logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НАМУНАҲОИ САНОАТӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 2, мод. 48; с. 2012, № 7, мод. 706) тағйиру иловаҳои зерин ворид  карда  шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар моддаи 1:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ»;
- қисми якум бо мазмуни зерин илова  карда  шавад:
«Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:»;
- сархатҳо бо аломати дефис «-» ишора карда шаванд;
- дар сархати якум калимаи «Созишномаи» ба калимаи «Конвенсияи» иваз карда шавад;
- ба сархати сеюм пас аз калимаи «пешниҳоди» калимаҳои «ариза оид ба» илова карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаҳои «Идораи патентӣ оид ба масъалаҳои» ба калимаҳои «мақоми давлатӣ оид ба» иваз карда шаванд.
3. Дар қисми якуми моддаи 3, қисми дуюми моддаи 13, қисми ҳафтуми моддаи 16, номи боби 6, ном ва матни моддаи 18, ном ва матни моддаи 19 калимаҳои «санҷиш», «санҷиши», «САНҶИШИ» ва «Санҷиши» мувофиқан ба калимаҳои «экспертиза», «экспертизаи», «ЭКСПЕРТИЗАИ» ва «Экспертизаи» иваз карда шаванд.
4. Қисми дуюми моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода  карда  шавад:
«Ба сифати намояндаи патентӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври доимӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунад ва дараҷаи тахассусиаш ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯй аст, фаъолият карда метавонад.».
5. Дар қисми якуми моддаи 9 калимаи «вогузоркунӣ» ба калимаи «гузашткунӣ» иваз карда шавад.
6. Дар қисми якуми моддаи 12 калимаи «зербандҳои» ба калимаи «сархатҳои» иваз карда шавад.
7. Дар моддаи 14 калимаҳои «Феҳристи намунаҳои саноатӣ» ба калимаҳои «Феҳристи давлатии намунаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
8. Дар қисми шашуми моддаи 16 калимаҳои «Феҳристи давлатӣ» ба калимаҳои «Феҳристи давлатии намунаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 17:
- дар номи модда калимаи «созишномавӣ» ба калимаи «конвенсионӣ» иваз карда шавад;
- дар қисми якум калимаҳои «Созишномаи» ва «созишномавӣ» мувофиқан ба калимаҳои «Конвенсияи» ва «конвенсионӣ» иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 22:
- дар қисмҳои дуюм ва чорум калимаи «вогузор» ба калимаи «гузашт»  иваз  карда  шавад;
- дар қисми панҷум калимаи «вогузоркунии» ба калимаҳои «ба шахси дигар гузашт кардани» иваз карда шавад;
- қисми ҳафтум дар таҳрири зерин ифода  карда  шавад:
«Патент ба намунаи саноатӣ ва ҳуқуқи гирифтани он ба мерос мегузарад.».
11. Дар қисми дуюми моддаи 27 калимаи «бандҳои» ба калимаи «сархатҳои» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2015, № 1270


ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 4 ноябри соли 2015, № 219


ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ»

Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2015, № 157


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2015    №: 258-259    Мутолиа карданд: 560

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед