logo

туризм

ЭКОТУРИЗМ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕХОҲАД

Натиҷаҳои омӯзиши иқтидори туристии кишвар нишон доданд, ки дар Тоҷикистон аслан бояд туризми экологӣ ба роҳ монда шавад. Дар ин хусус, Дилноза Аҳмадзода, сардори раёсати рушди сайёҳии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иброз дошт, ки Тоҷикистон қабл аз ҳама бо кӯҳҳои сарбафалаккашида, кӯлу дарёҳо, чашмасори мусаффо ва табиати рангину дилангез диққати ҳазорон сайёҳро ҷалб намудааст. Аз ин лиҳоз, дар мамлакат ба рушди туризми экологӣ диққати махсус зоҳир карда мешавад. Боғи миллӣ, Ҳафткӯл, Ҳулбук, Сари Хосор, Ҳисор мавзеъҳои экотуризм маҳсуб меёбанд ва ҳар сол мардуми зиёде аз ин ҷойҳо дидан мекунанду таассуроти рангину хотирмон мебардоранд.
Экотуризм саёҳату истироҳат баҳри шиносоӣ бо хусусиятҳои нодири табиат, фарҳанг ва этнографияи ҳамон маҳал буда, он барои ҳифзи сарватҳои табиат шароити мусоид фароҳам меорад. Яъне, дар сурати пешрафти экотуризм дар Тоҷикистон олами ҳайвоноту набототи нодир ва торафт нестшаванда ҳифз ва ба ин васила беҳзистии мардуми маҳаллӣ таъмин мешаванд. Сиёсати «Дарҳои кушода» - и Ҳукумати ҷумҳурӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ - рекреатсионӣ, ҳавои тоза, обҳои мусаффо, манзараҳои зебои табиат, кӯҳу дараҳои афсонавӣ, ёдгориҳои сершумори таърихӣ, мероси фарҳангиву этникӣ барои роҳандозии экотуризм заминаи мувофиқ эҷод кардаанд. Вале, барои ташаккул ва рушди он маблағгузории муайян ва хароҷоти мақсаднок лозим меояд. Зеро, инфрасохтори миллии туристӣ ба талаботи замон мувофиқ набуда, заминаҳои моддию техникии мавҷуда фарсуда шудаанд. Барои ҳалли ин масоил мебояд сармояи хориҷиву ватаниро ҷалб ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсиониро дар иншооти туризми экологӣ ташкил намуд. Чунки экотуризм яке аз самтҳои афзали рушди ҷаҳонгардӣ ба ҳисоб маравад. Бисёри давлатҳои мутараққӣ, назири Русия, Қазоқистон, Австралия, Зеландияи Нав аз он даромади хуб мебинанд. Дар мамлакатҳои Аврупо ва ИМА экотуризми дохилӣ рушд кардааст, зеро сокинони маҳаллӣ бештар дар боғҳои миллии давлатҳои худ сайру тамошо мекунанд. Дар кишвари мо низ боғҳои табииву мамнуъгоҳҳо зиёданд (22 дарсади масоҳати умумии малакатро ташкил медиҳанд), ки метавонанд объекти асосии ҷалби экосайёҳони дохиливу хориҷӣ гарданд.
Мадиброн Саидов, директори ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда, дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки феълан бо мақсади бунёд ва ташаккули инфрасохтори туризми экологӣ дар ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда, нақшаҳои генералии Боғи миллӣ ва мамнуъгоҳҳои давлатии табиӣ такмил ёфта истодаанд. Ин барои рушди туризми экологӣ мусоидат менамояд. Алҳол хатсайрҳои махсус таҳия шудаанд, ки тавассути онҳо экотуристон дар боғу мамнуъгоҳҳо сайр мекунанд.
Дар хусуси таъсиррасонии сайёҳон ба ҳудудҳои махсус ҳифзшаванда М. Саидов иброз дошт, ки сайёҳон аслан ба ин минтақаҳо кам меоянд ва теъдоди онҳо соле 500 - 900 нафарро ташкил медиҳаду таъсири манфиашон айни ҳол он қадар чашмрас нест. Вале, бо рушди экотуризм мебояд дараҷаи таъсиррасонии гардишгарон ба олами ҳайвоноту наботот ва муҳити зист мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шавад. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ танҳо миқдори умумии воридшавии сайёҳонро бо муқоиса нисбат ба соли гузашта ва даҳгонаи давлатҳое, ки шаҳрвандонашон бештар ба Тоҷикистон ташриф меоранд, ба назар мегираду таъсири манфии туристонро ба инобат намегирад. То ҷое маълумот дорем, дар ин бахш ягон мутахассис фаъолият намебарад. Ин дар ҳолест, ки дар дигар давлатҳо ин ҷиҳатҳо мавриди омӯзишу таҳлил қарор доранд.
Бояд гуфт, ки мафҳуми «экотуризм» нахустин бор дар нимаи аввали солҳои 80 - уми асри XX зимни як конфронс аз ҷониби экологи Мексика Эктор Себалос - Ласкурайн пешниҳод гашт. Аммо худи туризм аз солҳои 50 - уми асри XX рӯ ба инкишоф ниҳода буд. Танҳо дар 20 соли охир гардишгарӣ се маротиба афзуда, сармоягузориҳои ҷаҳонӣ ба ин соҳа 10 -12 дарсадро ташкил доданд. Ниҳоят, сайёҳӣ ба яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёти бархе кишварҳо табдил ёфт. Аммо, дар баробари ин, муҳити зист аз он зарар дид. Маълум шуд, ки истифодаи бенизоми дороиҳои табиат ба нестшавии он бурда мерасонад. Дар ин асно тарбия ва таълими экологӣ ба миён омад. Ва нақши асосӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии нави экологӣ маҳз ба дӯши туризм афтод. Зеро он дорои характери оммавӣ ва дарбаргирандаи нишондиҳандаҳои гуногуни синнусолии аҳолӣ мебошад. Вобаста ба ин, солҳои 80 - уми садаи гузашта самти нави соҳа - экотуризм шакл гирифт. Дар робита ба ин, Мулло Абдол Шагарф, сардори ширкати сайёҳии «Помир силк тревел», иброз дошт, ки айни ҳол тамоми навъҳои туризм дар кишвар аз нигоҳи экологӣ роҳандозӣ мегарданд. Зеро, сайёҳон аслан ба хотири тамошои табиат, фатҳи қуллаҳо ва шиносоӣ бо тарзи зисти мардуми маҳаллӣ меоянд. Ва хати сайру навъи саёҳаташон қабл аз сафар дар асоси ҷамъоварии маълумоти зарурӣ тартиб дода мешавад. Бо назардошти ин, агар дар назди ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда лагерҳои махсус барои нигоҳдории палаткаву лавозимоти даркорӣ, кемпингҳо ва дигар инфрасохтор таъсис ёфта, хатсайрҳои нави ҷолиб таҳия гарданд ва тарғибу ташвиқи мавзеъҳои сайёҳӣ хуб ба роҳ монда шавад, даромади соҳа метавонад ба маротиб афзояд.

Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2015    №: 176    Мутолиа карданд: 10835
20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ

19.07.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода ва Кристиа Фриланд

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Даромади софи бонк ба 15 миллион сомонӣ расид

Ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ тағйирот ворид мешавад

Масъулияти аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ баланд мегардад

18.07.2017


Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД

Мулоқот бо губернатори Токио

Машқҳои стратегии зиддитеррористӣ дар ВМКБ

«Мушкилкушо» ва «Комил» ба Қазон мераванд

Мурофиаҳои сайёри судӣ омили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Инвентаризатсияи заминҳо ба охир расид

ВАРЗОБ. Чорводорӣ рӯ ба беҳбудӣ

НАФАҚА. Камбудиҳо бартараф мешаванд

Варзиш

17.07.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Саид Оғо

Вохӯрӣ бо роҳбари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ

Баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ

Баррасии роҳу усулҳои мубориза бо коррупсия

Дарёфти 1010 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ

Бехатарии саноатӣ ва ҷавобгарии 182 шахси масъул

Рӯйхати сиёҳ вуҷуд надорад

15.07.2017


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва сохтмони роҳ

Вохӯрии Ҷамолиддин Нуралиев бо Камен Захариев

250 000 сомонӣ ғолибонро интизор аст

Таъсиси Маркази илмӣ – таҳқиқотии технологияи инноватсионӣ

30 миллион сомонӣ қарзи аҳолӣ аз ҳаққи хизматрасонӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед