logo

амрҳои президент

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мукофотонидани 21 нафар варзишгарон тибқи қарори Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ 673750 (шашсаду ҳафтоду се ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо намояд.
2. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи саривақтӣ ва мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин намуда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 декабри соли 2015, № АП-652

 

Шарҳи Амр
Барои ҳавасмандгардонии варзишгарон ва муаррифии ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ аз риштаҳои гуногуни варзиш Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Тибқи амри мазкур ва дар асоси пешниҳоди Қарори Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 нафар варзишгари беҳтарини мамлакат, ки ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ мебошанд, бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.
Маблағи умумии ҷоизаҳо дар соли равон, ки аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст, 673 ҳазору 750 сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми як ҷоиза ба ҳар як варзишгар аз 6250 то 150000 сомонӣ аст.
Барандагони Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосан онҳое мебошанд, ки дар риштаҳои варзиши сабук, бокс, дзюдо, самбо ва таэквандо ИТФ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби медали тилло ва ҷойҳои намоён гардидаанд.  
Қадршиносии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди варзиш ва ҳавасмандгардонии варзишгарон буда, бори дигар собит менамояд, ки рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мудом дар мадди назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии низоми тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш як зумра санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаро таҳия ва ба тасвиб расонидааст. Аз ҷумла, барои ҳавасманд намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015, таҳти рақами 328 «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015  “Дар бораи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015”, таҳти рақами 328  ба имзо расидаанд.
Татбиқи фармони мазкур ба боз ҳам беҳбуд бахшидани шароити созгори варзишгарон ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш такони ҷиддӣ бахшид.
Варзишгарони тоҷик дар давоми 5 соли охир дар арсаи байналмилалӣ 2717 медал: 783 тилло, 759 нуқра ва 1175 биринҷӣ ба даст овардаанд, ки ба шарофати онҳо борҳо Парчами давлатӣ парафшон гардидааст. Дар соли 2015 варзишгарони тоҷик маҳорати олии варзиширо дар сатҳи байналмилалӣ нишон дода, 629 маротиба Парчами Тоҷикистонро боло бардоштанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2015    №: 257    Мутолиа карданд: 12211

24.05.2018


Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Алекен Еминбахэ

Вохӯрии ҳайати вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Рӯнамоии иқтидори сайёҳии кишвар дар Боку

ҶАЙҲУН. ПИЁЗ ЗИЁДУ ХАРИДОР КАМ

Ҷаҳон дар як сатр

СҲШ: таваҷҷуҳи вижа ба таъмини амнияти лоиҳаҳои байналмилалии стратегӣ

Ширкати 15 ҳазор меҳмон дар ҳамоиши иқтисодии Петербург

Макрон бо умеде ба Санкт-Петербург меояд, ки «Русияро ба Аврупо орад»

Дар Ҳилманд 15 нафарро аз асорати «Толибон» озод карданд

Қазоқистон гандуми бисёрсола парвариш кардан мехоҳад

23.05.2018


Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад

Вохӯрии Абдураҳим Қаҳҳоров бо Чжао Кэчжи

Тоҷикистон дар ҳифзи нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми назаррас дорад

Ҷаҳон дар як сатр

Рашид Олимов: «Масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад»

Дар Олмон ба хотимабахшии «давраи яхбандӣ» дар муносибат бо Русия даъват намуданд

Аморат низоми раводидро барои сармоягузорону мутахассисони баландпоя сабук кард

Қазоқистон: имтиёзҳои қарзи манзил барои омӯзгорон ва табибон

Қирғизистон барои иштирок дар лоиҳаи «Digital CASA» беш аз 3 миллиард рубл мегирад

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед