logo

маориф

ЗАБОНОМӮЗӢ. МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМ КУҲНА АСТ

Дар Паёми имсола дар қатори масъалаҳои мушкил ва ҳалталаби иҷтимоӣ таъкидан зикр гардид, ки «сатҳу сифати касбу ҳунаромӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ боз ҳам баланд бардошта шавад». Президенти кишвар дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ ду забон - англисӣ ва русиро хосатан ном гирифта, ба таъкид ба роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, инчунин ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ супориш доданд, ки «дар давоми чор соли оянда масъалаи пурра бо омӯзгорони фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, дар навбати аввал, русиву англисӣ таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумиро ҳал намоянд». Дар воқеъ, дар замони имрӯз ин масъала чи дар ҳаёти иҷтимоӣ ва чи дар соҳаи муносибатҳои байналхалқии кишвар қазияи муҳим, мубрам ва аҳамиятноку манфиатбор маҳсуб меёбад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хоса русиву англисӣ тақозои замон аст.

Вале, мутаассифона, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки методикаи таълими забонҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ нисбатан куҳна шудааст, он ба раванди зиндагӣ, шароити иҷтимоӣ ва талаби замон чандон мувофиқ нест. Барои мисол, талаба дар мактаби миёна 6 сол ва дар мактаби олӣ 2 сол дарси забони англисӣ меомӯзад, аммо ба истиснои азхуд кардани чанд калимаву ибора, озодона гуфтугӯ карда наметавонад. Акси ин ҳол дар Марказҳои забономӯзи ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ тӯли 6 моҳи таҳсил хонанда дар сатҳи кофӣ ин ё он забони хориҷиро аз худ мекунад. Чӣ гуна? Зеро дар ин марказҳо усули таълим дигар аст, омӯзгорони ботаҷриба машғулият мегузаронанд, аз аносири интерактивӣ самаранок истифода мебаранд.  Дар макотиби олӣ забономӯзиро, асосан, аз нав оғоз мекунанд, ки завқи донишҷӯи забондонро мекоҳонад. Имрӯз зарур аст, ки тарзи таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисиро дар макотиби таҳсилоти миёнаву олӣ тағйир диҳем, омӯзгорони ботаҷрибаро ҷалб намоем, аз методу усулҳои нави замонавӣ, таҷҳизот васоити техникӣ сабтҳои овозиву намоишӣ моҳирона ва самаранок истифода барем. Дар синфҳои поёнӣ ба тарзи мухобиротӣ ва муошират бештар эътибор диҳем, зеро дар ин синну сол наврас қобилияти дарки қоидаҳои забониро надорад. Дар муассисаҳои таълимӣ анъанаи «рӯзи забонҳо»-ро эҳё намудан  аз манфиат холӣ нахоҳад шуд.
Паҳлуи дигар мушкилоти забон-омӯзии наврасону ҷавонон ба вуҷуд овардани фазои мусоидаткунанда ба маърифати забондонии онҳо аст. Дар шароити муосир, ки технологияи иноватсионӣ басо рушд кардааст, сухани методии муаллим ва панду насиҳати падару модар дар ин ҷода таъсири камтар дорад. Гумон мекунем, ки барои бедор кардани завқи забономӯзии мактабиёни хурдсол бояд фазои маърифатии муҳассилинро ғанӣ гардонем. Дар ғанӣ гардонидани чунин фазо васоити ахбори омма, адабиёти бадеӣ, ҳамчунин публитсистика низ таъсир расонида метавонад. Пас адибони моро зарур аст, ки ба ин масъала низ эътибор диҳанд, ин мавзӯъро ба адабиёти бачагона кашанд. Шояд тасвири муваффақиятҳои «қаҳрамони забондон» ва нокомиҳои персонажи бепарво дар бедории майли забономӯзии хонандагон ва дучанд гардидани завқашон низ мусоидат кунад. 
Дар ин кор васоити ахбори омма, хоса телевизион метавонад таъсиргузор бошад. Ҷои баҳс нест, ки телевизиони «Баҳористон» дар бедории завқи наврасон ва эҳсоси кунҷковии онҳо нақши муҳим мегузорад. Агар ин шабака дар ҳамкорӣ бо аҳли маориф, хоса омӯзгорони соҳибтаҷрибаву соҳибмалака ва истифодаи усулҳои фаъол аз раванди таълими забонҳои гуногун барномаҳо таҳия намояд, ҳам барои наврасон ва ҳам барои омӯзгорони ҷавони забонҳои хориҷӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Дар шароити муосир донистани забонҳои хориҷӣ, як навъ калидест, ки на танҳо дари илму маърифати ҷаҳониро бароямон мекушояд, балки моро ба раванди ҷаҳонишавӣ пайваста, имкон медиҳад, ки бевосита ба низоми сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии ҷаҳонӣ ширкат варзем. Ин пайвандиҳо бегумон ба боло рафтани саводнокӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии замонавӣ таъсири мусбат мерасонад. Ва ба таъбири Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  барҳақ гуфтаанд, ки: «Танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутаммаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».      

М. МУРОДӢ, профессори ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.02.2016    №: 27    Мутолиа карданд: 935

28.01.2020


Иқтидори энергетикии кишвар рӯ ба афзоиш дорад

Азнавбақайдгирӣ. Ҷараёни иҷро нигаронкунанда боқӣ мемонад

Тоҷикистону Эрон. Ҳамкориҳои гумрукӣ таҳким меёбанд

Ноҳияи Рӯдакӣ. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

СММ ИМА ва Россияро ба тамдиди созишномаи ССҲ-3 даъват намуд

Аксарияти нафароне, ки мубталои коронавирус шуданд, аз 60 - сола боло мебошанд

Дар Қазоқистон бо офияти занҳое машғул мешаванд, ки аз Сурия баргаштанд

Ҳамлаи малах ба Африқои Ҷанубӣ боиси нигаронии сахти СММ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед