logo

паёмҳо

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати иди Қурбон

Ҳамватанони азиз!
Ба муносибати иди саиди Қурбон, ки рӯзи 24-уми сентябр фаро мерасад, ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан оромиву осоиш, рӯзгори обод ва файзу баракат орзу менамоям. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва фазои орому осудаи кишварамон мардуми мо маросиму суннатҳои диниву мазҳабии худро озодона иҷро мекунанд.
Иди Қурбон аз ҷумлаи арзишҳои муқаддаси суннатии мардуми мусулмони мо буда, одамонро ба корҳои хайру саховат ва амалҳои нек ҳидоят менамояд ва дар қалби ҳар фарди мусулмон ниҳоли меҳру муҳаббатро нисбат ба ҳамдигар решадор месозад.
Ин амалҳои хайр, дар навбати худ ба пойдории сулҳу суботи кишвар, оромиву осоиши ҷомеа ва таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо мусоидат мерасонанд. Зеро худи ин иди саид бар пояи ормонҳои башардӯстиву инсонпарварӣ ва шафқату бародарӣ зуҳур кардааст.
Иди Қурбон бо ҳамин хусусиятҳои неку инсондӯстонааш дар миёни мардуми шарифи Тоҷикистон ва дигар мусулмонони дунё мақоми басо арзишманд дорад. Ҷавҳари асосии иди Қурбонро талқини арзишҳои инсонӣ, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон ба ятимону маъюбон, дармондагону ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат ташкил медиҳанд.
Имрӯз сокинони кишварамон бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият ва аз баракати сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ дар баробари заҳмати созандаву ободгарона ба анҷом додани амалҳои хайр эътибори бештар медиҳанд ва бо ин иқдоми худ соҳиби савоби зиёд мегарданд. Воқеан, дини мубини ислом сарчашмаи адаб, махзани бузурги панду насиҳат ва тарғиби некиву накукорист.
Бинобар ин, ҳар яки мо бояд бо арҷ гузоштан ба ин арзишҳо бо илму фарҳанг, ҷавонмардиву саховатмандӣ ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошем ва барои эъмори як ҷомеаи пешрафтаву солим саъю талош намоем. Хусусан, дар шароити торафт тезутунд гардидани раванди ҷаҳонишавӣ, ки баъзе қувваҳои носолим дини мубини исломро ҳамчун воситаи ангезишҳои сиёсӣ ва амалӣ намудани манфиатҳои гурӯҳӣ истифода мебаранд, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳем.
Инчунин арзишҳо ва фарҳанги инсонпарваронаи исломро ба манфиати суботи ҷомеа ва давлат, таҳкиму пойдории ахлоқ ва рушди бомароми маънавиёти  мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон равона намуда, дар қалби одамон эҳсоси дӯстиву рафоқат, меҳру шафқат, хайру саховат ва таҳаммулу ваҳдатгароиро густариш бахшем.
Вобаста ба ин сифатҳои башардӯстонаи дини мубини ислом  мехоҳам хотирнишон созам, ки яке аз оинҳои иди мубораки Қурбон, яъне қурбонӣ кардан ва забҳи чорво танҳо ба шахсоне раво дониста шудааст, ки имконияти молиявии аз таъмини хонаводаашон бештар доранд. Ба дигарон ба номи Худованд ва наздикону ақрабо дуову дуруд фиристодан ва анҷом додани дигар амалҳои хайру солеҳ вобаста ба сатҳи зиндагиашон кори савоб ба ҳисоб меравад.
Бузургони мо беҳуда ҳатто бо якдигар сухани нек гуфтан, рафтори шоиста доштан ва дили касеро шод гардониданро беҳтарин садақаву хайрот нагуфтаанд. Итминони комил дорам, ки дар пояи сифатҳои олии ин иди саид шахсони ҳимматбаланду саховатпеша ба ятимону маъюбон, бепарасторону муҳтоҷон ва шахсони камбизоат кумак карда, бо ин амали хайру башардӯстонаи худ соҳиби савоби зиёд мегарданд.
Дар Ватани маҳбуби мо - Тоҷикистон иди Қурбон ҳамеша дар фазои эҳсону шафқат ва оромиву осудагӣ баргузор гардида, хурду бузурги кишвар ҳамдигарро бо меҳру муҳаббати хоса табрик мегӯянд ва аз ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва дӯстиву рафоқат шукрона мекунанд. Хотирнишон менамоям, ки яке аз рукнҳои дини ислом имтиёзи маънавиёт бар моддиёт буда, он дар меҳвари сафои ботинӣ ва поккории ахлоқу нафсонияти инсону ҷомеа ва қаноату сарфакорӣ қарор дорад.
Бузургони мо дар ин бора панду андарзҳои зиёде гуфта, исрофкориро мазаммат намудаанд. Масалан, Унсурмаолии Кайковус дар «Қобуснома» таъкид менамояд, ки «харҷ ба андозаи дахл бояд бошад, то ниёзманд набошӣ». Яъне қаноат пеша кардан ва дороии худро барои беҳбудии оилаи худ сарф кардан асоси пешравӣ ва баланд гардидани дараҷаи зиндагии ҳар сокини кишвар мебошад.
Дар ин рӯзи муборак бо шукргузорӣ аз амну амонии мамлакат ва давлату давлатдории миллиамон бо нияти саодату некбахтии ҳар як сокини Тоҷикистони азиз орзу менамоям, ки бигзор ин сарзамини сарсабзу ободи мо ва мардуми шарифу сарбаланди он аз ҳама газанду офатҳо дар амон бошанд.
Фарорасии иди саиди Қурбонро бори дигар ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамон табрик гуфта, бароятон хонаободиву сарбаландӣ, тандурустиву фарохдастӣ ва саодати рӯзгор мехоҳам.
Иди саиди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.09.2015    №: 193    Мутолиа карданд: 10292

28.05.2017


ХАТЛОН. Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонон

Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон. Чорабиниҳои идона дар Дубай ва Пекин

Як ҳамоиши муҳим

Гӯшаи кишоварз

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд

Ташкили боз як воситаи алоқаи низомии ИМА ва Русия дар Сурия

Эҳтимоли аз музокирот оид ба «Брексит» даст кашидани Лондон

Парвоз дар «аэромобил» аз таксӣ қимат нахоҳад шуд

20.05.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Жан Асселборн

Густариши ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе

Яъқуби Ҳикматулло – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ДАР ХУҶАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп: «Дар таърих ноодилонатарин муносибат бо ман шуда истодааст»

Боздошти гумонбарҳо дар омодасозии кирдори террористӣ дар Лондон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед