logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 «Дар бораи маориф» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 5, мод. 345; с. 2005, № 12, мод. 655; с. 2006, №12, мод. 546; с. 2008, № 6, мод. 465, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 26 марти соли 2009, № 488) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
-сархати ҳафтум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«-таҳсилоти фосилавӣ –тарзи амалигардонии ҷараёни таълим бо истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе мулоқоти шахсӣ ва бевоситаи муаллим бо хонанда имконпазир мегардонад;»;
-дар сархати нӯҳум калимаи «савод» ба калимаи «саводнокӣ» иваз карда шавад;
-сархати чордаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«-аккредитатсияи давлатӣ –тартиби муайян намудани мақоми муассисаи таълимӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти таълимӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таълим;»;
-дар сархати понздаҳум пеш аз калимаи «муқаррар» калимаи «тартиби» илова карда шавад;
-сархати шонздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- экстернат –омӯзиши мустақилонаи фанҳои таълимӣ мутобиқи барномаи асосии таълимӣ бо аттестатсияи минбаъдаи ниҳоӣ дар муассисаи таълимӣ;».
2. Моддаи 13 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 13. Тартиби фаъолияти муассисаҳои таълимӣ
Ба муассисаҳои таълимие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додани иҷозатномаро пешбинӣ намудааст, аз ҷониби мақоми ваколатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» иҷозатнома дода мешавад.
Муассисаҳои таълимӣ танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи амалӣ сохтани фаъолияти таълимӣ ва истифодаи имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузориро пайдо менамоянд.
Тартиби гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад».
3. Қисми панҷуми моддаи 17 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо тарзи рӯзона, шабона, фосилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад.».
4. Дар моддаи 21:
-дар ном, матни модда ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои «Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ» ба калимаҳои «Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» иваз карда шаванд;
-дар қисми сеюм калимаи «касбиро» ба калимаи «таълимиро» иваз карда шавад.
5. Қисми якуми моддаи 24 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Муассисаҳои таълимие, ки (ба истиснои муассисаҳои томактабӣ) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, ба хатмкунандагоне, ки аз аттестатсияи ниҳоӣ мегузаранд, ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот медиҳанд.».
6. Дар моддаи 30:
-дар сархати якум калимаҳои «ва олии касбии» ба калимаҳои «,олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ» иваз карда шаванд:
-дар сархати дуюм баъд аз калимаҳои «олии касбӣ» калимаҳои «ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ» илова карда шаванд.
7. Аз сархати шашуми моддаи 31 калимаҳои «андозҳои маҳаллӣ ва» хориҷ карда шаванд.
8. Сархати ёздаҳуми моддаи 32 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«-дар доираи салоҳияти худ муассисаҳои таълимиро аз аттестатсия мегузаронанд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон       Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 майи соли 2009, № 529

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 22 апрели соли 2009, № 1310

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру
иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 майи соли 2009, № 649


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 954

28.02.2020


ҶАРАЁНИ ОМОДАГИҲО БА БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МАТРАҲ ШУД

ОҒОЗИ БУНЁДИ БОЗ ЯК ОСОИШГОҲ ДАР ГУЛИСТОН

ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ИНТУРМАРКЕТ – 2020» ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТМКУНАНДАГОНИ БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ТИҶОРАТӢ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ШУДАНД

ҲАМКОРИИ БМТ ВА КОРПОРАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИЯВӢ

“ГАНҶИ СУХАН”. ҲАМОИШЕ, КИ МАЪРИФАТ МЕАФЗОЯД

ХУРОСОН ҲУСНИ ТОЗА МЕГИРАД

ҶОМИ КФО – 2020. "ХУҶАНД" БА МАРҲАЛАИ ГУРӮҲӢ РОҲ ЁФТ

AMAZON АВВАЛИН МАРКАЗИ САВДО БИДУНИ ХАЗИНА КУШОД

ӮЗБЕКИСТОН ВА УКРАИНА АЛОҚАИ РОҲИ ОҲАНРО БАРҚАРОР НАМУДАНИЯНД

ИТТИҲОДИ АВРУПО САНАИ МУЗОКИРОТ БО БРИТАНИЯРО ОИД БА ШАРИКӢ ГУФТ

ИМА: АФҒОНИСТОН БОЯД ДАР ФИКРИ ҚАТЪИ ҶАНГ БО "ТОЛИБОН" БОШАД

Ҷаҳон дар як сатр

26.02.2020


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

ДАНҒАРА – МИЗБОНИ ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ

КИШОВАРЗӢ. НЕСТ КАРДАНИ ТУХМИИ ВАТАНӢ ХАТОИ НОБАХШИДАНИСТ

МАЪЮБОН КОРХОНАИ ҲАМРОЗ ДОРАНД

RABAT GRAND PRIX 2020. ТОҶИКИСТОНРО 7 ПАҲЛАВОН МУАРРИФӢ МЕКУНАД

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед