logo

фарҳанг

Шашмақом садои зиндаи тамаддуни тоҷик аст

Мусоҳибаи хабарнигори «Ҷумҳурият», Абдулқодири Раҳим, бо доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор, Аслиддин Низомӣ.

- Таҷлили Рӯзи Шашмақом ва дастрасӣ ба ин мусиқии ҳазорсолаи ниёгонамон чӣ таъсире дар маънавияти ҷомеа ворид намудааст?
- Мардуми кишвар, алалхусус аҳли фарҳанг, кайҳост ба хубӣ дарк намудаанд, ки ҳар як иқдоми фарҳангӣ, ки аз ҷониби Сардори давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳёи арзишҳои бузурги маънавӣ сурат мегирад, фавран дар дилу дидаи ҷомеа ҷои сазовори хешро пайдо ва дар роҳи боз ҳам устувортар намудани сатҳи хештаншиносии миллати мо нақши беандоза бузургеро иҷро мекунад.
Мусиқии Шашмақом дунёи бекарони савту навоҳост, ки онро аҷдодони мо дар тӯли садсолаҳо офаридаанд ва онҳоро  садҳо ҳунармандони асил бо илҳоми саршор сайқал додаанд.  Шакли имрӯзаи Шашмақом – ин маҳсули эҷоди бузургтарин ромишгарони тоҷик буда, ҳамчун боли баландпарвози назми оламшумули тоҷикӣ-форсӣ эътироф шудааст. Аз рӯзи ба тасвиб расидани фармони таърихии Президенти мамлакат  ҳамагӣ 9 сол сипарӣ гардида, вале дар ҳамин муддати начандон тӯлонии таърихи навини кишварамон дар ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла дар рушди мусиқии классикии мо дастовардҳои бузурге ба назар мерасанд. Бо Қарори ташкилоти байналмилалии ЮНЕСКО  Шашмақоми тоҷик ҳамчун мероси нодири фарҳангии аҳли башар эътироф, нашри нави шашҷилдаи Шашмақом оғоз гардид ва ҷилди нахустини он ба табъ расид.
Дар вохӯрии навбатии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё бори дигар таъкид шуд, ки ҷилдҳои минбаъдаи онро низ ба чоп омода намоянд. Ва аз ҳама муҳимтараш, мусиқии Шашмақом рӯз аз рӯз бештар вориди зеҳну завқи шунавандагон мегардад.
Масалан, бори аввал дар таърихи муосири фарҳанги Тоҷикистон аз ҷониби мутрибони Ансамбли давлатии Шашмақоми ба номи Фазлиддин Шаҳобов бахши созии мақоми Бузург ба пуррагӣ бо услубу таҳрири нав иҷро карда шуд. Дар толори мусиқии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ чанд рӯз қабл аҳли фарҳанг ва мухлисони сершумор шоҳиди он гардиданд, ки «Мушкилот»-и Шашмақом чӣ гуна мисли як асари калонҳаҷми мусиқӣ ба тариқи силсилавӣ ва комилан иҷро гардид.
 Албатта, солҳои пеш низ устодони маъруфи мо – Фазлиддин Шаҳобов, Бобоқул Файзуллоев ва Шоҳназар Соҳибов низ бахшҳои созии Шашмақомро хеле моҳирона менавохтанд, вале бояд иқрор шуд, ки «Мушкилот» боре ҳам ба пуррагӣ иҷро нагардида буд. Ҳол он ки маҳз дар бахши созии мақомҳо бинои оҳангӣ, таносуби зарбу усулҳо ва ниҳоят симои эстетикии ин ё он мақоми алоҳида шаклбандӣ мешавад. Яъне мо кунун гуфта метавонем, ки рушди ҳунари мақомхонӣ ба давраи нави такомули хеш ворид гардид, ки ин бешубҳа дастоварди бузурги фарҳанги замони истиқлолият ба шумор меравад. Устоди чирадаст Сироҷиддин Ҷӯраев, ки миёни мухлисони Шашмақом ҳамчун дуторнавози моҳир шӯҳрат дорад, ин дафъа ба сифати танзимгари нуктасанҷ шакли пурраи Мушкилоти Бузургро пешкаши шунавандагон сохт ва воқеан баҳои хеле баландро сазовор гардид.
-Оё шунидан ва баҳра бурдан аз мусиқии Шашмақом душворие дорад? Аслан мурод аз ин пурсиш он аст, ки  андешаи Шуморо дар бораи тафовути миёни мусиқии классикӣ ва таронаҳои омиёна бифаҳмам.
-Бале, чунин тафовут вуҷуд дорад ва ин комилан табиист. Барои муқоиса биёед ба мазмуни ғазалиёти Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷалолиддини Румӣ ё худ Бедил муроҷиат мекунем. Оё ҳар як хонандаи қаторӣ ё худ ҳар як мухлиси ҳатто хеле бомаърифати назми классикии мо метавонад гӯяд, ки ба маъниҳои пур аз рамзу асрори шеъри ирфонӣ сарфаҳм меравад? Мусиқии Шашмақом айнан ҳамин гуна сатҳи хеле душворфаҳми рамзҳои бадеиро соҳиб аст. Савту калом дар Шашмақом тавъам омадаанд ва дар якҷоягӣ маънии тозаро, ки болотар аз завқпарастиву дилхушии омиёна қарор дорад, ифода месозанд. Беҳуда нест, ки ҳанӯз Имом Ғазолӣ мусиқиро ба ду навъ – яке савту навоҳои танҳо дилхушкунанда ва дигаре мусиқии рӯҳафзо тақсимбандӣ намуда буд. Ва зимни ҳамин тақсимбандӣ мусиқии соф дилхушкунандаро мазаммат кардааст. Маълум мешавад, ки мусиқии рӯҳнавоз аз қадимулайём сатҳи хеле болои ҳунариро соҳиб гардида ва аз ин сабаб дарки он, албатта, душвортар аст.
Дар мусиқии классикии тамоми олам ин ҳолатро ба мушоҳида гирифтаанд. Масалан, ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки симфонияҳои Бетховени бузургро кулли мардуми  Олмон ё худ умуман Аврупо комилан дарк мекунанду мепарастанд. Шоҳасарҳои бадеии ҷаҳонӣ – чи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бошаду чи фоҷиаҳои Шекспир, ҳама дар сатҳи хеле мураккаби услуббандӣ ва воситаҳои баёнӣ эҷод карда шудаанд ва ана ҳамин ҳолат, яъне истифодаи рамзҳои бисёрпаҳлӯ қимати бадеӣ, эстетикӣ ва таърихии онҳоро баланд мекунад.
 Дар системаи оҳангҳои Шашмақом рамзҳои бадеӣ тавассути риояи қонуниятҳои махсус таҷассум меёбанд ва барои дарки онҳо шунаванда бояд, ки аз дунёи мусиқӣ таҳсили хуб дошта бошад. Худатон қазоват кунед, масалан дар системаи мақоми Рост навоҳои пай дар пай иҷромегардида ба шунаванда ҳаракатро ба сӯи Роҳи Рост ҳидоят мекунанд, яъне инсон бояд барои ба мақсади олии хеш расидан роҳеро интихоб намояд, ки ӯро ба манзилгаҳи мақсуд бирасонад. Ё худ маънии мақоми Ушшоқро ба ёд биёрем. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳанӯз устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз асрори ин оҳанги наҷиб бохабар буд ва бо мақсади ба Бухоро баргардонидани Амири Сомонӣ қасидаи «Бӯи ҷӯйи Мӯлиён»-ро маҳз дар ҳамин мақом сароидааст.
 Дар як қатор рисолаҳои қадимии мусиқӣ муаллифон зикр намудаанд, ки мақоми Ушшоқ дар дили шунаванда ҳисси муҳаббат ба Ватанро бедор менамояд. Пас маълум мешавад, ки барои яқинан дарк намуда лаззат бурдан аз мусиқии Шашмақом шунаванда бояд бо системаи маъниҳои мақомҳо ошно бошад. Шояд барои ҳамин бошад, ки Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар авохири умри муборакашон бо тавсияи дӯстон ба таснифи рисолаи мусиқӣ камар бастанд ва дар он маҷмӯи мусиқии Дувоздаҳмақомро шарҳи комил доданд.
-Пас, ба ақидаи Шумо чӣ бояд кард, ки ин падидаи комилан ирфонии мусиқии миллатамон дастраси ҳамагон гардад?
-Хушбахтона, тайи чанд соли охир дар кори тарғиби мероси мусиқии классикиамон – чи Шашмақому чи суннатҳои Фалакхонӣ корҳои зиёде ба анҷом расидаанд. Ҳамагӣ бист сол қабл дар Тоҷикистон танҳо як гурӯҳи мақомхонӣ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  мавҷуд буд, гурӯҳҳои махсуси фалакхонӣ умуман амал намекарданд. Акнун санъати волои Шашмақому Фалак дар сатҳи умумидавлатӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор дорад, омӯзиши онҳо  дар донишкадаҳои ҳунар ба барномаҳои таълимӣ ворид карда шудааст.
Дар баробари Ансамбли давлатии шашмақомхонони пойтахт дар шаҳри Хуҷанд гурӯҳи хеле овозадори «Нури Хуҷанд» ҳунарнамоӣ мекунад, ки воқеан вориси арзандаи услуби асили мақомсароёни маъруф – Содирхон Ҳофиз, Мақсудҷон Болтаев, Маъруфхӯҷа Баҳодуров ба шумор меравад. Зери сарварии устоди Шашмақом шодравон Боймуҳаммад Ниёзов ва устод Ҷӯрабек Муродов ин ансамбл таи зиёда аз даҳ сол ба тарғиби мусиқии классикӣ машғул аст. Боиси хурсандист, ки чанд сол инҷониб дар шаҳри Қӯрғонтеппа гурӯҳи мақомхононро таъсис доданд. Дар шаҳри Турсунзода низ дастаи хеле овозадори мақомсароён фаъолият дорад. Хурсандиовар аст, ки дар ноҳияи Файзобод – диёри истеъдодҳои нодири мусиқӣ Ансамбли Шашмақом фаъолият дорад ва бо итминони комил метавон гуфт, ки ин дастаи наҷиби ҳунарӣ минбаъд назокати мақомҳоро бо услуби хоси кӯҳистонӣ талқин хоҳад намуд.
-Оё дар кӯҳистон қаблан, яъне дар замонҳои пеш, мақомхонӣ вуҷуд дошт?
-Албатта, вуҷуд дошт. Макони ташаккули мақомҳо ҳамчун системаи бадеӣ ва ҳунари профессионалӣ шаҳрҳои бузург – ба мисоли Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ба ҳисоб мерафтанд. Лекин як чизро мо бояд ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур насозем. Агар гӯем, ки Шашмақом маҳсули эҷоди танҳо устодони ин ё он шаҳри бузург аст, хатои маҳз мекунем. Барои мисол таърихи ташаккули жанри таронаро ба ёд меорем, ки имрӯз дар сохтори Шашмақом нақши хеле бузург дорад. Таронасароӣ суннати қадимаи халқи мо ба шумор меравад ва маъмулан дар байни оммаи васеи мардум ташаккул ёфтааст. Рӯдакӣ таронаро вориди назми классикӣ сохт ва баъдан тарона вориди Шашмақом гардид.
Шашмақомхонӣ дар замонҳои пеш дар аксари манотиқи Мовароуннаҳр, дар марказҳои фарҳангӣ, ки соҳиби мактабҳои адабӣ ва ҳунарӣ ба шумор мерафтанд, маъмул буд. Масалан, дар минтақаи Дарвоз, ки гӯё аз Бухоро хеле дур менамуд, мақомхонӣ хеле ривоҷ ёфта буд ва маҳсули ҳамин суннатҳо замоне мақомҳои «Ушшоқи Дарвоз», «Ироқи Дарвоз», «Талқини Дарвоз» ташаккул ёфтанд. Устод Ака Шариф Ҷӯраев  ин навоҳоро хеле моҳирона ва бо услуби нотакрор месуруданд. Дар воқеъ агар ба сарчашмаҳои таърихии суннати мақомхонӣ назар афканем, аён мегардад, ки истифодаи ҳамаҷонибаи тарзи силсилабандӣ дар мусиқии суннатӣ маҳз дар манотиқи кӯҳистон рушд намудааст. Масалан, сохтори жанри фалакхонӣ маъмулан чаҳор-панҷ банди оҳангиро дар бар мегирад, ки зарбу усули мухталиф ва матнҳои гуногун доранд. Пас бо итминони комил метавон гуфт, ки решаҳои суннати мақомхонӣ маҳз ба анъанаҳои мусиқии суннатии тоҷик алоқамандӣ доранд.
-Шумо дар оғози сӯҳбат ёдовар шудед, ки Шашмақом бо назми классикии тоҷику форс пайванди ногусастанӣ дорад. Мехостам ин нуктаро андаке муфассалтар шарҳ диҳед.
-Саҳифаҳои ташаккул ва инкишофи таърихии Шашмақом қариб комилан бо пайдоиш ва рушди шеъри оламшумули мо пайванд аст. Ҳар як падидаи тозаи шеъри классикӣ бо амри анъанаҳои устувор ҳатман вориди мусиқии Шашмақом мегардид. Масалан, инкишофи жанри Ғазал барои сароидани Сарахборҳои Шашмақом такон бахшид, Мухаммас бошад, ба Савтҳо, Мустазод, Соқинома. Хулоса, ҳар як намуди тозаи шеърӣ ба ташаккули як боби нави  Шашмақом ба сифати пояи асосии вазну маънӣ хизмат менамуд. Аҷибаш он аст, ки рӯҳияи асосӣ ва назокати ирфонии ин ё он жанри шеърӣ дар мусиқии Шашмақом таҷассуми хос пайдо мекарданд ва боре ҳам инчунин нашудааст, ки оҳанг мухолифи ин назокат шуда бошад. Масалан, шеъри Соқинома дар Шашмақом ҳеҷ гоҳ бо оҳанги маҳзун суруда намешавад ё худ таронаҳои Шашмақом пайваста характери сурудҳои одии мардумиро доранд.
-Маълум аст, ки дар фарҳанги як зумра мардумони мамолики Шарқ суннати мақомхонӣ бо шаклҳои мухталиф маъмуланд. Оё онҳо бо Шашмақоми тоҷикӣ ягон иртиботе доранд?
-Бале, масалан дар Эрон мақомхонӣ таҳти унвони дастгоҳҳо (Ҳафт дастгоҳ), дар Озарбойҷон - Муғомхонӣ, дар Уйғуристони Чин – «Муқомлар», дар Хоразми Ӯзбекистон – Мақом ва ғайра машҳур мебошанд. Дар Марокаш, Алҷазоир ва Тунис бошад, ин намуд жанрҳои мусиқии классикиро «Нӯба» меноманд. Аҷиб аст, ки дар ин кишварҳои африқоӣ номҳои соф тоҷикии ин асарҳо – «Сика» (Сегоҳ), «Ҷарқаъ» (Чоргоҳ) истифода мегарданд. Доир ба номгузории тарзи «Нӯба» бошад, ёдовар мешавем, ки ин жанр ҳанӯз дар қарни 14 дар Самарқанд маъмул будааст.
Дар ин хусус олими маъруфи он замон, яке аз мусиқачиёни дарбори темуриён Абдулқодири Мароғаӣ маълумоти саҳеҳ овардааст. Аммо дар асл бояд зикр намуд, ки воқеан кулли ин падидаҳо решаҳои ягонаи таърихӣ доранд ва зимни риояи қавонини мақомхонӣ ҳар як миллати соҳибфарҳанг системаи оҳангии ба худ хосро эҷод намудааст.
-Оё метавон гуфт, ки дар манотиқи хеле фарохи Шарқ маъмул будани ҳунари мақомхонӣ сабабгори баҳсу мунозираҳо, аниқтараш талошу кашмакашиҳои ба ном «фарҳангшиносон» гардида бошад?
- Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз дар лаҳзаҳои тақдирсози таърихии ин ё он давлати ҷавон ба сӯи мероси фарҳангӣ ва арзишҳои асили миллии он чашм ало карда мешавад. Шашмақом дар ин маврид истисно нест. Мо қабл аз ҳама бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки фармони таърихии Президенти кишвар оид ба эҳё ва рушди санъати Шашмақом айни муддао гардид. Айнан мисли иқдоми таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, ё худ эълон намудани Соли бузургдошти Имоми Аъзам.
Чанд сол аст, ки дар саҳифаҳои матбуоти кӯчагии баъзе давлатҳои Ғарб даъвою ғавғои гӯё соҳибони нави Шашмақом ба табъ мерасанд. Ин ҷо метавон байти устод Лоиқро ёдовар гардид, ки гуфта буданд:
Офтоб аз ҳасади шамъ наафтад ба замин,
Ба шикоятнависи зӯр дилам месӯзад.

Дар айни замон бояд иқрор шуд, ки ба ҳаракатҳои ботили фарҳангшиносони патаксӯхта баъзан ҳамватанони худамон низ пайравӣ мекунанд. Муборизаи фарҳангӣ перомуни мероси мусиқии классикии халқи тоҷик кайҳост оғоз гардидааст ва мо, чӣ тавре ки Президенти мӯҳтарам борҳо таъкид намудаанд, набояд дар ин маврид ҳушёрии сиёсиро аз даст диҳем.    
-Шумо дар яке аз рисолаҳои ба таърихи Шашмақом бахшидаи хеш зикр намудаед, ки Шашмақом садои зиндаи тамаддуни халқи тоҷик аст. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
-Бале, тамаддунҳо бидуни шубҳа аз худ осори мухталиф ва рангоранг боқӣ мегузоранд. Бостоншиносон аз қаъри гили сияҳ бузургтарин падидаҳои фарҳанг ва тамаддуни моро берун меоранд ва ин аст, ки мо таърихи Панҷакенту Ҳулбук, Истаравшану Тахти Сангинро шинохтем. Ин авомил, албатта, сатҳи хештаншиносии миллати моро боло мебардоранд.
 Дар ҳамин радиф мо бо ифтихор бояд иқрор шавем, ки мусиқии Шашмақом, ки таи садсолаҳо наво ва каломи тоҷикии худро гум накарда ба тариқи шифоҳӣ то ба замони мо омада расидааст, аз зумраи падидаҳои ҳамон тамаддунҳои бузурги қадимаи мо ба шумор меравад.
Мусиқӣ дар хислати аслии хеш ҳунарест дахолатнопазир, онро ҳеҷ қудрати заминӣ вайрон карда наметавонад, зеро оҳангҳои маъруфи замон дар лаҳзаҳои таҳдидангези таърих гӯё ба умқи хиради миллат пинҳон мешаванду ва боз ҳамин гуна дар саҳифаи дигари рӯзгори нурафшони соҳибашон аз нав ба садо меоянд. Амри тақдир ва шуҷоати Сардори давлати навини тоҷикон буд, ки имрӯз мусиқии Шашмақом аз нав дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз гардидааст. Ин садову ин наво имрӯз омили бузурги ғанигардонии ҷаҳони маънавии мо шуд ва минбаъд низ рӯҳи фарҳангсозии миллатро ба илҳом хоҳанд овард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1099

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед