logo

муҳоҷират

Муҳоҷирати дохилӣ: ҳадаф ободии кишвар аст

Муҳоҷирати экологӣ дар бисёр кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон, аз масъалаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад ва пайваста таҳти назари Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Барои амалӣ намудани он чӣ гуна тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд? Убайдуллои МУРОД, хабарнигори «Ҷумҳурият» дар ин бобат бо суолҳои зер ба Анвар Бобоев, муовини аввали директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, муроҷиат кард:

-Муҳоҷирати экологӣ, яъне ба минтақаҳои бехавф кӯчондани хонаводаҳои дар мавзеъҳои хавфнок ва ҳам сохтмонҳо сукунатдошта, чӣ гуна сурат мегирад?
 -Тибқи таҳлили кории Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо имрӯз зиёда аз 100 ҳазор хонаводаи ҷумҳурӣ дар мавзеъҳои хавфнок зиндагӣ мекунад. Барои пешгирии офатҳои табиат ва фавти одамон бояд онҳо ба минтақаҳои бехавф кӯчонда шаванд ва ин амал тибқи нақшаи барои солҳои 2005-2010 таҳиянамудаи вазорат анҷом мепазирад. Ҳар сол дар доираи нақша бояд то ҳазор оила кӯчонда шавад. Соли 2007 934 хоҷагӣ ба мавзеъҳои бехавф кӯч баст. Ҷойивазкунии аҳолӣ, агар имкон бошад, дар дохили ноҳия, агар имкон набошад, ба дигар манотиқ сурат мегирад. Порсол 543 оила кӯчонида шуд. Ҳукумат барои сохтани манзил 1500 сомонӣ қарз ҷудо мекунад, ки бо ин маблағ сохтани манзил имкон надорад. Аз ин хотир Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои ҳалли мушкилоти раванди муҳоҷират ва зиёд кардани маблағгузорӣ дар мувофиқа бо вазоратҳои дигар ба Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат карда буд. Бо салоҳдиди Ҳукумат соли 2008 шумораи оилаҳои ҳар сол кӯчанда аз 1200 ба 600 фароварда шуда, қарзи имтиёзнок то 3 ҳазор сомонӣ (барои ҳар хонавода) муқаррар гардид.
Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷудо намудани қитъаи замин душвориҳо пеш омаданд. Қарорҳо барои ҷудо кардани замин дер ба тасвиб мерасиданд. Инчунин мақомоти маҳаллӣ имкони сари вақт кӯчондани муҳоҷиронро надошт. Барои бунёди манзил се ҳазор сомонӣ ҳам кам  аст. Аз ин рӯ Вазорати меҳнат ба Ҳукумати кишвар таклиф пешниҳод намуд, ки қарзи имтиёзнок то 6 ҳазор сомонӣ зиёд гардад. Инчунин бонкҳои ҷумҳурӣ ба муҳоҷирони экологӣ бо фоизи кам қарзҳои имтиёзнок медод, ба манфиати кор буд.
-Кӯчондани аҳолӣ дар дохили кишвар аз ҷойҳои хатарнок зарур аст, аммо аз ҷойҳои бехавф низ сокинонро муҳоҷир мекунанд. Ин ба кадом мақсад аст?
-Муҳоҷирати дохилии хоҷагиҳо аз мавзеъҳое сурат мегирад, ки зичии аҳолӣ хеле зиёд бошад. Барои кӯчондани муҳоҷирони ихтиёрӣ низ барои солҳои 2008-2009 нақшаи нав таҳия гардидааст. Порсол тибқи нақша ва дархостҳои расмии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 956 хоҷагӣ ба дигар минтақаҳои заминҳои бекорхобидаашон зиёд кӯчонда шуд. Имсол 1030 хонавода хоҳиши кӯч бастан дорад. Ҳоло яке аз масъалаҳои хеле муҳим, кӯчондани 4 ҳазору 726 хонавода аз ҳавзаи баҳри ояндаи Роғун мебошад. Дар ин бора моҳи декабри соли 2008 қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардид.
Ҷобаҷокунии сокинон дар дохили ноҳияи Нуробод, ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзодаву ноҳияи Рӯдакӣ сурат мегирад. Масъулон бо мавзеъҳои ноҳияҳои Данғараву Рӯдакӣ ва шаҳри Турсунзода шинос шуданд. Вобаста ба ин масъала дар шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод чанд ҷаласа баргузор гардид. Моҳи феврали соли равон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарии вазири меҳнат ва масъулини Ҳукумати ҷумҳурӣ ситод барпо гашт. Қарор шуд, ки нақшаи пай дар ҳам кӯчондани хонаводаҳое, ки манзилашон зери об мемонанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардад. Хонаводаҳо бо хоҳиши худ ба минтақаҳои интихобкардаашон кӯчонда хоҳанд шуд. Дар макони нави муҳоҷирон бояд мактабу боғчаи бачагона, қувваи барқ, оби нӯшиданӣ, мағозаву клубу китобхона ва роҳҳо сохта шаванд. Ҳукумати ҷумҳурӣ иқдом дорад, ки муҳоҷирон дар ҷойи нав ҳатман соҳиби ҷойи кор гарданд. Иҷрои ин кор дар робита бо даҳ вазорат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо амалӣ мешавад.
Муҳоҷирати дохилӣ ҳанӯз аз солҳои 2001-2002 ба ноҳияҳои Қубодиёну Қумсангир ва Носири Хусрав оғоз гардида буд ва аввалинҳо ба ноҳияҳои Қубодиён ва Қумсангир аз ВМКБ омаданд. Таи солҳои 2002-2007 ба ноҳияи Носири Хусрав зиёда аз 1500 хоҷагӣ кӯчонда шуд. Вале, мутаассифона, танқисии оби нӯшиданӣ маҷбур кард, ки қисме аз шаҳрвандон ба ҷойи пештараи зисти худ баргарданд. Лекин имрӯз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав ва вилояти Хатлон хоҳони онанд, ки шумораи муайяни муҳоҷиронро аз дохили вилоят ба ноҳия кӯчонанд. Зеро дар ин мавзеъ заминҳои зиёди бекорхобида интизори ободгару заминкушоён аст.
-Ба назарам, дар шароити кунунӣ ба муҳоҷирати дохилӣ бо нигоҳи нав бояд нигарист.
-Бале. Мақсад аз муҳоҷират ободии ин ё он минтақа, дар маҷмӯъ ободии кишвар  аст. Бояд коре кунем, ки муҳоҷирон ба дасту дили гарм мавзеи омадаашонро ободу сарсабз намоянд. Ҳам худ манфиат бинанду ҳам ҷамъият. Бояд муҳоҷирон пеш аз кӯчидан ҷои зисти ояндаи худро дида, бо муҳит ва шароити макон ошно шаванд.
Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои ҳалли мушкилоти муҳоҷират низомномаи наверо таҳия кард ва бо дигар вазоратҳо мувофиқа кунонда ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуд. Соли 2007 1000 оила аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба чор мавзеи шаҳри Турсунзода кӯчонда шуд. Вале дар мавзеъҳои маскуншудаи хоҷагиҳо таъминоти оби нӯшиданӣ то ҳол ҳалли ниҳоии худро наёфтааст. То имрӯз 410 хоҷагӣ манзили истиқоматии худро сохт, 490 хоҷагии дигар сохтмони пойдевор ва деворҳои хонаҳояшонро ба анҷом расонд. Қарзи имтиёзнок басанда нест. Инчунин масъалаҳои қувваи барқ ва сохтмони роҳҳо низ садди дигареанд, ки онҳоро бояд бартараф кард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1547
07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед