logo

маориф

ЗИМИСТОН ДАР МЕКӮБАД. СОҲАИ МАОРИФ БА ОН ОМОДА АСТ?

Бо расидани мавсими зимистон рӯзҳои башумор мондааст. Маркази обуҳавошиносии кишвар иттилоъ медиҳад, ки аз нимаи дувуми моҳи ноябри соли ҷорӣ ҳаво сард шуда, дар аксари минтақаҳои кишвар эҳтимол  барф борад. Мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабии кишвар ба мавсими мазкур то чӣ андоза омодаанд?

Имрӯзҳо комиссияи махсуси ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Азим Иброҳим, муовини Сарвазири кишвар дар муассисаҳои таълимии вилоятҳо раванди омодагӣ ба давраи тирамоҳ ва зимистонро санҷида истодааст.
Бино ба маълумоти масъулони  раёсатҳои маорифи вилоятҳои кишвар Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон» пурра татбиқ гардида, ҷиҳати бо гармӣ таъмин намудани мактабҳо тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд.
Каримзода Осимӣ, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки то ба имрӯз 10 970 тонна ангишт, 7380 метри кубӣ ҳезум захира гардида, 6 629 метри мураббаъ тирезаҳо шишабандӣ шудаанд.
«Соли ҷорӣ 117  буғхона (кателний)  дар ҳолати корӣ қарор доранд.  Имрӯзҳо дар ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристон  барф  боридааст ва мактабҳо бо гармӣ таъминанд»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Абдулвоҳид Амонбеков,  муовини сардори Раёсати маорифи  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон изҳор дошт, ки раёсати мазкур нақшаи тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузарониро 95 дарсад иҷро кардааст.
- «Аксарияти тирезаҳои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ду қабат шишабандӣ гардида, 5 дарсади тирезаҳои мактабҳои мо як қабат тиреза доранд. То сар шудани сардиҳои шадид танҳо масъала низ ҳал мегардад», -  гуфт Абдулвоҳид Амонбеков.
Маорифчиёни вилояти Хатлон мегӯянд, ки ба мавсими тирамоҳ ва зимистони дарпешистода омодаанд, ҳатто аз соли гузашта, ки ҳаво нисбатан гарм омада буд, захираи зарурӣ доранд.   Сафармуҳаммад  Алимардонов, сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят мегӯяд, ки дар 1 322 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ нақшаи сари вақт омода намудан ба давраи тирамоҳу зимистон 100,4 дарсад иҷро гардидааст.
Ҷамила Убайдуллоева, сармутахассиси Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон дар суҳбат ба мо  гуфт, ки  моҳҳои декабр ва январ рӯзҳои сарду барфӣ дар пеш аст. «Нисбат ба соли гузашта имсол ҳаво аз моҳи ноябр сард мешавад ва резиши барфҳои нахустин ҳам дар ҳамин моҳ дар назар аст. Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон бо назардошти мавзеъҳои кӯҳистонии кишвар аз се рӯз қабл дар бораи обу ҳаво  маълумот медиҳад.   Зимистон соли ҷорӣ эҳтимол аст, ки сардтар ояд», - гуфт ӯ.     Пас аз ҳоло бояд муассисаҳои таълимӣ бо маводи сӯзишворӣ ва гармӣ таъмин бошанд. 
Ҳарамгул САНГОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2015    №: 226    Мутолиа карданд: 1155

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед