logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ»


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 7 - 8, мод. 606; с. 2012, № 4, мод. 252, № 7, мод. 686, № 12, қ. 1, мод. 1024; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 400, № 12, мод. 824) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ – ҳуҷҷати маъмурии дорои хусусияти иҷозатдиҳиест, ки аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда ба шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ барои пешбурди фаъолият ё амали муайян, бо нишон додани мӯҳлати он, бо риояи ҳатмии шартҳои иҷозатдиҳӣ дар намуди иҷозат, сертификат, хулоса, тасдиқи санад, мувофиқакунӣ, шаҳодатнома, аттестат, рухсатнома, бақайдгирӣ, супориш ва қарор, ба истиснои иҷозатнома (литсензия), дода мешавад;»;
- ба сархати дуюм пас аз калимаҳои «электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ» калимаҳои «ва феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ» илова карда шаванд;
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- шартҳои иҷозатдиҳӣ - маҷмӯи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷро намудани онҳо аз ҷониби аризадиҳанда  зимни гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ  ва (ё) дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳангоми амалӣ кардани намуди дахлдори фаъолияти соҳибкорӣ ҳатмӣ мебошад;».
2. Ба Қонун моддаи 31 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 31. Тартиби ворид намудан, тағйир додан ва хориҷ кардани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ
1. Тартиби ворид намудан, тағйир додан ва хориҷ кардани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ танҳо бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур анҷом дода мешавад.
2. Ҳангоми муқаррар намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии нав бояд талаботи боби 3 Қонуни мазкур риоя карда шаванд.».
3. Ба моддаи 4 сархати дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- тасдиқи қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба  риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ;».
4. Ба моддаи 5 сархати якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ, инчунин ирсоли пешниҳод дар бораи бекор кардани қарорҳои ғайриқонунии мақомоти зикргардида;».
5. Ба моддаи 6 сархатҳои даҳум ва ёздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«- тасдиқи намунаи ариза, санади надоштани иҷозат ва огоҳинома барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- муайян намудани намунаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;».
6. Дар қисми 2 моддаи 14 ва дар қисми 3 моддаи 16 калимаҳо ва рақамҳои «банди 20 ва банди 21» ба калима ва рақами «банди 19» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 21:
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Ҳангоми ба сомонаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ бо имзои электронӣ фиристодани аризаи электронӣ барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ замимаҳои он дар шакли электронӣ (нусхабардории ҳуҷҷатҳои аслӣ) пешниҳод карда мешаванд. Ба ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, ба ғайр аз маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида, нусхаи ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешавад:
- шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ;
- расиди пардохт барои баррасии ариза.»;
- ба қисми 5 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: «Мақоми иҷозатдиҳанда аризадиҳандаро аз хусуси қабул намудани аризаи электронӣ дар шакли электронӣ хабар мекунад.».
8. Дар моддаи 29:
- матни модда қисми 1 ҳисобида шавад;
- ба банди 7 сархати дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ (дар мувофиқа бо Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузаронидани озмунҳо барои истифодаи қаъри замин);»;
- дар сархати якуми банди 13 аломати нуқта вергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шуда, сархати дуюми он хориҷ карда шавад;
- ба сархатҳои якум ва дуюми банди 16 баъд аз калимаи «саноатӣ» калимаҳои «ва сахттаъсири заҳролуд» илова карда шаванд;
- бандҳои 20 ва 21 хориҷ карда шаванд;
- қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«2. Мақомоти ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда ҳуқуқ надоранд ба субъектҳои соҳибкорӣ  ҳуҷҷатҳоеро диҳанд, ки хусусияти иҷозатдиҳӣ дошта, дар номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ мавҷуд набошанд. Аз ҷониби дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқии дар қисми 1 ҳамин модда пешбининагардида додани ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ манъ аст.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2015, № 1236


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚАБУЛ КАРДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 15 октябри соли 2015, № 157


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» - ро баррасӣ  намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2015, № 123


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.15    №: 235-236    Мутолиа карданд: 886

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр

ДДТ. Як ҳамоиши муҳим

10.04.2019


Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Аҳмад ибни Абдуллоҳ

Масоили ҳамкории бахшҳои хусусии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед