logo

илм

ФАВТИ БАРМАҲАЛИ АДИБ АБРОР ЗОҲИР

Субҳи 23 ноябри соли ҷорӣ қалби яке аз сермаҳсултарин адиби муосири тоҷик Аброр Зоҳир  аз тапидан боз монд.
Аброр Зоҳир фаъолияти корияшро соли 1982 ба ҳайси мусаҳҳеҳи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» оғоз намудааст. Пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1989, дубора ба рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Хатлон» ба кор меояд. Солҳои баъдӣ  дар вазифаҳои масъули кумитаи комсомоли вилоят, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва Иттиҳодияи ҷумҳуриявии кино ва видеои «Тоҷиккино» фаъолият намудааст.  Соли 1998 вазифаи сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҷаҳони паём», солҳои 2000-2004 директори Телевизиони Тоҷикистон, солҳои 2004-2005 директори киностудияи «Тоҷикфилм» - ро ба дӯш дошт.  То соли 2007 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар фаъолият намуда, аз соли 2007 то соли 2012 ба ҳайси директори Китобхонаи марказӣ - шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2012 то рӯзи  вафоташ дар вазифаи директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ» - и шаҳри Душанбе фаъолият менамуд.
Марҳум узви Иттифоқҳои  нависандагон,  кинематографистон ва  журналистони Тоҷикистон буд. Хизматҳои шоёнаш дар соҳаи фарҳанг бо унвони  «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қадр карда шудааст.
 Ёди неки Аброр Зоҳир ҳамеша дар қалби дӯстон ва ихлосмандонаш боқӣ хоҳад монд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.15    №: 234    Мутолиа карданд: 12045
18.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо сафири тозатаъйини Озарбойҷон

Ҷамъомади муҳим дар Кумитаи рушди маҳал

Супурдани эътимоднома ба Президенти Беларус

Самтҳои асосии рушди туризм матраҳ гаштанд

Шиносномаи Тоҷикистон дар сархати 81-уми раддабандии байналмилалӣ

Дар Аврупо бидуни Русия сулҳу субот нахоҳад буд

Президенти Миср: «Баҳори арабӣ» ба «хазон шудан» - и 1,4 миллион нафар сабаб гашт»

YouTube тавассути технологияҳои нав 98 дарсади видеоҳои экстремистиро ошкор сохт

Дар баҳри Миёназамин 1400 муҳоҷир наҷот дода шуд

Арманистон минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд менамояд

Истифодаи партовҳои электронӣ барои ороишоти заргарӣ

16.01.2018


Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Найтхарт Хёфер Виссинг

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад»

Баргузории конференсияи сайёҳӣ дар Кӯлоб

Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

ХУҶАНД. Корхонаи истеҳсоли велосипед бунёд мешавад!

Ҷаҳон дар як сатр

Президенти Афғонистон артиши кишварашро бидуни ёрии ИМА нотавон хонд

Сипосгузории Трамп аз Қатар барои «мубориза бо терроризм»

Қазоқистон содироти газро ба Чин афзун мекунад

Испания дувумин кишвари сайёҳии дунё шуд

Дар Арабистони Саудӣ баъди 35 сол кино намоиш медиҳанд

Разведкаи ИМА: «Киштии зериобии «Сан – Хуан» дар они воҳид таркид»

15.01.2018


Баррасии масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар

Мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод ва Леонид Заятс

Ҳамоиш бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ

«Тоҷик Эйр» теъдоди парвозҳоро ба Деҳлӣ зиёд мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Кореяи Шимолӣ омода аст ба Кореяи Ҷанубӣ пайвандад

Интиқоди сарвазири Маҷористон аз сиёсати ИА нисбат ба Русия

Чин соли гузашта аз хориҷа 1300 порахӯрро баргардонд

Қирғизистон: зарар аз коррупсия 1, 4 миллиард сом

Консерни Lactalis миллионҳо бонка ғизои кӯдаконаро бозмехонад

«Реал» барои Неймар аз баҳри Роналду мегузарад?

12.01.2018


Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимтарини Паём дар ВМКБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед