logo

сафарҳо

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: "МО АРАБИСТОНИ САУДИРО БА ҲАЙСИ ШАРИКИ МУҲИМИ ХУД МЕШИНОСЕМ"

3 январи соли 2016 маросими бошукӯҳи истиқболи расмии меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Девони Маликӣ - Қасри Ямома доир гардид ва ба ин хотир майдони назди қаср идона ороста шуд.
Ба ифтихори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон горди фахрии шоҳӣ саф ороста, парчамҳои ҳар ду кишвар партавафшонӣ дошт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро Подшоҳи Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.
Сипас, сурудҳои миллии ҳар ду давлат садо доданд. Баъди садои суруди миллӣ ва гузориши Фармондеҳи горди фахрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд аз назди сарбозони горди шоҳӣ гузаштанд ва Сарвари давлати Тоҷикистон ба Парчами давлатии Арабистони Саудӣ эҳтиром ба ҷо овард.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд бо ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб шинос шуданд.

Дар мулоқоти сатҳи олӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуданд.
Муҳокимаи мавзӯъҳои гуногун нахуст дар суҳбати хосаи сатҳи олӣ оғоз ёфта, сипас музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду кишвар идома ёфт.
Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд Эмомалӣ Раҳмонро ба Мамлакати Арабистони Саудӣ хайра мақдам гуфта, аз имкони муҳокимаи бевоситаи масоили вобаста ба густариши робитаҳои ду кишвари дӯст изҳори хушнудӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ аз нахустин имкони дидор бо Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд изҳори хушҳолӣ карда, таъкид дошт: “Мо дар Тоҷикистон кишвари Арабистони Саудиро ба ҳайси шарики муҳими худ дар ҷаҳони арабу минтақаи Ховари Миёна мешиносем ва ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо он таваҷҷуҳи доимӣ дорем”.
Дар идомаи суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон, ҳамчунин изҳор дошт, ки “мардум ва кишварҳои моро муштаракоти зиёди таърихию тамаддунӣ ва маънавӣ ба ҳам мепайванданд”.
Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи муносиботи ду кишвар ёдовар шуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки Арабистони Саудӣ дар ҷаҳони ислому араб ва зиёда аз ин дар тамоми олам яке аз аввалинҳо шуда, Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи ин давра бар асоси эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ, аз ҷумла зимни се сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ, миёни ду кишвар равобити хуби сиёсӣ ба роҳ монда шуд.
Зимни музокироти созанда доир ба роҳҳои таҳким ва густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва ҳамгироии муштарак дар таъмини амну суботи минтақавӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Зикр гардид, ки ҳар ду кишвар роҷеъ ба масъалаҳои калидии глобаливу минтақавии сиёсати байналмилалӣ мавқеи ба ҳам наздик ё монанд ва барои дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ҳамёрии созанда доранд ва аз ташаббусҳову иқдоми якдигар дар арсаи байналмилалӣ доимӣ дастгирӣ менамоянд.
Дар робита ба ҳамкории амниятии ду кишвар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: “Суботу амнияти Осиёи Марказӣ, ки бо хатару таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ низ рӯ ба рӯ аст, пеш аз ҳама, бо вазъияти ташвишовари Афғонистони ба мо ҳамсоя сахт алоқамандӣ дорад” ва афзуд, ки “масъалаи ҳаллу фасли ҳамаҷонибаи қазияи Афғонистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хоса дорад”.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ имкон доранд дар соҳаи амният, аз ҷумла дар муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ - терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар шаклҳои барои ҳар ду тараф мақбул ҳамкории судбахш ба роҳ монанд.
Эмомалӣ Раҳмон аз робитаҳои иқтисодӣ ва дастгириҳои молиявии Арабистони Саудӣ, аз татбиқи чанд лоиҳаи инфрасохторӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла навсозии роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ва сохтмони чанд мактабу шифохона, бо қадрдонӣ ёдовар шуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки “ҳамкории иқтисодии мо ҳанӯз ҷавобгӯи зарфияту имкониятҳои имрӯзаи кишварҳои мо нест”.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, “имрӯз вақти он расидааст, ки мо ба бахшҳои бунёдӣ ва воқеии иқтисодиёт таваҷҷуҳи хос зоҳир намоем ва дар ин самтҳо ҳамкории дарозмуддату судманди байни кишварҳоямонро ба роҳ монем”.
Иштироки ҷониби Арабистони Саудӣ дар маблағгузории лоиҳаҳои энергетикию обии дорои аҳамияти минтақавӣ, аз қабили сохтмони неругоҳҳои барқии бузургу миёна, зеристгоҳҳо, хатҳои интиқоли барқи баландшиддати фаромарзӣ, инчунин бунёди корхонаҳои нассоҷӣ ва истихроҷу коркарди маъданҳои табиӣ ва обёрии заминҳо амри матлуб дониста шуд.
Барои ин фаъолияти бештару назарраси Комиссияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, ки ҷаласаи нахустинаш соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, зарур дониста шуд.
Ба ташкил ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва илмию фарҳангӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Дар охири гуфтушунид Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёрад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни ду кишвар панҷ санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ;
- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Мамлакати Арабистони Саудӣ;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.2016    №: 2    Мутолиа карданд: 10736

22.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Кай Микканен

Баррасии татбиқи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф матраҳ гаштанд

Ҷаласаи XVI Кумитаи ҳамкории гумрукӣ

10 комбайни нав дар шолизор

21.09.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Хосе Гратсиано да Силва

Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ

Баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ

Дар Хуросон ҳосили хуб ба даст оварданд

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Мексика ба 230 нафар расид

Дар Арабистони Саудӣ ба иди миллӣ бори нахуст занонро даъват намуданд

Насли нави рақамӣ иқтисоди Чинро дигар мекунад

20 миллиони фонди Ди Каприо ба ҳимояи муҳити зист

Дар дунё 40 миллион дар ғуломӣ қарор дорад

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Мексика заминларзаи мудҳиш боиси ҳалокати 139 нафар гашт

Гутерреш ҳафт хатари ҷиддӣ ба инсониятро ном бурд

ИМА дар Сурия бо Русия сабқат намекунад

Макрон: «Созишномаи Париж оид ба иқлим таҷдиди назар нахоҳад шуд»

Минагузории сарҳад бо Бангладеш

Чин ҳуқуқи моликияти зеҳнии ширкатҳои хориҷиро ҳифз мекунад

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед