logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 22, мод. 303; с. 2006, № 4, мод. 196; с. 2008, № 3, мод. 201; с. 2010, № 7, мод. 546; с. 2011, № 3, мод. 177, № 12, мод. 855; с. 2013, № 3, мод. 195) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 5 моддаи 31 калимаи «фамилияеро» ба калимаи «насаберо» иваз карда шавад.
2. Дар моддаҳои 33, 134 ва қисми 3 моддаи 143 калимаҳои «фамилия» ва «фамилияи» мувофиқан ба калимаҳои «насаб» ва «насаби»  иваз карда шаванд.
3. Моддаи 58 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 58. Ҳуқуқи кӯдак ба доштани насаб, ном ва номи падар
1. Кӯдак ба доштани насаб, ном ва номи падар ҳуқуқ дорад.
2. Тартиби номгузорӣ ва сабти насаб, ном ва номи падари кӯдак дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» амалӣ мегардад.».
4. Ба моддаи 123 қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«4. Тартиби ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.».
5. Дар моддаи 126:
- қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«4. Тартиби пешниҳоди хулосаи мақомоти васояту парасторӣ ва номгӯи маълумоти онро Низомнома дар бораи мақомоти васояту парасторӣ муайян мекунад.»;
- қисми 4 қисми 5 ҳисобида шавад.
6. Дар моддаи 127:
- қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«2. Муқаррароти сархати якуми қисми 1 ҳамин модда нисбат ба падарандар ва модарандар татбиқ намегардад.»;
- қисми 2 қисми 3 ҳисобида шавад.
7. Моддаи 135 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 135. Тағйир додани сана ва маҳали таваллуди кӯдаки фарзандхондшаванда
1. Барои таъмини сирри фарзандхондӣ бо хоҳиши фарзандхондкунандагон сана ва маҳали таваллуди кӯдаки фарзандхондшаванда метавонанд тағйир дода шаванд. Тағйир додани санаи таваллуди кӯдак танҳо дар сурати фарзандхонд кардани кӯдаки навзод (то яксола) ва ба муддати на зиёда аз се моҳ иҷозат дода мешавад.
2. Оид ба тағйир додани сана ва маҳали таваллуди кӯдаки фарзандхондшуда дар ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондии кӯдак зикр карда мешавад.».
8. Дар ном ва матни моддаи 139 калимаҳои «Маҳрамияти» ва «маҳрамияти» ба калимаҳои «Сирри» ва «сирри» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 148:
- қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Мақомоти васояту парасториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.»;
- қисми 4 хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2015, № 1239

ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ҚАБУЛ КАРДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Ш.  ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 15 октябри соли 2015, № 163

ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ  намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2015, № 126
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.15    №: 235-236    Мутолиа карданд: 876

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед