё. Бобоев, М. Кабина, Ҳ. Назаров, М. Назаршоев, М. Султонов, Парвиз Ирфон, Ҳ. Хоҷаев ва дигарон ба ҳайси омӯзгор  қабул карда шуданд.  Институти дусолаи муаллимтайёркунии Кӯлоб дар зарфи 8 соли фаъолияти худ (солҳои 1945-1953) дар тайёр кардани кадрҳои педагогӣ бо муаллимони таҳсилоти олии нопурра нақши бориз дорад. Дар ин муддат дар шуъбаҳои таълими рӯзона ва ғоибонаи он беш аз 900 нафар донишҷӯён таҳсил намуда, беш аз 750 нафарашон соҳиби дипломи таҳсилоти олии нопурра гардиданд.
Дар баробари таълим устодон ба корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ машғул гашта буданд, вале диққат асосан ба омӯзиши маводи таълимии мавҷуда ва аз рӯи онҳо ба тартиб даровардани нақшаи фанни таълимӣ ва таълими босифат равона шуда буд.
Бо дастгирӣ ва кумаки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Институти муаллимтайёркунии Кӯлоб номзадҳои илм низ барои фаъолият фиристода мешуданд. Ҳамин тавр,  неруи илмии он мустаҳкам ва пурзӯр мегардид, ҷавонони толибилм рӯ ба пажӯҳиш ва дониш меоварданд. Бо вуҷуди талошҳо институт тақозои афзояндаи соҳаи маорифро дар ҷануби Тоҷикистон қонеъ гардонида наметавонист. Роҳҳои нав бояд ҷуста мешуданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки заминаи моддӣ - таълимӣ дар зарфи 8 соли мавҷудияти институт пайдо шуда буд. Қабл аз ҳама, ҳайати устодону омӯзгорони  ботаҷриба ҷиҳати пешбурди кори таълиму тарбия дар мактаби олӣ – институти 4 - солаи педагогӣ омода буд. Роҳбарияти институт дар назди мақомоти шаҳру вилояти Кӯлоб ва Ҳукумати мамлакат доир ба  таъсис додани Институти давлатии педагогии Кӯлоб батакрор дархостҳо пешниҳод мекард. Ниҳоят, ин хоҳишу дархостҳои садорати таълимгоҳ аз тарафи Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфта шуд ва 7 августи соли 1953 фармони Вазорати маорифи ИҶШС «Дар бораи барҳам додани Институти дусолаи муаллимтайёркунии Кӯлоб ва дар заминаи он ташкил намудани Институти давлатии педагогии Кӯлоб дар соли таҳсили 1953 - 1954»  ба тасвиб расид.
Дар асоси фармони мазкур Совети Вазирони РСС Тоҷикистон низ «Дар бораи дар заминаи Институти муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб аз 15 августи соли 1953 кушодани Институти давлатии педагогии Кӯлоб» қарори махсус қабул намуд. Муваққатан иҷрокунандаи вазифаи ректор Ашраф Сиддиқов таъйин гардид.
Дар соли таҳсили 1953-1954 миқдори донишҷӯёни шуъбаҳои таълими рӯзона ва ғоибонаи институт ҳамагӣ 572 нафарро ташкил кард. Вобаста ба тавсеаи доираи ҳар як ихтисос афзоиши шумораи донишҷӯёну ҳайати омӯзгорон кафедраҳо, озмоишгоҳҳо ва дафтарҳои кории нав таъсис дода мешаванд. Дар китобхона миқдори адабиёти илмӣ, методӣ, бадеӣ ва адабиву техникӣ афзуда, масъалаи баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои баландихтисос низ ба миён гузошта шуд. 19 декабри соли 1953 номзади илмҳои таърих, дотсент Ҳ.Хоҷаев ректори Институти давлатии омӯзгории Кӯлоб таъйин карда шуд. Ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани сифати таълиму тарбия, мустаҳкам гардидани заминаи моддиву техникӣ ва ривоҷу равнақи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таъминоти моддию маишии омӯзгорон дар институт корҳои шоиста ва чашмрасро ба анҷом мерасонанд.
Институт садҳо муаллимонро ба камол расонида, соҳиби таҳсилоти олии касбии пурра гардонид. Аз ин миён метавон Муаллими халқии СССР Идӣ Халифаев, Муаллимони хизматнишондодаи Тоҷикистон Соҷида Аккалаева,  Сарахон Тӯрахонов, Карим Қодиров, Аҳмад Ҳаётов, Санг Самадов, Барот Мирзоевро ном бурд, ки баъдҳо дар рушди маорифи кишвар саҳми арзанда доштанд.
Дар соли таҳсили 1956 - 1957 институт аз таҳсили 4 - сола ба таҳсили 5 - солаи ҳамгиро гузашт.
Соли 1957 барои институт соли бобарор ва комёбиҳои бузург маҳсуб мешавад. Аз ҷумла, пояи моддӣ-техникии он пойдор ва устувор мегардад. Ду бинои таълимӣ ва толори варзишӣ ба кор даромаданд, ки дар натиҷа миқдори дарсхонаҳо афзуд ва кори кабинету озмоишгоҳҳо самаранок гардид. Шумораи донишҷӯёни таълимгоҳ дар ҳамин давра ба 750 нафар расид. Онҳо дар ду факулта – физика-математика, таъриху филология  (дар 30 гурӯҳи таълимӣ) таҳсил мекарданд. 
Солҳои 1958 - 1959 Институти давлатии педагогии Кӯлоб дар таълиму тарбияи донишҷӯён ва корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар пешсафу пешқадам буд. Омӯзгорон бо ҷои зист таъмин карда шуданд. Таълимгоҳ бо кадрҳои баландихтисосу лаёқатманд аз ҳисоби хатмкардагони худ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ таъмин мегардид. Дар соли таҳсили 1958-1959 ба таълиму тарбияи шогирдон беҳтарин устодон, аз қабили Ф. Усмонов, А. Сиддиқов, И. Палчиков, М. Назаршоев, А. Муъминов, А. Килкинов, М. Ярошевкий, Э. Загумёнова, Л. Камолова, И. Тамлихоев, Ф. Қудратова,  М. Қурбонов,  Р. Юсупова,  Ҳ. Муҳибов, Б. Муродов, А. Сӯфиев, А. Аминов, П. Вайнкурт, М. Чиликина, И. Конкова, М. Исмоилов, Р. Токарева, Х. Қодиров, Ш. Раҳмонов, Ш. Умаров, А. Акбаров, К. Марсаков, Ҳ. Боғиров, Н. Латипов, С. Фузайлов, В. Пчелников, М. Чижикова, М. Макаревич, В. Миснер, А. Спектор, Г. Ашӯрмамадов, И. Шарипов, А. Асроров, В. Сивочуб, Е. Амитин, Р. Иванова, Ш. Юсуфов, М. Ризоев, С. Холматов, О. Қурбонов, Ч. Мардонов, М.  Султонов, С. Чалишев ва дигарон машғул буданд. Аз  ин 8 нафарашон унвони илмӣ доштанд.
Ибтидои солҳои 60 - ум барои институт давраи душвор буд. Бо сабабҳои гуногун он баста шуда, ба филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  табдил ёфт. Агар соли таҳсили 1959 - 1960 дар институт беш аз 750-800 нафар донишҷӯ таҳсил мекарда бошанд,пас дар соли таҳсили 1960-1961 320 нафар боқӣ монда буданд.
Қатъи фаъолияти Институти давлатии  педагогии Кӯлоб ба фарҳангу маънавиёти мардуми минтақа зарбаи сахте зад: хазинаи китобхона хароб гашта, нусхаҳои адабиёти нодиртарини он ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ интиқол дода шуд. Инчунин, донишмандону омӯзгороне, ки аз тамоми гӯшаву канори Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои гуногун ба институт омада буданд, ба дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ гузаштанд. Бархе аз онҳо, аз қабили дотсентон М. Ярошевкий, К. Марсаков, Қ. Собиров, Н. Латифов ва муаллимони калон М. Назаршоев, Н. Сафаров, А. Спектор, Д. Резник, А. Аминов, А. Асроров, А. Сатторӣ, Н. Кириленко ва дигар омӯзгорони ҷавон институтро тарк намуданд.
Пас аз ба филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ табдил ёфтани институт ҳайати он пароканда ва  шумораи омӯзгорони он аз 100 ба 23  нафар расид.
Вақт собит сохт, ки қарори муттаҳид намудани мактабҳои олии омӯзгорӣ бар зарари рушду нумӯи низоми мактабу маориф дар кишвари азизамон гардид. Аз ин ҷо бо қарори КМ ПК Тоҷикистон ва Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 27 июли соли 1962 Институти давлатии педагогии Кӯлоб барқарор гардид. Ректори он номзади илмҳои таърих, дотсент Тоҳир Умаров таъйин карда шуд.
Дар соли таҳсили 1962-1963 дар ду факулта: факултаҳои филология бо ду шуъба – тоҷикӣ ва рӯсӣ ва физика-математика 150 нафар  довталабон ба институт қабул гашта, дар маҷмӯъ бо донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм ва чоруму панҷум 241 нафарро ташкил медод ва ҳамагӣ 19 нафар омӯзгорон ба таълиму тадрис машғул буданд. Дар назди ректор Т.Умаров дар эҳёи институт мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ омаданд, ки ҳаллу фасли онҳо ҷасорат, коршиносӣ, ташкилотчигиро тақозо мекард.
Аз ин рӯ, бо талабу дархостҳои мукаррари ректор Т.Умаров ҷиҳати мусоидат ба пешрафти кори институт олимону кормандони шинохтаи илмии мамлакат, аз қабили академикҳо  А.Мирзоев, Б. Ниёзмуҳаммадов, Р. Амонов, аъзоёни вобастаи АИ Тоҷикистон, Н. Маъсумӣ,  С. Табаров, Ш. Рустамов, докторони илм, профессорон Ш. Ҳусейнзода, Р. Ғаффоров, Д. Тоҷиев, Б. Тилавов, Д. Карамшоев, А. Мирзоев, дотсентон А. Эшонҷонов, С. Мирзоев, Х. Ҳусейнов ба институт барои таълиму тадриси фанҳои алоҳида, курсҳои махсус ва тарбияи мутахассисони илмӣ фиристода шуданд. Бо  ҳузури онҳо дар дарс ва суҳбатҳои ҷудогона ба донишҷӯёну омӯзгорон фазои илмӣ ба вуҷуд омад.
Қабули донишҷӯён ба институт сол ба сол меафзояд. Шумораи умумии донишҷӯён дар соли таҳсили 1965-1966 анқариб ба 1500 (аз ин 570 нафарашон дар шуъбаи таълими ғоибона) мерасад.
Дар интиҳои солҳои 60-ум ва ибтидои 70-ум шумораи кафедраҳо зиёд гашт. Омӯзгорони ҷавони институт бештар рӯ ба таҳқиқоти илмӣ  ниҳоданд. Дар ибтидои солҳои 70-ум Қодир Рустамов, Бобоқул Қурбоналиев, Ислом Ғуломов, Соат Чалишев, Раҳим Саидов, Достӣ Шарифов, Барот Нозимов, Хушвахт Ғафуров, Кароматулло Қаландаров ва дигарон рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуда, ҳайати олимони институтро афзун гардониданд ва онро бештар неруманд намуданд. 
Соли таҳсили 1975 - 1976 дар институт 198 нафар профессорону омӯзгорон, аз ҷумла 28 нафар номзадҳои илм, 13 дотсент, 162 омӯзгор, 7 ассистент фаъолият мекарданд. Шумораи кафедраҳои институт дар ҳамин давра ба 19 адад расид.
Теъдоди олимону омӯзгорон дар солҳои 1973 - 1980 (ректор Иқбол Хушвахтов) ба 227 нафар: 35 нафар номзадҳои илм ва дотсентон, 72 нафар муаллимони калон, 120 нафар омӯзгорону ассистентон расид.    
Солҳои 70 - ум ва 80 - уми асри ХХ робитаи институт бо марказҳои илмӣ ва донишгоҳҳои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қавӣ гардид. Солҳои 1980-1990 дотсентон С. Каримов, Х. Ғафуров, М. Маликов, К. Қодиров, М. Ибодов, И. Икромов, А. Маҳмадов, Қ. Қодиров, Х. Афзалов, Р. Саидов, Ҷ. Шарифов, А. Кӯчаров, А. Паҳлавонов, Ҷ. Алимӣ  ва дигарон рисолаҳои докторӣ дифоъ намуданд.
Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор «Дар бораи ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб табдил додани Институти давлатии педагогии Кӯлоб» - ро аз 24 - уми июли соли 1992 таҳти рақами 235 ба тасвиб расонд. Дар он рӯзҳои сангину ҳалокатбор донишгоҳ таълиму тардрисро ягон рӯз ҳам қатъ накарда, раванди таълиму тарбияро  пеш мебурд.
Аз ноябри соли 1993 ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб академик,  профессор, доктори илмҳои химия С.Каримов таъйин гардид. Ӯ яке аз роҳбарони собиқадор ва устодони пуркор мебошад. Аз ин рӯ, тавонист  нуфузи донишгоҳро дар байни мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва берун аз он  афзун гардонад. Акнун аксари довталабони ихтисосҳои иқтисодиёт, тиб, кимиё, биология, таърих, тарбияи ҷисмонӣ донишҷӯёни донишгоҳ гардиданд.
Айни замон дар шуъбаҳои таълими рӯзона ва таълими ғоибонаи донишгоҳ 36 ихтисос: забон ва адабиёти тоҷик, рӯзноманигорӣ, забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ, забон ва адабиёти рус (дар мактабҳои миллӣ), забони англисӣ, таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти ибтидоӣ бо ихтисоси иловагӣ, таҳсилоти ибтидоӣ-санъати мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ, дефектология, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, химия-биология, химия-экология, биология-экология, географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат, география, хизматрасонии иҷтимоӣ-маданӣ ва туризм, таърих, таърих ва ҳуқуқ, муносибатҳои байналмилалӣ, физика-математика, технология (аз рӯи самтҳо), радиофизика,  математика, математикаи амалӣ (фаъолияти илмӣ-педагогӣ), информатика, менеҷменти иҷтимоӣ, маркетинг, иқтисодиёт ва идора дар корхона, фаъолияти бонкӣ, молия ва қарз, менеҷменти инвеститсионӣ, иқтисодиёт ва идора дар корхонаи комплекси агросаноатӣ, иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хурду миёна, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассиаҳои буҷетӣ ва илмӣ  амал менамоянд.
Баробари ҷорӣ гардидани қабул ба донишгоҳҳои кишвар тибқи квотаи Президентӣ (соли 1997) аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб даҳҳо ҷавондухтарону ҷавонписарони деҳоти дурдасти қӯҳистон ба донишгоҳ дохил шуда, онро бомуваффақият хатм карданд. Ҳоло дар донишгоҳ шумораи донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда ба 473 нафар (аз ҷумла 330 духтар) мерасад.
Феълан дар 34 кафедраи донишгоҳ (29 кафедраи тахассусӣ ва 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ), 439 нафар омӯзгор, аз ҷумла 19 нафар доктори илму профессорон (10 нафар ҳамкор), 78 нафар номзади илм ва дотсентон (18 нафар ҳамкор) барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ҷалб гардидаанд, ки аз ин миқдор 391 омӯзгори доимӣ ва 48 омӯзгори ҳамкор ва соатбайъ мебошанд.
Шумораи донишҷӯёни донишгоҳ дар соли таҳсили 2014-2015 8469 нафар, аз ҷумла дар таълими рӯзона  4687 ва дар таълими ғоибона 3782-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли таҳсили 2013-2014 717 нафар зиёд мебошад. Теъдоди донишҷӯдухтарон 3614 нафар аст. Ҳоло донишгоҳ дорои 10 факулта буда, таълим ва тадрис дар 6 бинои таълимӣ  дар  ду баст сурат мегирад.
Дар таълими рӯзона 213 гурӯҳи таълимӣ аз рӯи 36 ихтисос ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки 166 гурӯҳи он тибқи низоми кредитии таҳсилот таълим мегиранд. Инчунин дар шуъбаи ғоибона 3782 донишҷӯ ба тадрису таълим фаро гирифта шудаанд.
Муваффақиятҳо дар соҳаи таълим ва илм меафзояд ва ҳам чашмрас мебошад. Дар соли сипаришуда 6 нафар омӯзгори донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро муваффақона дифоъ намуданд, инчунин 7 нафар олим рисолаҳои докторӣ ва 15 нафар  рисолаҳои номзадиашонро барои ҳимоя омода намудаанд.
Дар донишгоҳ сол ба сол мавқеи илм ва инноватсияи иттилоотӣ ва татбиқи он дар ҷараёни таълим рушд меёбад. Ин аст, ки аз соли таҳсили 2015-2016 қабули довталабон ба докторантура аз рӯи ихтисоси (PhD) бо 11 равия ба роҳ монда шудааст.
То имрӯз 13 лоиҳаи инноватсионии донишҷӯён муаррифӣ ва ба озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти  илмию техникӣ - 2014” пешниҳод  гардид. Мавриди  зикр аст, ки ҳар сол аъзоёни фаъоли маҳфилҳои илмӣ дар озмун ва конфронсҳои умумиҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву умумидонишгоҳӣ фаъолона ширкат меварзанд. Соли 2014 донишҷӯи курси 4-уми факултаи филологияи тоҷик ва журналистика Шамшоди Ҷамшед бо роҳбарии дотсентон Ғ.Мирзоев ва З.Холиқова дар озмуни ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни макотиби олии касбии кишвар барои «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовори ҷои якум гардид.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.01.2015 таъкид шудааст, минбаъд муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро лозим аст, ки истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дар ҷараёни таълим ба роҳ монанд, таҷрибаи байналмилалиро омӯзанд, нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва таҳсилот мутобиқ гардонида, то соли 2020 гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилотро таъмин намоянд.
Барои роҳандозӣ кардани ин супоришҳои Пешвои миллат дар донишгоҳ озмоишгоҳҳо аз фанҳои оптика, радиотехника, химияи органикӣ ва ғайриорганикӣ, физикаи ҷисмҳои сахт, механика, электроника, физикаи молекулавӣ, барқ, физикаи атом, микроэлектроника, таҳлилкунии техникӣ ва моделсозӣ, назарияи лапиш ва протсесҳои мавҷӣ, дастгоҳҳои радиошунавонӣ ва ТВ, физикаи мактабӣ, методикаи таълими физика, дастгоҳҳои харротӣ, нақлиёт, саноати қаннодӣ фаъолият намуда, ба қадри зарурӣ таҷҳизонида шудаанд. Китобхонаи электронии донишгоҳ дорои беш аз 87000 феҳрасти адабиёти илмӣ ва таълимӣ  мебошад. 
Дар донишгоҳ рӯзномаи “Анвори дониш” аз соли 1994  ва  маҷаллаи илмии  “Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” аз соли 2009 интишор мешаванд, ки дар баробари инъикоси кору фаъолияти раёсати донишгоҳ ва дигар сохторҳои он мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавии омӯзгорону донишҷӯён ва чакидаҳои хомаи шоирону навқаламон пайваста нашр мегарданд.  
Парки технологии донишгоҳ аз соли 2013 инҷониб фаъолият менамояд. Таҷрибаҳои истеҳсолӣ ва саҳроии донишҷӯён дар лагери истироҳатӣ ва фарҳангии “Истиқлол”, воқеъ дар ноҳияи Муъминобод сурат гирифта, тайи чанд соли охир дар давраи таътили тобистона дар ду баст зиёда аз 130 нафар фарзандони кормандону омӯзгорони донишгоҳ ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.
Дар давоми солҳои 2010-2014 донишгоҳ ба 7 лоиҳаи байналмилалӣ шомил гашт, ки дар доираи онҳо беш аз 100 нафар устодон ва донишҷӯён ба кишварҳои хориҷи дуру наздик барои ширкат дар барномаҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати омӯзишӣ фиристода шудаанд. Соли 2013 як нафар устод ва ду нафар донишҷӯ соҳиби бурсҳои донишгоҳҳои кишварҳои Испания ва Италия барои таҳсил дар докторантура, магистратура ва бакалаврият гардиданд. Айни ҳол донишгоҳ  5 барномаи Темпус  Эрасмус Мундус ва 1 барномаи Институти Ҷамъияти Кушода (Бунёди мадад - Тоҷикистон) - ро амалӣ намуда истодааст. Ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ-таълимии мамлакатҳои хориҷӣ имкон дод, ки наздики 2 млн. сомонӣ маблағҳои ғайрибуҷавӣ ҷалб карда шаванд. Алъон донишгоҳ бо зиёда аз 50 муассисаи илмӣ-таълимии кишварҳои хориҷӣ робитаҳои ҳамкорӣ дошта, дар доираи он 10 нафар омӯзгор ва донишҷӯ дар донишгоҳҳои бонуфузи аврупоӣ таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ карда истодаанд.
Муҷиби сарфарозии мост, ки донишҷӯи курси 4-уми факултаи филологияи хориҷӣ Мубораки Рустамзода ҷиҳати ҷалби духтарони деҳот ба таҳсил аз ҷониби СММ ба унвони ифтихории “Малолаи тоҷик” сазовор гардид.
Дар донишгоҳ варзиш низ рӯ ба  пешравӣ ниҳода, дастаи варзишгарони он дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баромад намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.
Бо итминони комил метавон зикр намуд, ки донишгоҳ дар самти тарбияи мутахассисони баландихтисос барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар оянда саҳми чашмрастаре хоҳад гирифт.
Дар муддати 70 соли фаъолияти хеш ин боргоҳи илму маърифат тавонист, ки  теъдоди донишҷӯёнро аз 48 то ба 9 ҳазор нафар, шумораи устодону муаллимонро аз 9 ба 439 нафар, кадрҳои дараҷа ва унвони илмидорро аз 5 номзади илм ба 130 нафар ва докторони илму профессоронро аз сифр ба 29 расонад.
Донишгоҳ на танҳо ҳамчун маркази асосии тарбияи мутахассисони соҳаи маориф ва риштаҳои дигари хоҷагии халқ маъруф гардид, балки як зумра дастпарварони он ҳамчун арбобони намоёни давлату сиёсат, олимону донишмандони маъруф, ҳунармандону адибон ва журналистони варзида симои ҳақиқии донишгоҳро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он дар беҳтарин вазъ муаррифӣ намуданд. Донишгоҳ бо номҳои академик С.Каримов, узви вобаста Маъруф Раҷабӣ, докторони илм, профессорон А. Раҳимов, И. Арабов, К. Қодиров, Қ.Қодиров, Р. Назаров, А. Маҳмадов, Р. Акбаров, А. Ҳабибулло, Ҷ. Шарифов, А. Паҳлавонов, Р. Саидов, И. Икромов, С. Сабзаев, Т. Шукуров, М. Абдуллоев, А. Нозимов, М. Хидирова, Н. Солеҳов, Р. Салимов, Н. Назаров, А. Қурбонов, А. Кӯчаров, А. Ҳалимов, Г. Ҳоҷиматова  ва дигарон ифтихор дорад. Боиси сарфарозии бузург аст, ки шоирону нависандагони машҳури кишвар Ашӯр Сафар, Ҳақназар Ғоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Муҳаммад Ғоиб, Саидҷон Ҳакимзода, Саид Раҳмон, Сафар Амирхон, Карим Давлат, Хосият Вализода ва бисёри дигарон ба хидматҳои шоиста, таълифи асарҳои баландмазмун номи донишгоҳи азизи хешро ба қуллаҳои баланди шуҳрат бардоштанд. Ҳунарманди мардумӣ Одина Ҳошим ва Ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Бобоҷон Азизов, Адолат Комилова, Ҷумъахон Сафаров ва Одилҷон Умурзоқов, ки фаъолияташон таҷассуми санъати асили гузашта ва имрӯзаи мардуми тоҷик аст, дар оғӯши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ парвариш ёфта, аз ҳамин даргоҳи муқаддас то ба ҷодаи камолоти ҳунар гомҳои устувор бардоштаанд.
Аз байни хатмкардагони ин боргоҳи илму маърифат бо ифтихор номҳои ходимони намоёни давлативу сиёсӣ Нусратулло Абдулҳақов, Султон Мирзошоев, Лақай Қармишев, Исмоил Қурбонов, генералҳо Абдураҳмон Азимов, Саймумин Ятимов, Нуралӣ Назаров, Давлат Бобоев, Шариф Салимов, Аҳтамшоҳ Саидшарифов, хизматчиёни давлатӣ Қиматгул Рустамова, Саид Салимов, Исроил Маҳмудов, Ҳабибулло Раҳимов, Латофат Насриддинова, Султон Валиев ва дигаронро метавон ёд овард.
Феълан аз миёни хатмкардагони донишгоҳ як зумра олимони хушсалиқа, аълочиёни маорифи Тоҷикистон, амсоли Маҳмуд Холов, Абдукарим Ҳалимов, Кӯган Иззатуллоев, Ғоиб Мирзоев, Нуралӣ Расулов, Муродалӣ Набиев, Аҳмад Алиев, Саттор Абдулвоҳидов, Гурез Иброҳимов, Додарбек Сайдалиев, Қаюм Сангов,  Муҳаббат Иззатова, Эмомназар Пирназаров, Нодира Ашӯрова, Файзимад Гулмадов, Мастура Абдураҳмонова, Саъдӣ Маҳдиев, Кенҷамо Маҷидова, Ниёзбӣ Давлатова, Савронбӣ Раҳимова, Ҷамила Юлдошева, Зайналбӣ Холиқова, Фирӯза Файзуллоева, Одинамо Шарифова, Комила Асоева ва дигарон кору фаъолият менамоянд. 
Донишгоҳ на фақат ба донишгоҳҳо ва Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, инчунин бо мактабҳои олӣ ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷи дуру наз-дик – Федератсияи Россия, Беларус, Украина, Молдова, Озорбойҷон, Эстония, Қазоқистон, Қирғизистон, ИМА, Олмон, Англия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Туркия, Италия ва ғайра равобити мустаҳками илмӣ дорад.
Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки баҳри сазовор таҷлил намудани 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо истифода  аз имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои моддӣ-техникӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим бештару беҳтар меҳнат карда, ба дастовардҳои назаррас дар пешрафти илм ва тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи давр ноил гардад.
Дар ташкил ва рушди устувори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 18 нафар шахсияти бузург, олимони маъруф ва мутахассисони варзидаи соҳаи илму маориф ҳамчун роҳбар хидматҳои бузург кардаанд. Ҳар кадоми онҳо дар ташкил ва ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия, дарёфт ва ҷобаҷогузории мутахассисони ҷавон, гирд овардани китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ ва ғанӣ гардонидани фонди китобхона, беҳдошт ва сифати таълиму тарбия, давомоти донишҷӯён, ҷалб намудани ҷавонони лаёқатманд ба донишгоҳ, дастгирии омӯзгорону донишҷӯён, сохт-мони биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои умумии донишҷӯён ҳиссагузор мебошанд. Дар тӯли 70 соли пурфайз инҳо вазифаи бошарафи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ба уҳда доштаанд: Раҳмон Каримов  (авг.1945 - фев.1948), Бозор Шарифзода (фев.1948 - дек.1948), Муҳаммадӣ Исматуллоев (сен.1948 - ноя.1950), Худоназар Мамадназаров (янв.1951 - авг.1953), Ашраф Сиддиқов (авг.1953 - дек.1953), Ҳамид Хоҷаев (дек.1953 - авг.1957), Наз-ришо Латипов (авг.1957 - авг.1960),  Ниёз Сафаров (авг.1960 - июл.1962), Тоҳир Умаров (июл 1962 – июл 1971), Абдулло Раҳимов (июл.1971 – март  1972), Иқбол Хушвахтов (март 1973 - июн 1980), Тағай Раҳмонов (июн 1980 – май 1990), Маҳмуд Маликов (май 1990 – сен.1993), Самариддин Каримов (сен.1993 – дек.2004), Хурсанд Аъзамов (дек.2004 – окт. 2008), Каримҷон Қодиров (окт.2008 – сен.2010), Нуралӣ Солеҳов (сент.2010 – авг. 2012).
Ҳамин тавр, бори дигар бо ифтихор ва рӯҳбаландии бузург иброз медорем, ки  роҳи  тайнамудаи  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таърихи бошараф ва пуртуғёни илму маорифи Тоҷикистони азизамон буда, гувоҳи он аст, ки ин гӯшаи диёрамон майдони кору пайкори далерон ва фидоиёни ҷодаи илму маърифат мебошад.

Абдулло ЊАБИБУЛЛО,
ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,
доктори илмҳои физика-математика, профессор 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.08.2015    №: 168    Мутолиа карданд: 1036

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед