logo

суханрониҳо

ҲИМОЯИ ПАРЧАМ БО ҲИФЗИ ВАТАН БАРОБАР АСТ

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати
Рӯзи Парчами давлатӣ дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе, 24 ноябри соли 2015
Муҳтарам намояндагони сокинони шаҳри Душанбе!
Ҳозирони арҷманд!
Дар ин лаҳзаҳои басо пурифтихор ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик ва равшанибахши роҳи миллат ба сӯи ояндаи дурахшони кишвари азизамон мебошад, самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо хонаи ободу сари баланд орзу менамоям.
Парчам ва ойини парчамдорӣ дар миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дорад ва ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдории миллии мо ба ҳисоб меравад.
Бо дарназардошти муҳимияти суннати парчамдорӣ мо баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар раванди ташаккули низоми давлатдории муосири худ баробар бо қабули Конститутсия ва дигар рамзҳои давлатӣ парчами кишварамонро ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллиамон қабул кардем.
Аз оғози қабули Парчами давлатӣ миллати созандаи тоҷик таҳти ливои озодиву соҳибихтиёрии худ муттаҳид гардида, барои ободонии Ватани худ ва ба як кишвари пешрафта табдил додани он то имрӯз азму талош дорад.
Дар ин раванд, соли 2009 ба нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи  нангу номуси ватандорӣ Парчами давлатии Тоҷикистон дар пояи баландтарин афрохта шуд, ки имрӯз мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди бонангу номус буда, майдони ҷойгиршавии он макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардидааст.
Воқеан, Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳифзи истиқлолияту дастовардҳои он ва, пеш аз ҳама, саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад.
Мехоҳам ин лаҳзаҳо бо ифтихору қаноатмандӣ зикр намоям, ки ҳоло мардуми шарифи кишвар, бахусус насли ҷавону ояндасози мо сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, хуб дарк намудаанд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ маънои арҷгузориву ифтихор ба давлат, ба гузаштаву имрӯз ва фардои халқи азизамон буда, омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихорӣ ватандорӣ ҳисобида мешавад.
Дар ҷаҳони муосир беш аз 200 давлатро маҳз тавассути парчами онҳо эътироф мекунанд, зеро ин рамзи муқаддас муаррифгари давлатҳои мустақил, аз ҷумла халқи тоҷик ва давлатдории он дар арсаи олам маҳсуб мешавад. 
Шумо доимо мушоҳида мекунед, ки дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ ба ифтихори азму талоши фарзандони бонангу номуси миллат, аз ҷумла ҷавонони ватандӯсти мо мунтазам Парчами давлатии Тоҷикистон афрохта мешавад.
Вақте ки дар ин ё он гӯшаи олам парчами тоҷикон ба ифтихори  дастовардҳои варзишиву фарҳангии фарзандони Ватанамон афрохта мегардад, сари мо – тоҷикон баланд мешавад ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам  мустаҳкам мегардад.  
Имрӯз шукронаи давлати соҳибистиқлоламон аст, ки Парчам тавассути амалҳои созандаву ободгаронаи фарзандони ватандӯсту бонанги мо дар қалби ҳар фарди ҷомеа ба вожаи воқеан муқаддас табдил ёфтааст. Ҳамзамон бо ин, кулли мардуми кишвар, бахусус, наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки тарзи эҳтиром ва расидан ба қадри ин муқаддасоти миллиро хуб донанд ва мувофиқ ба он рафтор намоянд.
Аз ин лиҳоз, қарзи шаҳрвандии мост, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчамро ба ҷо орем, ҳамеша ва дар ҳама ҷой онро  гиромӣ дорем, барои ҳимояи он ва поку муқаддас доштани он бо тамоми ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ бо ҳифзи Ватан, падару модар, аҳли хонавода ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст.
Бигзор партавфишонии Парчами давлатӣ ҳамеша мояи ифтихори  ватандории тоҷикон бошад!
Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун ливои бахту озодӣ ва нишонаи соҳибдавлатии тоҷикон дар фазои беғубори кишварамон то абад парафшон бошад!
Бори дигар ҳамаи шумо, ширкаткунандагони тантанаи идонаи имрӯзаро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саодати рӯзгор, сиҳатмандӣ ва иқболи баланд орзумандам.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак,
ҳамватанони азиз!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.15    №: 235-236    Мутолиа карданд: 1155
17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД

14.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 7816 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ПАЙВАНДГАРИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ "ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН"

US OPEN. ТИМ ВА НАОМИ ҒОЛИБОНИ ИН МУСОБИҚА

СММ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТАРО ДАЪВАТ НАМУД, КИ АЗ ТАҲРИМОТ АЛАЙҲИ МАМЛАКАТҲОИ РУШДКУНАНДА ДАСТ КАШАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 714 СИРОЯТЁФТА АЗ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБОНИСО» БОРИ ДУЮМ ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН ШУД

САФОРАТ ВА ДОМОДЕДОВО ХАБАРҲО ДАР БОРАИ БАНД МОНДАНИ ТОҶИКОНРО ДАР ФУРУДГОҲ РАД КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.09.2020


НИСФИ КӮДАКОНИ РУСИЯГӢ COVID-19-РО САБУК ГУЗАРОНДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ОҒОЗИ НАШРИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

08.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШАБОНАРӮЗИ ОХИР 32 ҲОДИСАИ НАВИ БЕМОРИИ COVID – 19 ОШКОР ШУД

СҲШ, ИДМ ВА СААД БОРИ АВВАЛ АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ МАШҚҲОИ МУШТАРАК МЕГУЗАРОНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ТОҶИКИСТОН БАР ТИМИ ӮЗБЕКИСТОН ҒОЛИБ ОМАД

ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 581 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

04.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 7 ҲАЗОРУ 482 КАС РАСИД

ОЗМУНИ XVII БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САНЪАТИ КИТОБ». «УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ» СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ГАРДИД

ПЕСКОВ БА АЙБДОРСОЗИИ МОСКВА ДАР ҲОДИСА БО НАВАЛНИЙ ҶАВОБ ГАРДОНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед