logo

паёмҳо

Паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2016

Ҳамватанони азиз!
Баъди чанд лаҳза соли 2015-ум анҷом меёбад ва Соли нави мелодии 2016 фаро мерасад.
Ба ин муносибат ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик гуфта, барои ҳар як фарди Ватан саломативу хушбахтӣ, рӯзгори орому осуда ва дастовардҳои нав ба нав орзу менамоям.
Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, бо вуҷуди торафт мураккабу ҳассос гардидани вазъи сайёра ва таъсири манфии омилҳои буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, аз баракати сулҳу суботи комил ва бо азму иродаи қавии халқи азизамон, заҳмати фарзандони бонангу номус ва ҳимматбаланди кишвари маҳбубамон мо ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил шудем.
Ба шарофати азму талоши ватандӯстона ва заҳмати аҳлонаи мардуми шарифи кишвар дар саросари мамлакатамон раванди неки бунёдкорӣ бомаром идома пайдо карда, даҳҳо корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардиданд ва ҳазорон нафар ҳамватанонамон соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд.
Дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони асилу меҳнатқарини мамлакат таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии худӣ нисбат ба солҳои пешин хеле беҳтар гардид ва вазъи бозори истеъмолии кишвар муътадил нигоҳ дошта шуд.
Соли гузашта боз аз он ҷиҳат хотирмон буд, ки аввали моҳи март яке аз чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи вакилон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат - Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар фазои орому осуда баргузор гардид.
Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ мардуми шарифи кишвар фаъолона иштирок карда, бори дигар собит намуданд, ки роҳи пешгирифтаи халқи мо бебозгашт аст ва Тоҷикистони соҳибихтиёр дар масири бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ устуворона пеш меравад.
Бовар дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ ба хотири ояндаи дурахшону ободи кишвари маҳбубамон бо масъулияти дучанд кору фаъолият намуда, барои таъмин кардани рушду тараққиёти мамлакат ва таҳкими иқтидори иқтисодии он саъю талоши бештар хоҳанд кард.
Дар соле, ки сипарӣ мешавад, як қатор чорабиниҳои муҳими давлативу байналмилалӣ ва илмиву фарҳангӣ, аз ҷумла таҷлили 700 – солагии шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷику форс Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ҷашни 3000 - солагии Ҳисори бостонӣ баргузор шуданд.
Дар бахшҳои соҳибкориву сармоягузорӣ, соҳаҳои саноату кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа ислоҳоту навсозиҳо идома пайдо карданд ва робитаву ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам тавсеа ёфтанд.
 Ҳукумати мамлакат дар давоми соли 2015 чун ҳамеша тамоми саъю талоши худро ба он равона намуд, ки барои зиндагии шоистаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Аз ин рӯ, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дастгирии табақаҳои ниёзманду осебпазири ҷомеа, ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба таҳсилоти босифат, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳисси баланди миллӣ, инчунин бо ҷойи кор таъмин намудани сокинони мамлакат як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шуданд.
Мо азми қавӣ дорем, ки ба хотири таъмин кардани зиндагии осудаи халқамон ва ояндаи неки фарзандонамон ин сиёсатро минбаъд низ идома диҳем.
Дар соли нави мелодӣ, ки чанд лаҳза баъд оғоз меёбад, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони маҳбуби мо на танҳо татбиқи силсилаи барномаҳои муҳими давлатӣ шурӯъ мешаванд, балки чандин чорабиниҳои пураҳамияти сиёсиву фарҳангӣ, аз ҷумла 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор мегарданд, ки ҳар кадоми онҳо дар таърихи давлатдории халқамон саҳифаҳои навро боз хоҳанд намуд.
Вазъи ҷаҳони босуръат тағйирёбанда, хатару таҳдидҳои муосир, проблемаҳои экологӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, пайи ҳам такрор шудани офатҳои табиӣ ва амсоли инҳо ҳар яки моро водор месозанд, ки беш аз ҳар вақти дигар муттаҳиду сарҷамъ бошем ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Мо бояд бо ҳисси баланди ватандориву худшиносӣ сарзамини биҳиштосоямонро аз ҳар гуна хатарҳо ҳифз намуда, барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ талош намоем ва Ватанамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.
Ин лаҳзаҳо ман бо эътимоди комил изҳор медорам, ки мо бо дастгирии мардуми фарҳангпарвару ободгари Тоҷикистон минбаъд низ мушкилоти дар ҳаётамон мавҷударо ҳаллу фасл намуда, зиндагии шоиставу пурсаодати халқамонро таъмин месозем.
Итминон дорам, ки Соли нави мелодии 2016-ум барои боз ҳам мустаҳкам гардидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдат ва суботи ҷомеа, инчунин ободу зебо гардидани кишварамон нақши муассир хоҳад гузошт.
Бо ҳамин нияту орзуҳои нек бори дигар ҳамаи сокинони ҳимматбаланду заҳматпеша, саодатманду сарбаланди кишвар, инчунин кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2016 самимона табрик гуфта, барои ҳар яки шумо хонаи обод, ризқи фаровон, рӯзгори пурнишот, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ ва ободиву пешрафт орзумандам.
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.01.2016    №: 1    Мутолиа карданд: 10641

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим

Кристин Лагард: «Дар дунё соле 2 триллион доллари ИМА пора мегиранд»

Пентагон ба Афғонистон боз сарбоз мефиристад

Дар Чин беш аз 5 ҳазор мансабдор мӯҷиби ҷазо гашт

Далай – Лама: «Русия бояд узви НАТО бо қароргоҳаш дар Маскав шавад»

СҲШ мубориза бо терроризм ва экстремизмро тақвият мебахшад

18.09.2017


Низомиддин Зоҳидӣ бо Ҳаҷимэ Китаока мулоқот намуд

Баррасии масъалаҳои зӯроварии хонаводагӣ

ИДМ муқовимат бо терроризмро пурзӯр менамояд

Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Финляндия густариш меёбанд

Бунёди мактабҳои замонавӣ дар шаҳри Роғун

Зимни озодсозии Мусул 1,2 ҳазор сокини осоишта қурбон шуд

СММ: теъдоди гурезаҳои роҳинҷа метавонад то 1 миллион расад

Дар Ҳиндустон дуюм сарбанди калонтарини ҷаҳон мавриди истифода қарор гирифт

Марин Ле Пен барои террористҳо суди вижа мехоҳад

Дубай калонтарин дар дунё неругоҳи офтобӣ месозад

15.09.2017


Бинои нави дафтари Котиботи байниидоравӣ ба истифода дода шуд

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Солеҳ ибни Абдулазиз

Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Туркия

Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии World Food Moskov

Нахустин Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мегардад

Рейтинг: сокинони Тоҷикистон дасткушодтар шуданд

Торумори «Давлати исломӣ» фаро мерасад

Сарвазири Малайзия ҳодисоти Мянмаро геносид номид

Дар Остона шаш санад ба тасвиб мерасад

14.09.2017


Баргузории Форуми соҳибкорон ва шарикони рушд

Намоиши мусаввараҳои рассомони тоҷик дар Суғд

Сағирдашт. Захираи алафи табиӣ ба 4200 тонна расид

Зимистон. Дар Мурғоб омодагии ҷиддӣ мегиранд

«Истиқлол» ба марҳилаи финалии интерминтақавӣ Ҷоми КФО – 2017 роҳ ёфт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед