logo

маориф

ИМТИЁЗ

НООГОҲИИ ҶАВОНОН ВА БЕТАВАҶҶУҲИИ МАСЪУЛОН МОРО БА ИН ҲОЛ ОВАРД

Омӯзгорони ҷавон мегӯянд, ки солҳо боз дар интизори замини наздиҳавлигӣ ҳастанд. Аммо мудирони шуъбаҳои маориф масъалаи таъмини омӯзгоронро бо замин салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ медонанд.
Соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки ба омӯзгорони ҷавон имтиёзҳои зиёд дода шудааст. Бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони соҳаи маориф ва ҷалби онҳо ба фаъолияти омӯзгорӣ 3 майи соли 2006 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» қабул карда шуд. Қарзи имтиёзнок дар муддати 3 соли аввали фаъолияти меҳнатии омӯзгороне, ки маълумоти олии омӯзгорӣ доранд ва дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кор мекунанд, барои хариди чорвои калони шохдори ширдеҳ ё ин ки парвариши 20 оилаи занбӯри асал дода мешавад. Қарз дар ҳаҷми то 6000 (шаш ҳазор) сомонӣ ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ бо меъёри 3 дарсади солона ба муҳлати 5 сол муқаррар гардидааст. Қарз аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба воситаи шуъбаву бахшҳои Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» пешниҳод карда мешавад.
Инчунин, тибқи талаботи қарори мазкур омӯзгорони ҷавон бо замини наздиҳавлигӣ низ таъмин карда мешаванд. То куҷо омӯзгорони ҷавон аз ин имтиёз истифода мебаранд? Сайхоҷа Ширинов, сардори шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг мегӯяд, ки соли гузашта 20 омӯзгори ҷавон бидуни навбат бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардида, қарзи имтиёзнок гирифтанд.
Аммо на ҳама омӯзгорони ҷавон аз ин имтиёзҳо огоҳӣ доранд. Илова бар ин, баъзе аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аризаи омӯзгорони ҷавонро барои таъмини замини наздиҳавлигӣ солҳо дар ғалладони мизи худ нигоҳ медоранд.
Садриддин Раҳматуллоев, омӯзгори ҷавон аз ноҳияи Тоҷикобод, мегӯяд, ки аз навиштани аризааш ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ 5 сол сипарӣ мешавад. “Соли 2011 аризаро навиштам, то соли 2012 ҷавоб нашуд. Ночор тарки пеша кардам, вале соли 2014 боз баргашта, то ҳол омӯзгорӣ мекунам. Шунидам, ки аз 5 то 15 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок ҳам гирифта метавонем, аммо чӣ тавр, чӣ гуна намедонем,”– гуфт ин омӯзгори ҷавон.
Дар ҳоле, ки аксари ҷавонони омӯзгор аз риоя нашудани талаботи қарори мазкур аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сухан мегӯянд, Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки давоми 8 соли амалӣ шудани қарори мазкур 4 ҳазору 608 нафар омӯзгори ҷавон аз ин имтиёз бархӯрдор гардиданд, ки аз он 2 ҳазору 792 нафар бо замини наздиҳавлигӣ, 514 нафар бо замини полезкорӣ ва боғдорӣ ва 1302 нафар бо қарзи имтиёзок мебошад.
Теъдоди имтиёзҳо дар ВМКБ 293, вилояти Хатлон 1651, вилояти Суғд 1460, шаҳри Душанбе 7 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1197 нафарро ташкил медиҳад. Дар муддати 8 сол ба 1302 нафар мутахассиси ҷавон 7 миллиону 390 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд.
Омӯзгорони ҷавон дар ноҳияи Восеъ нисбат ба омӯзгорони навоҳии дигари кишвар дар ин самт чанд қадам пеш гузоштаанд. Сироҷиддин Гурезов, сардори шуъбаи маорифи ноҳия мегӯяд, ки шаш моҳи охири соли гузашта 6 омӯзгори ҷавон аз бонк то 5 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок гирифтанд. Соли ҷорӣ бошад, 16 омӯзгори ҷавон барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок дархост пешниҳод намудаанд, ки рӯзҳои наздик ҳал хоҳад шуд. Илова бар ин, 56 омӯзгори ҷавон барои таъмини замини наздиҳавлигӣ муроҷиат намуданд. Айни ҳол, тақсими замин оғоз шудааст.
Таъмини имтиёзҳо ба мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ дар соли 2015 – ум 624 нафарро ташкил дод, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2014 105 нафар кам мебошад. Ин, албатта, аз он дарак медиҳад, ки дар маҳалҳо аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо қарори мазкур дар сатҳи зарурӣ амалӣ намегардад. Ҳамзамон, барои омӯзгорони ҷавон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андоза ва тартиби пардохти иловапулӣ ба маоши омӯзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд» 10 дарсад иловапулӣ дода мешавад.
Сайвалӣ Қодиров, сардори раёсати кадр ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки ҳар як омӯзгори ҷавон пеш аз он, ки фаъолиятро шурӯъ мекунад, аввал бояд дар бораи имтиёз ва ҳуқуқҳои касбии худ иттилоъ дошта бошад. Мудирони шуъбаҳои маориф низ вазифадоранд, ки ҳангоми баровардани фармони қабули омӯзгорони ҷавон ба онҳо оид ба имтиёзҳояшон маълумот диҳанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои қарорҳои зикршударо кашол медиҳанд. Маҳз бемасъулиятӣ дар қонеъ гардондани талаботи омӯзгорони ҷавон боис мегардад, ки аксари онҳо тарки касб намоянд.
Ҳ. САНГОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.02.2016    №: 25    Мутолиа карданд: 1092

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед