logo

ҳуқуқ

ВОСЕЪ: ЧАРО АМРИ ПРОКУРОР ДАР КОҒАЗ МОНД?

БОЗ ДАР БОРАИ ЗАМИН ВА БЕМАСЪУЛИЯТИИ МАСЪУЛОН
Ҳангомае паҳн гардид, ки гӯё нафаре чанд сол қабл дар шафати варзишгоҳи ба номи Теша Исмоилов, ки дар кӯчаи Исмоили Сомонии ҷамоати шаҳраки ноҳияи Восеъ мустақар аст, манзили истиқоматӣ бунёд намуда, 4 садяк замини варзишгоҳро ғасб кардааст. Бархе мегӯянд, ки ин овоза нест, воқеият аст. Агар чунин бошад, пас ғосиб кист ва оё ӯ барои ин рафтори ғайриқонуниаш ҷазо гирифтааст? Зимни гузарондани тадқиқоти журналистӣ то ҳадде ҳақиқати ҳол рӯи об баромад.
Шӯрои вакилони халқи собиқ ноҳияи Арал (ҳоло Восеъ) 31 январи соли 1959, таҳти № 19, «Дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои таъсиси майдони варзишӣ» қарор ба тасвиб расондааст. Мутобиқи қарор масоҳати он 2,70 гектарро ташкил медиҳад. Вақти боздид аз варзишгоҳ маълумамон гашт, ки воқеан дар канори чапаш манзили истиқоматӣ ҷой дорад. Дар он Э. Исмоилов бо аҳли оилааш зиндагӣ мекунад. Девори ҳавлии хона дар дохили варзишгоҳ мебошад. Масъулони соҳаи варзиш маҳз ҳамин қитъаро забтшуда ҳисобида, бо аризаи шикоятӣ ба мақомоти дахлдор муроҷиат карданд ва талаб намудаанд, ки порчаи заминро ба ҳолати аввала баргардонанд. Кумитаи идораи замини ноҳия дар маҳал санҷиш гузаронда, 4 июли соли 2014 чунин ҷавоб гардондааст:
«Ҳангоми санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Раҳмоналӣ Исмоилов, мағозаи хусусиашро ғайри мақсад истифода намуда, айни ҳол дар он истиқомат дорад. Инчунин худсарона, бе ягон ҳуҷҷати  ҷудо намудани қитъаи замин, майдони 0,049 гектар заминҳои ҷамоати шаҳракро азхуд намуда, бо девори бетонӣ маҳкам кардааст. Дар ин асос, шаҳрванд Р. Исмоилов мувофиқи талаботи моддаи 141-143 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида, ба маблағи 440 сомонӣ ҷарима карда шуд. Дар ҳолати хулосаи даркорӣ набаровардан, барои маҷбуран ба ҳолати аввала баргардондани замини зикршуда, дар асоси талаботи моддаи 104 - и Кодекси замини ҶТ маводҳои тартибдода ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия пешниҳод карда мешавад».
Вале қарори кумитаи замин танҳо рӯи коғаз монду бас. Ин ниҳод ба ҷуз 440  сомонии ҷарима то кунун ҳеҷ чорае наандешидааст. Соли 2015 прокуратураи ноҳия аз ин амали шаҳрванд тавассути номаи шикоятии як нафар, ки номашро махфӣ медорем, воқиф гардида, таҳқиқ бурдааст. Ва ҷавобан ба мактуб навиштааст: «….Исмоилов Эмомалӣ Тешаевич дар кӯчаи И. Сомонӣ масоҳати 0,037 гектар қитъаи замини ҷамоати шаҳраки ноҳияи Восеъро ғайриқонунӣ, бе сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ишғол намуда, бар хилофи қоидаҳои фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ дар масоҳати 48 метри мураббаъ анҷомхона ва ҳаммом сохтааст…».
Идораи замин дар хулосааш масоҳати замини тасарруфшударо 0,049 гектар овардаасту прокуратура 0,037 гектар. Дар натиҷаи тадқиқот маълум гашт: порчаи замине, ки Э. Исмоилов дар он хонаи истиқоматӣ бунёд кардааст, чанд сол қабл бо қарори раиси ноҳия барои бунёди маркази савдои либосҳои варзишӣ ба Р. Исмоилов, яъне бародари ӯ инъом шудааст. Возеҳ нест, ки бо чӣ васила Э. Исмоилов соҳиби он гардидааст. Аз ҳама ҳайратовар, номбурда худ хизматчии давлатӣ – сармутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад. Варзишгоҳ низ ба номи падари ӯ номгузорӣ гардидааст. Нафароне ҳастанд, ки ин номгузориро ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунанд. Зимни як суҳбат Э. Исмоилов тазаккур дод, ки ин ҳавлӣ ба бародараш мутааллиқ аст. Ва заминеро, ки ӯ гирифтааст, на замини варзишгоҳ, балки аз шаҳрак будааст. Алъон дар он ҳаммому анҷомхона сохтааст. Имконияти чаппакуниро надорад. Варзишгоҳ бошад, гӯё солҳои 1999 ба номи падари ӯ гузошта шудааст. Вале қарори раиси ноҳияро вобаста ба номгузорӣ аз бойгонӣ дарёфт накардааст.
- Баъди он ки прокуратураи ноҳия Э. Исмоиловро бо ҷурми ғайри ҳадаф истифода бурдан ва иҳотаи зиддиқонунии замин ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид, баҳри рафъи қонуншиканиҳо, 2 ноябри соли 2015 ба унвони раиси комиссияи ҷамъиятии ноҳиявӣ, ки бевосита ба назорати замин муваззафанд, амрномаи прокурор ирсол гардид,  - иброз намуд Саидзода Дилбар, ёрдамчии калони прокурори ноҳия.
Ҳарчанд аз қабули амрнома 3 моҳ сипарӣ гардида бошад ҳам, масъулон баҳри иҷрои он саҳлангорӣ ва беамалиро ихтиёр намудаанд. Ба қавле, аз «санг садо» ҳасту аз амрнома не. Роҷеъ ба ин масъала бо Нуралӣ Муъминов, муовини раиси ноҳия, ки раиси комиссияи ҷамъиятӣ аст, ҳамсуҳбат гардидем. Мавсуф ҳатто аз амри прокурору дигар ҳуҷҷатгузории вобаста ба қазияи фавқ воқиф набудааст. Сараввал гуфт, ки котиби роҳбари комиссия - раиси идораи замин дар ин бора иттилои бештар дорад. Баъди як тамоси телефонӣ бо сармеъмори ноҳия андешаҳояшро ба куллӣ тағйир дод. Афзуд, ки «Мо ин масъаларо дида истодаем. Прокуратура Исмоиловро ҷарима кардааст. Онро бо қонун мутобиқ мекунему дар асоси амри прокурор заминро ба ҳолати аввала бармегардонем». Ба суоле, чаро то кунун дар ин самт коре накардаанд, посух гуфт, ки замони амрномаи прокурор баромадан ӯ муовини раиси ноҳия набудааст.
- Кумитаи замини ноҳия дар чаҳорчӯби қонун баҳри рафъи ғасби замин тадбирҳои заруриро рӯи кор гирифт. Вале, феълан маълум нест, замини азхудшуда ба ҷамоати шаҳрак тааллуқ дорад ё варзишгоҳ. Чунки Нақшаи генералии ноҳия рӯзҳои наздик тасдиқ хоҳад шуд. Баъдан метавон онро муайян намуд.  Сокинро ҷаримабандӣ кардем, санҷиш гузаронда, аз натиҷааш ба прокуратура хаттӣ хабар додем. Танҳо татбиқи амрномаи прокурор мондааст, - тазаккур дод Диловар Пиров, раиси идораи замин.
Кашолкорию батаъхирмонии ҳукми прокурор ба чӣ хотир будааст, ахиран ошкор шуд. Дар нишасти матбуотии имсола хабарнигорон ин масъаларо ба майдони баҳс кашиданд. Ин дафъа ҷавоби Нуралӣ Муъминов чун пешина набуд.  Ӯ афзуд, комиссияи ҷамъиятӣ ба хулосае омад, ки қитъаи замини ғасбшударо ба қонуншикан ҳуҷҷат карда диҳад. Зеро вай дигар ҷойи зисту замини ҳавлигӣ надорад. Албатта, «зери коса нимкоса» - ест, вагарна ба ҳеҷ ваҷҳ роҳбари комиссия ба чунин қарор намеомад. Як ҳафта қабл дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки амри прокурорро иҷро мекунанду аммо дар нишасти хабарӣ аз райъаш гашт. Шояд зӯраш ба Исмоиловҳо нарасида бошад? Агар чунин нест, пас чӣ манфиате болотар аз қонун истод, ки Муъминов «тасмим»-ашро иваз кард?
     
Ёқуби СОДИҚ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2016    №: 37    Мутолиа карданд: 605
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед