logo

суханрониҳо

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 64-умин солгарди Ғалаба, 9 майи соли 2009

Ғалаба бар фашизм рӯйдоди фаромӯшнопазир аст

Ҳамватанони азиз!
Ветеранҳои мӯҳтарам!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар таърихи тӯлонии ҳаёти башарият рӯйдодҳое ба вуқӯъ пайвастаанд, ки бузургӣ ва шаҳомати онҳо бо гузашти замон боз ҳам бештар мегардад. Рӯзи Ғалаба бар фашизм, ки имрӯз дар миёни мардуми сулҳпарвар ва тараққихоҳи ҷаҳон бори шастучорум таҷлил мегардад, аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои фаромӯшнопазир аст.
Ин санаи таърихӣ дар қатори собиқадорони ҷанг ва одамони калонсол барои наслҳои имрӯза ҳам гиромиву муқаддас аст, чунки он рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падарону бобоёни мост.
Ғалаба бар фашизм ва аз зулму асорати он раҳо ёфтани аҳли башар бори дигар собит сохт, ки агар дар байни халқҳо ва давлатҳо дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дошта бошад, ягон қувваи бадхоҳу аҳриманӣ аз болои онҳо пирӯз намешавад.
Ба ибораи дигар, ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон маҳз ба шарофати дӯстии халқу миллатҳои собиқ Шӯравӣ муяссар гардид, ки ин нуктаро ҳеҷ кас ҳаққи фаромӯш кардан ё нодида гирифтан надорад.
Дар айёми пуртазоди мо низ, яъне замоне, ки ба суботу оромии ҷаҳон хатарҳои азим, аз қабили терроризми байналхалқӣ, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории трансмиллӣ ва монанди инҳо таҳдид мекунанд, ин сабақи бузурги таърихӣ маънии торафт муҳим касб менамояд.
Дар ин рӯз ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ бархоста буданд, халқи Тоҷикистон низ саҳми ба худ муносиб гузоштааст.
Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои мубориза шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шудаанд.
Дар он давраи мудҳиш дар Ватани мо кам хонадонеро дучор омадан мумкин буд, ки доғи он ҷанги хонумонсӯзро надида бошад. Нӯҳуми май моҳиятан рӯзи шодиву нишот аст, вале ҳамчунон санаи ёдбуди онҳоест, ки барои халқу Ватан ҷони худро нисор кардаанд.
Мо имрӯз дар назди хотираи тамоми қурбониёни ҷанг сари таъзим фуруд меорем.
Ёди онҳо ба хайр ва рӯҳашон шод бод!
Дӯстони азиз!
Ҳоло даврони истиқлол аз мо тақозо менамояд, ки ҳаёту рӯзгори чунин қаҳрамонону диловаронро омӯзем ва ба дигарон омӯзонем. Зеро ҷоннисориҳои онҳо дар майдони набард барои насли ҷавони миллат дарси матонату шуҷоат, ватандорию ватанпарастӣ, намунаи ҷасорат ва хислатҳои неки инсонӣ буда, барои бунёди ҷомеаи навини мо ва тарбияи насли созанда дар рӯҳияи ватанхоҳиву фидокорӣ мусоидат менамояд.
Ба ҷой овардани эҳтиром ва расонидани кӯмаки беминнат ба иштирокчиён ва собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат қарзи инсониву имонии ҳар як шахси савобҷӯй мебошад.
Ин кори хайр бояд аз ҷониби роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорону тоҷирони баландҳиммат мунтазам амалӣ карда шавад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар бобати кӯмаки моддӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат, беҳтар кардани шароити зиндагӣ ва умуман бо ғамхорӣ фаро гирифтани онҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҳамаи чораҳоро андешида истодааст.
Зеро ин масъала яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлати мо мебошад ва мо кӯмаку ғамхориро ба гурӯҳҳои нисбатан осебпазири аҳолӣ, пеш аз ҳама ветеранҳои ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон ва нафақахӯрону оилаҳои камбизоат минбаъд бештар мекунем.
Ҳамчунин мехоҳам хотирнишон созам, ки дар он давраи мудҳиш мардуми мо – занону кӯдакон ва шахсони солхӯрда низ дар ақибгоҳ бо заҳмат ва фидокории бемисл рӯзи ғалабаро наздик мекарданд.
Агар дар солҳои ҷанг ақибгоҳи мустаҳкаму тавоно намебуд, ба ғалаба ноил шудан аз имкон берун буд. Бо вуҷуди душвориҳои зиёд халқи тоҷик дар фурсати кӯтоҳтарин фаъолияти тамоми сохторҳои иқтисодии ҷумҳуриро ба таъмини эҳтиёҷоти ҷабҳа равона намуд.
Танҳо дар се моҳи аввали ҷанг 30 корхонаи бузурги саноатӣ ба Тоҷикистон кӯчонида шуда, корхонаҳои саноати бофандагӣ, хӯрокворӣ, саноати сабук ва саноати маҳаллии Тоҷикистон ба истеҳсоли маҳсулоти барои ҷабҳа зарурӣ оғоз карданд. Ин корхонаҳо дар навбати аввал муҳимоти ҳарбӣ ва маводи гуногуни ғизоӣ истеҳсол мекарданд.
Дар солҳои душвори ҷанг Тоҷикистон дар ҳалли масъалаи стратегӣ, яъне таъмини аҳолии кишвар бо ғалла саҳми бузург ва бесобиқа гузошт. Дар он давра истеҳсоли ғалла аввалин маротиба ба 700 ҳазор тонна ва пахта ба 510 ҳазор тонна расонида шуд.
Ин мисолҳо аз он далолат мекунанд, ки халқи мо дар он солҳо дар ақибгоҳ низ намунаи мардонагӣ, устуворӣ ва муҳаббату садоқат нисбат ба Ватанро нишон дода тавонист. Роҳи бошарафи паймудаи падарон ва насли калонсолро имрӯз ҷавонони бонангу номус идома медиҳанд.
Маҳз дар айёми соҳибистиқлолии Тоҷикистон мардуми мо дар асоси таҷрибаи талху мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ бори дигар дарк намуд, ки бе артиши миллии муташаккил ва обутобёфта ҳифз кардани амнияту оромӣ, ҳимоя намудани дастовардҳои истиқлолият, пойдор нигоҳ доштани рукнҳои давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осудаҳолона то чӣ андоза душвор аст.
Ҳамин буд, ки мо дар як муддати басо кӯтоҳ Қувваҳои Мусаллаҳи таълимгирифта ва дорои интизоми қавии давлати соҳибистиқлоли худро таъсис дода, ҳифзи сарҳад, нигоҳ доштани ягонагии марзу буми мамлакат, таъмини амнияти давлат, пуштибонии қонун ва ҳуқуқи шаҳрвандон, ҳимояи муқаддасоти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, амнияту оромии ҷомеаро таъмин карда тавонистем.
Аз ин лиҳоз, ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд хуб дарк намояд, ки хизмати содиқона ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, инчунин ҳимояи марзу буми он мероси аҷдодии мо мебошад.
Садоқат аслан дар хизмати намунавӣ, такмили пайвастаи донишу малакаи касбӣ, маданияти баланди коршиносӣ, ҷаҳонбинии солим, зиракиву ҷасорат, пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз ҳама боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат зоҳир мегардад.
Торафт густариш пайдо кардани равандҳои глобалӣ ва вусъат ёфтани таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир, пеш аз ҳама терроризми байналхалқиву экстремизм ва қочоқи маводи мухаддиру ҷинояткории трансмиллӣ ҳамаи мову шуморо водор месозад, ки ҳушёру зирак бошем ва пайваста ба хотири мустаҳкам кардани пояҳои давлатдории мустақиламон ва пешбурди сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати Тоҷикистон саъю талош намоем.
Дар ин раванд ҳар як узви ҷомеа ва қабл аз ҳама ҷавонон ба қадри собиқадорони ҷангу меҳнат, умуман калонсолон расанд ва эҳтироми онҳоро ба ҷо оранд.
Дар навбати худ, собиқадорон ҳамчун шахсони ботаҷриба ва рӯзгордида ба шукронаи давлати озоду мустақили миллӣ дар кори хайри тарбияи ҷавонон ва ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ кардани онҳо саҳми худро гузоранд.   
Дар охир бори дигар ба ҳамаи шумо – собиқадорони мӯҳтарам ва ба онҳое, ки дар солҳои ҷанг заҳмати вазнини ақибгоҳро бар дӯши худ доштанд, инчунин ба тамоми мардуми Тоҷикистони азизамон Иди Ғалабаро самимона табрик мегӯям.
Бигзор сулҳу амонӣ ва осоишу оромӣ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳукмфармо бошад.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ветеранҳои мӯҳтарам!
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 554

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед