logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ

БОБИ 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мавзӯи танзим ва доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ, бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ, қатъ намудани фаъолияти онҳо, бақайдгирии давлатии таъсисёбӣ ва қатъ намудани фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, пешбурд ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба миён меоянд, танзим менамояд.
2. Амали Қонуни мазкур нисбати мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки шахси ҳуқуқӣ буда, тартиби таъсис додан ва фаъолияти онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, татбиқ намегардад.
3. Тартиби бақайдгирии давлатии ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (минбаъд - бақайдгирии давлатӣ) – амали мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (минбаъд– мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ) дар хусуси ба расмият даровардани воқеияти ҳуқуқии таъсисёбӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ, шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ ва қатъ намудани фаъолияти онҳо (минбаъд - соҳибкорони инфиродӣ), таъсисёбӣ ва қатъ намудани фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин ворид намудани маълумот дар бораи онҳо ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;
- Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (минбаъд - Феҳристи ягонаи давлатӣ) - махзани ягонаи давлатии иттилоотӣ дар бораи шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ;
- ҳуҷҷате, ки бақайдгирии давлатиро тасдиқ менамояд– ҳуҷҷати аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ додашуда (Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ё Патент барои ҳуқуқи амалигардонии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ё Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ), ки аз далели таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ, бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродӣ, филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ва ворид намудани маълумот дар бораи онҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ шаҳодат медиҳад;
- рақами ягонаи мушаххас– рамзи ягонаи рақамӣ, ки ба рақами ягонаи андозсупоранда асос ёфта, такрорнашаванда мебошад ва ҳангоми бақайдгирии давлатӣ аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дода шуда, барои мушаххасгардонии онҳо хизмат мекунад;
- аризадиҳанда- шахсе, ки ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ бо аризаи хаттӣ барои бақайдгирии давлатӣ муроҷиат намудааст;
- қонунигардонии (легализатсияи) ҳуҷҷатҳо – тасдиқкунии мутобиқати ҳуҷҷатҳо ба қонунгузории давлатӣ баромади онҳо, ифодаи аслӣ будани имзо ва дар ҳолатҳои зарурӣ мӯҳр дар ҳуҷҷатҳо ва санадҳо бо мақсади истифода бурдани онҳо дар дигар давлат.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии  шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи «равзанаи ягона»
1. Бақайдгирии давлатӣ аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи «равзанаи ягона» бе гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида амалӣ гардонида мешавад.
2. Бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи «равзанаи ягона» мазмуни зеринро дорад:
1) барои бақайдгирии давлатӣ аризадиҳанда ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкурро танҳо ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ аз рӯи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ (маҳалли зисти роҳбари шахси ҳуқуқӣ), маҳалли зисти (фаъолияти) соҳибкори инфиродӣ, маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ (маҳалли зисти роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ) пешниҳод менамояд. Барои дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида ва пуррагии маълумоти дар онҳо инъикосёфта аризадиҳанда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро ба зимма дорад;
2) мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маълумотро  дар бораи шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷиро ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намуда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатиро медиҳад. Бақайдгирии давлатӣ дар Феҳристи ягонаи давлатӣ бақайдгирии яквақтаро дар мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ, мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатиро дар назар дорад.
3) ҳангоми бақайдгирӣ дар Феҳристи ягонаи давлатӣ ба субъектҳо Рақами ягонаи мушаххас дода мешавад, ки барои ҳар як шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ такрорнашаванда мебошад. Рақами ягонаи мушаххас ҳам барои бақайдгирӣ дар Феҳристи ягонаи давлатӣ, ҳам барои қайди баҳисобгирӣ дар мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ истифода бурда мешавад.
3. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ:
1) дар муддати се рӯз пас аз анҷом додани бақайдгирии давлатӣ маълумоти ба Феҳристи ягонаи давлатӣ воридкардашударо ба мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ дар шакли электронӣ мефиристад;
2) дастрасии гирифтани маълумотро аз Феҳристи ягонаи давлатӣ барои мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ таъмин менамояд.
4. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор ва суғуртаи иҷтимоии давлатӣ:
1) аз рӯи маълумоти гирифташуда дар бораи бақайдгирии давлатӣ, қайди дохилии баҳисобгирии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷиро анҷом медиҳанд;
2) мушаххасгардонии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷиро аз рӯи Рақами ягонаи мушаххас таъмин менамоянд.
5. Рақами ягонаи мушаххас танҳо як маротиба ҳангоми бақайдгирии аввалия дода мешавад, дар тамоми давраи фаъолият бояд тағйир наёбад ва дар мавриди бекор гардидани бақайдгирии субъекти мушаххас ба дигар субъект дода нашавад.
6. Субъектҳои бақайдгирифташуда ӯҳдадоранд Рақами ягонаи мушаххаси худро дар мукотибаи худ бо шахсони сеюм нишон диҳанд.
7. Мақомоти  анҷомдиҳандаи  бақайдгирии  давлатӣ  ҳангоми додани ҳуҷҷати  тасдиқкунандаи  бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ,
соҳибкори инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ онҳоро дар бораи ӯҳдадории пешниҳод намудани ҳисоботи давлатии муқарраргардида ба мақомоти давлатии омор, суғуртаи иҷтимоии давлатӣ бо роҳи қайд намудани ин ӯҳдадорӣ дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ хабардор мекунад.
8. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ барои кушодани суратҳисобҳо дар ташкилотҳои бонкӣ, инчунин барои тайёр намудани мӯҳр ва тамғаи шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ асос мебошад.
9. Талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ бо мақсади бақайдгирии давлатӣ, дода шудани Рақами ягонаи мушаххас, рақами мушаххаси суғуртавӣ ва рамзҳои оморӣ, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур манъ аст.
Моддаи 5. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ва ваколатҳои он
Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
1. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) пешбурди сиёсати ягонаро дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ таъмин менамояд;
2) Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатиро амалӣ месозад ва дастрас будани маълумоти онро таъмин менамояд;
3) шакли аризаҳоро барои бақайдгирии давлатӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ, инчунин шакли ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷиро муқаррар менамояд;
4) маълумотро дар бораи шахсони ҳуқуқии ба қайдгирифташуда, аз нав ташкилгардида ва барҳамдодашуда, соҳибкорони инфиродии ба қайдгирифташуда ва фаъолияташон қатъгардида, намояндагиҳои таъсисдодашуда ва фаъолияти худро қатънамудаи шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, тағйир ёфтани маълумоти ба Феҳристи ягонаи давлатӣ воридгардидаро дар сомонаи расмии худ ҷойгир намуда, онро мунтазам нав мегардонад;
5) дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Мақомоти андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
1) бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷиро амалӣ менамоянд ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатиро медиҳанд;
2) маълумотро дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид менамоянд;
3) ба Феҳристи ягонаи давлатӣ тағйиру иловаҳоро ворид менамоянд;
4) нусха ва маълумотномаро аз Феҳристи ягонаи давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур медиҳанд;
5) дигар ваколатҳои пешбининамудаи  Қонуни мазкурро амалӣ менамоянд.
Моддаи 6. Боҷи давлатӣ барои амалҳои бақайдгирии давлатӣ
Боҷи давлатӣ барои амалҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ситонида мешавад.
Моддаи 7. Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ
1. Феҳристи ягонаи давлатӣ дорои маълумот дар бораи шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷии бақайдгирифташуда, инчунин дигар маълумоти пешбининамудаи Қонуни мазкур мебошад.
2. Тартиби гирифтан ва пешниҳод намудани маълумотро аз Феҳристи ягонаи давлатӣ Қонуни мазкур муайян менамояд.
3. Феҳристи ягонаи давлатӣ дар ҳомили электронӣ (магнитӣ) ва ҳомили коғазӣ пеш бурда мешавад. Дар ҳолати ба ҳам мувофиқат накардани маълумоти Феҳристи ягонаи давлатӣ дар ҳомили электронӣ ва коғазӣ маълумоти дар воситаи ҳомили коғазӣ мавҷудбуда ҳамчун асос ҳисобида мешавад.
4. Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ ба воситаи ҳомили электронӣ тибқи принсипҳои ягонаи ташкилӣ, якшаклӣ, эътиборнокӣ ошкоро, методологӣ ва барномавию техникӣ, ки ҳамбастагии Феҳристи ягонаи давлатиро бо дигар системаҳо ва шабакаҳои иттилоотии давлатӣ таъмин менамояд, анҷом дода мешавад.
5. Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ягонаи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. 
Моддаи 8. Мазмуни Феҳристи ягонаи давлатӣ
1. Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумоти зеринро дар бораи шахси ҳуқуқӣ дар бар мегирад:
1) шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ;
2) номи пурраи фирмавии (дар ҳолати мавҷуд будан, инчунин номи кӯтоҳи) шахси ҳуқуқӣ бо забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) маълумот дар бораи тағйирёбии номи фирмавии шахси ҳуқуқӣ;
4) маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ (роҳбари шахси ҳуқуқӣ), маълумот дар бораи тағйир ёфтани он, маълумот барои тамос бо онҳо;
5) тарзи ташкилёбии шахси ҳуқуқӣ (таъсисёбӣ ё азнавташкилдиҳӣ);
6) санаи бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ;
7) маълумот дар бораи муассисон ва роҳбари шахси ҳуқуқӣ (номгӯи шахси ҳуқуқӣ ё маълумот аз ҳуҷҷате, ки шахсияти шахси воқеиро тасдиқ мекунад);
8) маълумот дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, ки бо роҳи азнавташкилдиҳӣ таъсис ёфтааст (шакли азнавташкилдиҳӣ, санаи бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқие, ки бо роҳи азнавташкилдиҳӣ таъсис ёфтааст (дар мавриди мавҷуд будани чунин ҳолат);
9) маълумот дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои шахси ҳуқуқӣ (қарор дар бораи таъсис ё барҳам додани филиал ва намояндагӣ, маълумот аз ҳуҷҷате ки шахсияти роҳбари филиал ва намояндагиро тасдиқ мекунад, маълумот барои тамос бо он), маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) онҳо, санаи ворид намудани маълумот дар бораи онҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ;
10) маълумот дар бораи сармояи оинномавӣ;
11) маълумот оид ба қарор доштани шахси ҳуқуқӣ дар ҷараёни барҳамдиҳӣ;
12) маълумот дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ;
13) намуди (намудҳои) асосии фаъолияте, ки шахси ҳуқуқӣ нияти амалӣ кардани онро (онҳоро) дорад.
2. Феҳристи ягонаи давлатӣ дар бораи соҳибкорони инфиродӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:
1) насаб, ном ва номи падари соҳибкори инфиродӣ;
2) маълумот аз ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ;
3) маҳалли истиқомати (суроғаи) соҳибкори инфиродӣ ё маҳалли амалигардонии фаъолияти соҳибкорӣ вобаста ба ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ;
4) шаҳрвандии соҳибкори инфиродӣ;
5) маълумот дар бораи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (раводид, варақаи бақайдгирӣ, гувоҳномаи иқомат (маҳалли зист);
6) санаи бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродӣ;
7) маълумот дар бораи он, ки соҳибкори инфиродӣ дар ҷараёни қатъ гардидани фаъолияти худ ё муфлисшавӣ қарор дорад;
8) маълумот оид ба намудҳои фаъолияти асосие, ки дар асоси аризаи худ соҳибкори инфиродӣ мақсади амалигардонии онҳоро дорад;
9) намуди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродӣ.
3. Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумоти зеринро дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар бар мегирад:
1) шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон филиал ё намояндагӣ таъсис додааст;
2) номи пурраи фирмавии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки филиал ё намояндагӣ таъсис додааст;
3) маълумот дар бораи тағйирёбии номи фирмавии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки филиал ё намояндагӣ таъсис додааст;
4) маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқии хориҷие, ки филиал ё намояндагӣ таъсис додааст, инчунин маълумот дар бораи тағйир ёфтани он;
5) маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) маълумот дар бораи роҳбари филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ (маълумот аз ҳуҷҷате, ки шахсияти шахси воқеиро тасдиқ мекунад, маълумот барои тамос);
7) маълумот дар бораи дар марҳилаи қатъ гардидани фаъолият  қарор доштани филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ;
8) маълумот дар бораи қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ;
9) намуди (намудҳои) асосии фаъолияте, ки филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ нияти амалӣ кардани онро (онҳоро) дорад.
Моддаи 9. Пешниҳоди маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ
1. Маълумоти дар Феҳристи ягонаи давлатӣ мавҷудбуда ошкоро ва дастраси умум мебошад.
2. Маълумотро аз Феҳристи ягонаи давлатӣ мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар муддати як рӯзи корӣ аз лаҳзаи гирифтани дархости хаттӣ пешниҳод менамояд.
3. Маълумот дар бораи маҳалли истиқомат ва маълумот дар бораи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари шахси ҳуқуқӣ ва муассиси шахси ҳуқуқӣ, инчунин маълумот дар бораи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти соҳибкори инфиродӣ, ба истиснои маҳалли зисти ӯ махфӣ мебошад.
4. Рад намудани додани маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ, ба истиснои маълумоти пешбининамудаи қисми 3 моддаи мазкур роҳ дода намешавад.
5. Маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ дар шакли иқтибос ё маълумот дар бораи мавҷуд набудани маълумоти дархостгардида пешниҳод карда мешавад.
6. Бо тартиби пешбининамудаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ иқтибосро аз Феҳристи ягонаи давлатӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо аз рӯи парвандаҳои дар истеҳсолоти онҳо мавҷудбуда ройгон пешниҳод менамояд.

БОБИ 2. Бақайдгирии давлатии
таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ
Моддаи 10. Тартиби бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ
1. Бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқиро мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ дар муддати то панҷ рӯзи корӣ аз лаҳзаи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки  номгӯи онҳоро моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, бо додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ дар худи ҳамин муддат амалӣ мегардонад.
2. Агар пас аз ба охир расидани панҷ рӯзи корӣ мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ қарорро дар бораи бақайдгирии давлатӣ ё рад кардани бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ қабул накарда бошад ва ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқиро надода бошад, мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ӯҳдадор аст фавран пас аз гузаштани мӯҳлати дар боло нишондодашуда ба Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумотро дар бораи таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ ворид созад ва ба аризадиҳанда дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ Шаҳодатнома диҳад ё онро ба суроғаи дар ариза нишондодашуда фиристад.
3. Ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ муассисони шахси ҳуқуқӣ ё шахсони ваколатдори онҳо пешниҳод карда метавонанд. Шахсони ваколатдор инҳо буда метавонанд:
1) роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ, ки ваколатҳои ӯро қарори муассисон дар бораи таъин намудани ӯ тасдиқ мекунад;
2) дигар шахсе, ки аз номи муассисони шахси ҳуқуқӣ дар асоси ваколатнома баромад мекунад.
Моддаи 11. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ
1. Барои амалигардонии бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
1) ариза барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ. Дар ариза маълумоти зерин нишон дода мешавад:
а) шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ;
б) номи пурраи (дар ҳолати мавҷуд будан, инчунин номи кӯтоҳи) фирмавии шахси ҳуқуқӣ бо забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ;
г) тарзи ташкилёбии шахси ҳуқуқӣ (таъсисёбӣ ё азнавташкилдиҳӣ);
д) маълумот дар бораи муассис (муассисон) ва роҳбари шахси ҳуқуқӣ (номи фирмавии шахси ҳуқуқӣ, насаб, ном ва номи падари шахси воқеӣ, маҳалли ҷойгиршавии шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, маълумот барои тамос);
е) намуди (намудҳои) асосии фаъолияте, ки шахси ҳуқуқӣ нияти анҷом додани онро (онҳоро) дорад;
ж) санаи пешниҳод гардидани ариза ва имзои аризадиҳанда.
2) қарори муассис (протоколи маҷлиси муассисон) дар бораи таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ. Қарор дар бораи таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби муассис (муассисон)-и шахси ҳуқуқӣ имзо карда мешавад;
3) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқии таъсисёбанда дар сурати аз ҷониби роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқии таъсисёбанда пешниҳод гардидани  ҳуҷҷат ё нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва ваколатнома ба номи шахси ваколатдор дар сурати аз ҷониби шахси ваколатдори муассисон пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;
4) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ҳар як муассиси (шахси воқеии) шахси ҳуқуқии таъсисёбанда;
5) иқтибоси ҳуҷҷат дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё нусха аз феҳристи шахсони ҳуқуқии давлати хориҷӣ ( ё дигар ҳуҷҷати аз рӯи қувваи ҳуқуқиаш ба он баробар, ки мақоми шахси ҳуқуқии хориҷиро исбот менамояд), дар сурате, ки агар муассис шахси ҳуқуқии хориҷӣ бошад;
6) хулосаи мақомоти дахлдор дар мавриди бақайдгирии воситаҳои ахбори омма;
7) пардохтномаи (квитансия) боҷи давлатӣ.
2. Ҳуҷҷатҳои иловагии пешниҳодшаванда барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии бо роҳи азнавташкилдиҳӣ таъсисёфта инҳо мебошанд:
1) қарори мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ дар бораи азнавташкилдиҳӣ бо ҳатман нишон додани шакли азнавташкилдиҳӣ;
2) санади (акти) супурдан ё баланси тақсимот вобаста аз шакли азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ.
3) хулосаи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми якуми моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол».
3. Барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ пешниҳод намудани Оинномаи шахси ҳуқуқӣ талаб карда намешавад.
4. Барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ташаккулёбии сармояи оинномавӣ талаб карда намешавад. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ташаккулёбии сармояи оинномавӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад. Дар ҳолати ташкил надодани ҳадди ақали ҳаҷми сармояи оинномавӣ шахси ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешавад. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуқуқ дорад бо талаби барҳам додани чунин шахси ҳуқуқӣ ба суд муроҷиат кунад.
5. Ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 2), 3), 4) ва 5) қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод гардидаанд, бояд ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҷума карда шаванд. Ҳуҷҷатҳои дар банди 5) қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод гардидаанд, бояд бо тартиби муқарраргардида қонунӣ (легализатсия) гардонида шаванд.
6. Тарҷумаи ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 2), 3), 4) ва 5) қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод гардидаанд, бояд ба тариқи нотариалӣ тасдиқ карда шаванд.
7. Қонунигардонии (легализатсияи) ҳуҷҷатҳое, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷии мамлакатҳои иштирокчии шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалии дахлдори эътирофнамудаи Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, талаб карда намешавад.
8. Бақайдгирии давлатӣ дар асоси пурра пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, анҷом дода мешавад. Талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ манъ аст.
9. Барои бақайдгирии давлатӣ аризадиҳанда ҳуҷҷатҳоро шахсан пешниҳод менамояд.
10. Ба аризадиҳанда оид ба гирифтани ҳуҷҷатҳо бо нишон додани номгӯй ва санаи қабули онҳо аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ забонхат дода мешавад.
Моддаи 12. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии  таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ
1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ мебошад. Ҳамзамон, дар ин Шаҳодатнома бояд нишондод оид ба зарурати пешниҳод намудани ҳисоботи дахлдори оморӣ ва ҳисобот оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ба мақомоти дахлдор мавҷуд бошад.
2. Дар ҳолати гум  кардани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ муассиси (муассисон) шахси ҳуқуқӣ ё дигар шахсони ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ оид ба гирифтани нусхаи (дубликати) он муроҷиат намоянд, ки он дар муддати ду рӯзи корӣ аз лаҳзаи гирифтани аризаи дахлдор дода мешавад. Ба ариза эълон дар бораи аз эътибор соқит донистани Шаҳодатномаи гумшуда дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, ки дар яке аз воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ нашр гардидааст, замима карда мешавад.

БОБИ 3. Бақайдгирии давлатии
шахси ҳуқуқие, ки бо роҳи
азнавташкилдиҳӣ таъсис ёфтааст
Моддаи 13. Тартиби бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқие, ки бо роҳи азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ таъсис ёфтааст
Бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқие, ки бо роҳи азнавташкилдиҳӣ таъсис ёфтааст, бо тартиби пешбининамудаи боби 2 Қонуни мазкур амалӣ гардонида мешавад.
Моддаи 14. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли муттаҳидшавӣ
1. Ҳангоми муттаҳидшавии ду ё зиёда шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҳар яки онҳо ба шахси ҳуқуқии навтаъсис гузашта, фаъолияти шахсони ҳуқуқии муттаҳидгардида бо минбаъд ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба ин қатъшавӣ, қатъ мегардад.
2. Шахси ҳуқуқии навтаъсис бояд аз бақайдгирии давлатӣ гузарад.
Моддаи 15. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли ҷудо кардан
1. Ҳангоми аз ҳайати шахси ҳуқуқӣ ҷудо кардани як ё якчанд шахси ҳуқуқӣ шахсони ҳуқуқии нав таъсис меёбанд, вале шахси ҳуқуқии аввал мавҷудияти худро давом медиҳад.
2. Шахсони ҳуқуқии ҷудошуда бояд аз бақайдгирии давлатӣ гузаранд.
Моддаи 16. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли ҳамроҳкунӣ
1. Дар  сурати  ҳамроҳкунии як ё якчанд шахси  ҳуқуқӣ ба шахси ҳуқуқии дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсони ҳуқуқии ҳамроҳшуда ба шахси охирон гузашта, ҳамзамон шахсони ҳуқуқии ҳамроҳшуда мавҷудияти худро қатъ мекунанд. 
2. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маълумотро оид ба қатъ гардидани мавҷудияти шахсони ҳуқуқии ҳамроҳшуда ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид менамояд.
Моддаи 17. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли тақсимшавӣ
1. Ҳангоми тақсимшавии шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои он ба шахсони ҳуқуқии навтаъсис мегузарад, ҳамзамон шахси ҳуқуқии тақсимгардида мавҷудияти худро қатъ намуда, ду ва ё зиёда шахсони ҳуқуқии нав таъсис меёбанд.
2. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маълумотро оид ба қатъ гардидани мавҷудияти шахси ҳуқуқие, ки ба ду ё зиёда шахсони ҳуқуқӣ тақсим карда шудааст, ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намуда, бақайдгирии давлатии ду ва ё зиёда шахсони нави ҳуқуқии дар натиҷаи тақсимкунии шахси ҳуқуқӣ таъсисёфтаро анҷом медиҳад.
Моддаи 18. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли табдилдиҳӣ
Ҳангоми аз як шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба шакли дигари ташкилию ҳуқуқии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил додани шахси ҳуқуқӣ мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ба Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумотро оид ба тағйир ёфтани шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ, ки дар ариза нишон дода шудааст, ворид менамояд.

 БОБИ 4. Бақайдгирии давлатии
барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ
Моддаи 19. Тартиби бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ
1. Бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар асоси қарори муассис (муассисон) ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ё дар асоси қарори суд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, пас аз иҷрои расмиёти барҳамдиҳии шахси ҳуқуқии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида анҷом дода мешавад.
2. Муассис (муассисон) ва мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ё суд, ки қарор дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқиро қабул намудаанд, ӯҳдадоранд, ки дар муддати се рӯзи корӣ аз рӯзи қабул гардидани қарор мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатиро дар бораи қабул гардидани чунин қарор бо замимаи қарор дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ огоҳ намояд.
3. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар асоси огоҳинома оид ба қабули қарор дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ба Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумотро оид ба дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доштани шахси ҳуқуқӣ ворид менамояд.
4. Бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар муддати то панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи моддаи 20 Қонуни мазкур амалӣ гардонида мешавад.
5. Барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ баитмомрасида ва шахси ҳуқуқӣ фаъолияти худро қатънамуда танҳо баъд аз ворид намудани маълумот дар ин хусус ба Феҳристи ягонаи давлатӣ эътироф гардида, бо додани иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 20. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои анҷом додани бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ
1. Барои анҷомдиҳии бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
1) ариза дар бораи бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ. Дар ариза тасдиқ карда мешавад, ки расмиёти муқаррарнамудаи қонун оид ба барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ риоя шуда, ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторони он ба итмом расонида шудааст;
2) тавозуни барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ аз рӯи натиҷаи кори комиссияи барҳамдиҳӣ, ки онро  муассиси (муассисони) шахси ҳуқуқӣ ё мақомоти дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ қарорқабулкарда тасдиқ кардааст;
3) Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда;
4) нусхаи эълон дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ, ки дар яке аз воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ нашр гардидааст;
5) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба супоридани мӯҳрҳо (тамғаҳо) ва баста шудани ҳисобҳои бонкӣ;
6) пардохтномаи (квитансия) пардохти боҷи давлатӣ.
2. Ҳуҷҷатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ пас аз ба охир расидани ҷараёни барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешаванд.
3. Ҳангоми барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар ҳолати татбиқ намудани расмиёти муфлисшавӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ таъйиноти суд дар бораи ба охир расидани истеҳсолоти озмунӣ  пешниҳод карда мешавад.

БОБИ 5. Бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ва қатъ гаштани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ
Моддаи 21. Тартиби бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ
1. Бақайдгирии давлатии шахси воқеиро ба сифати соҳибкори инфиродӣ мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар муддати се рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дар моддаи 22 Қонуни мазкур нишондодашуда амалӣ мегардонад.
2. Бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ дар маҳалли зисти (суроғаи) ӯ ҳангоми гирифтани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати  соҳибкори инфиродӣ ё дар маҳалли анҷомдиҳии фаъолияти соҳибкории ӯ ҳангоми гирифтани Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ анҷом дода мешавад.
3. Агар пас аз ба охир расидани мӯҳлати дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ қарорро дар бораи бақайдгирии давлатӣ ё рад кардани бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ қабул накарда бошад, мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ӯҳдадор аст, бе таъхир пас аз гузаштани мӯҳлати дар боло нишондодашуда ба Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумотро дар бораи шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ворид созад ва ба аризадиҳанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи  бақайдгирии давлатии шахси воқеиро ба сифати соҳибкори инфиродӣ диҳад ё онро ба суроғаи  дар ариза нишондодашуда фиристад.
4. Бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ роҳ дода намешавад, агар бақайдгирии давлатии амалкунандаи ӯ ба ин сифат, ба истиснои ҳолати пешбининамудаи қисми 1 моддаи 35 Қонуни мазкур, эътиборашро гум накарда бошад ё аз рӯзи қабул намудани қарори суд оид ба муфлисшавии ӯ дар натиҷаи қонеъ гардонида натавонистани талаботи кредиторон, ки ба фаъолияти пештари соҳибкории ӯ вобаста мебошад, мӯҳлат нагузаштааст ё мӯҳлате, ки бо санади суд ба ӯ ҳуқуқи ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан манъ гардидааст, ба охир нарасидааст.
Моддаи 22. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ
Барои амалӣ гардонидани бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
1) ариза барои бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ. Дар ариза маълумоти зерин нишон дода мешавад:
а) ному насаби шахси воқеӣ;
б) маҳалли зисти (суроғаи) шахси воқеӣ барои гирифтани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, маҳалли (суроғаи) фарзии анҷомдиҳии фаъолияти соҳибкории шахси воқеӣ  барои гирифтани Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, маълумот барои тамос бо шахси воқеӣ;
в) рақами мушаххаси андозсупорандаи (РМА) шахси воқеӣ;
г) намуди (намудҳои) асосии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки шахси воқеӣ хоҳиши анҷом додани онро (онҳоро) дорад;
д) санаи пешниҳод гардидани ариза ва имзои аризадиҳанда.
2) нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсияти шахси воқеиро тасдиқ мекунад, инчунин ду расми андозаи 4x6;
3) нусхаи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (раводид, варақаи бақайдгирӣ, иҷозатномаи иқомат);
4) пардохтномаи (квитансия) боҷи давлатӣ, ё пардохтномаи (квитансия)-и пешпардохти маблағи Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ барои шумораи муайяни моҳ (мӯҳлати амали Патент) – барои шахсоне, ки хоҳиши гирифтани Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродиро доранд.
Моддаи 23. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ
1. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ва ё Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ мебошанд.
2. Шахси воқеӣ метавонад фаъолияти соҳибкории инфиродиро дар асоси Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ тибқи рӯйхате, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, амалӣ намояд.
3. Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ҳуҷҷате мебошад, ки барои машғул шудан ба ҳама намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ ҳуқуқ медиҳад, агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.
4. Шахси воқеӣ наметавонад дар як вақт ҳам соҳиби Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ва ҳам соҳиби Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ бошад.
5. Дар ҳолати гум кардани Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ё Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, соҳибкори инфиродӣ ҳуқуқ дорад ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои гирифтани нусхаи (дубликати) он муроҷиат намояд. Нусхаи (дубликати) Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ё Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ дар асоси аризаи соҳибкори инфиродӣ дар муддати ду рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳоди ариза бо қайди «Нусха (дубликат)» дода мешавад. Ба ариза эълон дар бораи аз эътибор соқит донистани Шаҳодатнома ё Патенти гумшуда, ки дар яке аз воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ нашр гардидааст, замима мегардад.
Моддаи 24. Асосҳои қатъ гардидани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ
Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ бо асосҳои зайл амалӣ мегардад:
1) аризаи соҳибкори инфиродӣ;
2) вафоти соҳибкори инфиродӣ;
3) қарори суд дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ;
4) қарори суд дар бораи бедарак ғоибшуда ё фавтида эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ;
5) қарори суд дар бораи қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ба таври маҷбурӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) санади эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд дар бораи маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ ба мӯҳлати муайян;
7) бекор кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи шахси хориҷӣ барои муваққатан ё доимӣ истиқомат намудан ва анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба охир расидани мӯҳлати чунин ҳуҷҷат.
Моддаи 25. Тартиби бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ
1. Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ дар маҳалли бақайдгирии давлатии ӯ дар муддати се рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳод намудани ариза анҷом дода мешавад.
2. Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ пас аз ворид намудани сабт дар бораи он ба Феҳристи ягонаи давлатӣ қувваи худро гум мекунад ва бо иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
3. Соҳибкори инфиродие, ки фаъолияти худро тибқи Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ анҷом медиҳад, дар ҳолати пешбининамудаи банди 1) моддаи 24 Қонуни мазкур дар як вақт бо додани ариза дар бораи қатъ намудани фаъолияти соҳибкории худ бояд ба мақомоти андози маҳалли гирифтани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ эъломияи андоз, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иҷрои ӯҳдадории андози  ба фаъолияти соҳибкории ӯ вобаста буда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи супоридани мӯҳрҳо ва маҳкам кардани суратҳисобҳои бонкиро пешниҳод намояд.
4. Аз ҷониби мақомоти андоз тариқи маълумотнома тасдиқ намудани мавҷуд набудани ӯҳдадории андози соҳибкори инфиродӣ (ки дар асоси Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ё Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ фаъолият намудааст) барои барасмиятдарории ҳуқуқии қатъ гардидани фаъолияти соҳибкории инфиродии ӯ асос мебошад. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии қатъ шудани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ дар ин ҳолат иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ мебошад.
5. Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар қисмҳои 1 ва 3 моддаи мазкур пешбинигардида соҳибкори инфиродӣ, ки фаъолияти худро қатъ менамояд, бояд ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ асли Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ё Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродиро супорад, инчунин пардохтнома (квитансия) дар бораи пардохти боҷи давлатиро пешниҳод намояд.
6. Дар ҳолати қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ дар асоси қарори суд дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ бақайдгирии давлатиро мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар асоси нусхаи қарори суд дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ворид гардидааст, амалӣ менамояд.
7. Дар ҳолати қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ дар асоси қарори суд дар бораи бедарак ғоибшуда ё фавтида эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ, инчунин дар асоси қарори суд дар бораи қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ба таври маҷбурӣ, бақайдгирии давлатиро мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар муддати ду рӯзи корӣ аз рӯзи ворид гардидани нусхаи дахлдори қарори суд анҷом медиҳад.
8. Дар ҳолати қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ дар асоси санади эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд дар бораи маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул шудан ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ ба мӯҳлати муайян, бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти соҳибкорӣ аз тарафи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар муддати ду рӯзи корӣ аз рӯзи бо тартиби муқарраргардида гирифтани маълумот дар бораи эътибори қонунӣ пайдо кардани ин ҳукми суд, анҷом медиҳад.
9. Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродиро дар ҳолати вафоти ӯ мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар асоси маълумоти ба ин мақомот тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии вафоти ин шахс воридгардида, анҷом медиҳад.
10. Бақайдгирии давлатӣ ҳангоми қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ вобаста бо бекор кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи шахси хориҷӣ барои муваққатан ё доимӣ сукунат намудан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  ё ба охир расидани мӯҳлати он, дар асоси маълумоти ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида воридгардида дар бораи бекор намудани чунин ҳуҷҷат ё ба охир расидани мӯҳлати амали он бо назардошти маълумоти дар Феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба чунин мӯҳлат мавҷудбуда, анҷом дода мешавад.

БОБИ 6. Ворид намудани тағйиру
иловаҳо ба феҳристи ягонаи давлатӣ
Моддаи 26. Асосҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ
Асосҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ, тағйир ёфтани маълумот оид ба шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ, ки дар моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, мебошанд.
Моддаи 27. Тартиби ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо
1. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ тағйиру иловаҳоро ба маълумоти дар Феҳристи ягонаи давлатӣ мавҷудбуда тибқи ариза дар шакли тасдиқкардаи мақомоти ваколатдори андоз дар муддати ду рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза ворид намуда, нусхаро аз Феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо дар асоси пешниҳоди пардохтномаи (квитансия) боҷи давлатӣ медиҳад.
2. Ҳангоми ворид намудани иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ вобаста бо таъсис додани филиалҳо ва намояндагиҳои шахси ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ариза ҳуҷҷатҳои дар қисми 4 моддаи мазкур нишондодашуда замима мегарданд. 
3. Муассисон, мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ӯҳдадоранд дар муддати то панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи қабул намудани қарор дар бораи тағйир ёфтани маълумоти дар моддаи 26 Қонуни мазкур нишондодашуда, мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатиро ба таври хаттӣ хабардор созанд. Тағйиру иловаҳо пас аз ворид намудани онҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ қувваи қонунӣ пайдо мекунанд.
4. Ҳангоми ворид намудани иловаҳои вобаста бо таъсис додани филиалҳо ва намояндагиҳои шахси ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунад:
1) ариза дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ вобаста ба таъсис додани филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ. Ариза бояд дорои маълумоти зерин бошад:
а) шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ;
б) номи фирмавии шахси ҳуқуқӣ;
в) маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) филиал ё намояндагии таъсисдодашавандаи шахси ҳуқуқӣ, маълумот барои тамос бо роҳбари он;
г) санаи додани ариза ва имзои аризадиҳанда.
2) қарор дар бораи таъсиси филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ;
3) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ;
4) ваколатнома ба номи роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ, ки аз номи шахси ҳуқуқӣ дода шудааст.
5. Аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, ки қисми 4 моддаи мазкур пешбинӣ накардаанд, манъ аст.
6. Ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ аз рӯи асосҳои пешбининамудаи моддаи 26 Қонуни мазкур ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ мебошад. Ҳангоми тағйир ёфтани шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва номи фирмавии шахси ҳуқуқӣ, инчунин насаб, ном ва номи падари соҳибкори инфиродӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ҳуҷҷати нави тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ оид ба ворид намудани тағйирот мебошад.

БОБИ 7.  Хусусиятҳои бақайдгирии давлатии таъсисёбӣ, қатъ гардидани фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маълумоте, ки дар феҳристи ягонаи давлатӣ дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ мавҷуд аст

Моддаи 28. Тартиби бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ
1. Бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷиро мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) филиал ё намояндагӣ дар муддати то панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки номгӯи онҳоро моддаи 29 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, бо дар худи ҳамин муддат додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии он  амалӣ мегардонад.
2. Агар дар мӯҳлати пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагиро иҷро накунад ё бақайдгирии давлатиро бо асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 34 Қонуни мазкур рад накарда бошад, мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ӯҳдадор аст фавран пас аз гузаштани мӯҳлати дар боло зикргардида ба Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумотро дар бораи таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ бе таъхир ворид намояд ва ба аризадиҳанда Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ диҳад ё онро ба суроғаи дар ариза нишондодашуда фиристад. 
3. Ҳуқуқи супоридани ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷиро намояндагони  ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷӣ доранд.
Моддаи 29. Ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳодшаванда
1. Барои амалигардонии бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
1) ариза барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ. Дар ариза маълумоти зерин нишон дода мешавад:
а) шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки филиал ё намояндагӣ таъсис медиҳад;
б) номи фирмавии шахси ҳуқуқии хориҷӣ;
в) маҳали ҷойгиршавии (суроғаи) филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ;
г) маълумот дар бораи роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ (маълумот аз ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ, маълумот барои тамос)
д) намудҳои асосии фаъолият, ки филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ нияти амалӣ гардонидани онро дорад;
е) санаи пешниҳод гардидани ариза ва имзои аризадиҳанда.
2) қарори мақоми ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар бораи таъсис додани филиал ё намояндагӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи таъин намудани роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки онҳоро шахсони ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷӣ имзо кардаанд;
3) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар ҳолате, ки агар ҳуҷҷатҳоро роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод кунад; нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва ваколатнома ба номи шахси ваколатдор, агар аз ҷониби шахси ваколатдор ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод гардад;
4) ваколатнома ба номи роҳбари филиал ё намояндагӣ;
5) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё дигар ҳуҷҷати бо қувваи қонуниаш ба он баробар, ки ҳолати ҳуқуқии ин шахсро тасдиқ мекунад;
6) пардохтномаи (квитансия) боҷи давлатӣ.
2. Ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 2), 3), 4)  ва 5) қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод гардидаанд, бояд ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҷума карда шаванд. Ҳуҷҷатҳои дар банди 5) қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод гардидаанд, бояд бо тартиби муқарраргардида қонунӣ (легализатсия) гардонида шаванд. Тарҷумаи ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 2), 3), 4) ва 5) қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳод гардидаанд, бояд ба тариқи нотариалӣ тасдиқ карда шавад.
3. Қонунигардонӣ (легализатсия) барои ҳуҷҷатҳое, ки бо мақсади бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷии мамлакатҳои иштирокчии шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, талаб карда намешавад.
Моддаи 30. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ
1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ мебошад.
2. Дар ҳолати гум кардани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ шахси ваколатдори филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ҳуқуқ дорад ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар бораи гирифтани нусхаи (дубликати) он муроҷиат намояд. Нусхаи (дубликати) Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ бо нишондоди «Нусха (дубликат)» дар асоси аризаи шахси ваколатдор дар муддати ду рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза дода мешавад. Ба ариза эълон дар бораи аз эътибор соқит донистани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷии гумшуда, ки дар яке аз воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ нашр гардидааст, замима карда мешавад.
Моддаи 31. Тартиби бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ
1. Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар асоси қарори мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё дар асоси қарори суд бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.
2. Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар маҳалли бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар муддати то панҷ рӯзи корӣ аз лаҳзаи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи моддаи 32 Қонуни мазкур амалӣ гардонида мешавад.
3. Шахси ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷӣ ӯҳдадор аст, ки дар муддати ду рӯзи корӣ аз лаҳзаи қабул намудани қарор дар бораи қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагӣ мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатиро дар бораи қабул намудани чунин қарор ба тариқи хаттӣ огоҳ созад.
4. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар асоси огоҳномаи дар қисми 3 моддаи мазкур пешниҳодгардида ба Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумотро дар бораи он ки филиал ё  намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар марҳилаи қатъ гардидани фаъолияти худ қарор дорад, ворид месозад. 
5. Шахси ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷӣ ӯҳдадор аст, ки ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатии ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи моддаи 32 Қонуни мазкурро пешниҳод намояд.
6. Бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз гузаштани на камтар аз ду моҳ аз рӯзи нашр намудани маълумот дар ин хусус дар яке аз воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ба анҷом расонида мешавад.
7. Қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи ворид намудани маълумот дар ин хусус ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ба итмомрасида ҳисоб ёфта, бо иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 32. Ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешниҳодшаванда
Барои амалигардонии бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
1) ариза дар бораи қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ;
2) қарори мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар бораи қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ бо нишон додани ҳайати комиссия дар бораи қатъ гардидани фаъолияти  филиал ё намояндагӣ;
3) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба супоридани мӯҳр ва маҳкам карда шудани суратҳисобҳои бонкӣ;
4) қарори суд дар ҳолате, ки қатъ гардидани фаъолияти  филиал ё намояндагӣ дар асоси қарори суд амалӣ гардонида мешавад;
5) ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шахси ҳуқуқии хориҷӣ эътироф намудани қарзро дар назди кредиторон тасдиқ мекунад, ба истиснои ӯҳдадориҳои андоз;
6) ҳуҷҷате (санади санҷиши хотимавии андози филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ), ки адо намудани қарзро дар бораи пардохти андозе, ки дар робита ба фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст, тасдиқ мекунад;
7) нусхаи аслии Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии таъсиси филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ;
8) пардохтнома (квитансия) дар бораи пардохти боҷи давлатӣ.
Моддаи 33. Асосҳо ва тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маълумот оид ба филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар Феҳристи ягонаи давлатӣ
1. Асосҳо барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маълумот дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар Феҳристи ягонаи давлатӣ, ин тағйир ёфтани маълумот оид ба онҳо, ки дар моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, мебошанд.
2. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ба маълумоте, ки дар Феҳристи ягонаи давлатӣ мавҷуд мебошад, тағйиру иловаҳоро тибқи аризаи намояндаи ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷии дар шакли аз ҷониби мақомоти ваколатдори андоз тасдиқгардида дар муддати се рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза ворид менамояд.
3. Шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё филиал ё намояндагии он ӯҳдадор аст, ки дар муддати на зиёда аз сӣ рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ба миён омадани асосҳои дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатиро огоҳ намояд. Тағйиру иловаҳо пас аз ворид намудани онҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ қувваи қонунӣ пайдо мекунанд.
4. Ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ аз рӯи асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ мебошад, агар тартиби дигар дар қисми 5 ҳамин модда пешбинӣ нашуда бошад.  
5. Ҳангоми тағйир ёфтани шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва номи фирмавии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ҳуҷҷати нави тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ  мебошад.
6. Иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ оид ба ворид намудани маълумот дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар асоси пешниҳоди пардохтномаи (квитансия) боҷи давлатӣ дода мешавад.

БОБИ 8. Асосҳо барои рад кардани бақайдгирии давлатӣ
Моддаи 34. Асосҳо барои рад кардани бақайдгирии давлатӣ
1. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои зерин бақайдгирии давлатиро рад намояд:
1) агар ҳуҷҷатҳои бо мақсади бақайдгирии давлатӣ пешниҳодгардида ба талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур мувофиқат накунанд;
2) агар номи фирмавии шахси ҳуқуқӣ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накунад;
3) агар бо худи ҳамон ном дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқии дигар ба қайд гирифта шуда бошад.
2. Ҳангоми рад намудани бақайдгирии давлатӣ ба аризадиҳанда огоҳии хаттӣ дар хусуси рад намудан бо нишон додани сабаби радкунӣ фиристонида мешавад (супорида мешавад) ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ӯ барои бартараф кардани номутобиқатии ошкоргардида баргардонида мешаванд. Нусхаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида дар мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ  нигоҳ дошта мешаванд.
3. Рад намудани бақайдгирии давлатӣ, инчунин саркашӣ намудан аз бақайдгирии давлатӣ боиси ба суд шикоят намудан шуда метавонад.
  
БОБИ 9. Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 35. Муқаррароти интиқолӣ
1. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷии тибқи Қонуни мазкур бақайдгирифташаванда, ки то эътибор пайдо кардани Қонуни мазкур ба қайд гирифта шуда, фаъолияти худро давом дода истодаанд, ӯҳдадоранд, ки дар муддати як сол аз рӯзи мавриди амал қарор дода шудани Қонуни мазкур ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи моддаҳои 8, 11, 22 ва 29 Қонуни мазкурро барои ворид намудани маълумоти дахлдор ба Феҳристи ягонаи давлатӣ пешниҳод намоянд. Дар ин ҳолат ба чунин шахсони ҳуқуқӣ талаботи банди 2) қисми 1 моддаи 34 Қонуни мазкур татбиқ карда намешаванд.
2. Ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, ки ба Феҳристи ягонаи давлатӣ тибқи қисми 1 моддаи мазкур ворид гардидаанд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ мувофиқи Қонуни мазкур дода мешавад.
3. Дар ҳолати иҷро нагардидани талаботи қисми 1 моддаи мазкур бақайдгирии давлатӣ аз рӯзи ба охир расидани мӯҳлати пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур қувваи қонунии худро гум мекунад.
4. Анҷом додани фаъолият бе ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатӣ тибқи қисми 1 моддаи мазкур соҳибкории ғайриқонунӣ ҳисоб гардида, шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
5. Ворид намудани маълумот  ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ва додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ тибқи қисми 1 моддаи мазкур ройгон анҷом дода мешавад.
6. Дар давраи то таъсис додани системаи иттилоотии мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ, бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ё намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродиро мақомоти ҳудудии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии андоз, ки имкониятҳои дахлдори моддӣ доранд, тибқи рӯйхат ва ҳудуди аз ҷониби мақомоти ваколатдори андоз муайянгардида анҷом медиҳанд.
Моддаи 36. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 37. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2003, № 4, моддаи 135) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 38. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 июли соли 2009 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 майи соли 2009,  № 508


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 30 апрели соли 2009, № 1327


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 майи соли 2009,  № 643


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1225

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

Густариши ҳамкориҳо бо Бонки исломии рушд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед