logo

туризм

ТУРИЗМ. ТАДБИРҲОИ АНДЕШИДАШУДА ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТАНД

Соли гузашта зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки соли 2015 аз тарафи Ҳукумати мамлакат  соли муаррифии имконоти туризми дохилӣ эълон гардидааст. Дар ин самт нақша – чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2015 оид ба муаррифии имкониятҳои туризми дохилӣ дар соли 2015 ба имзо расид ва дар доираи он кумита бо мақсади рушди туризми донишҷӯӣ ва мактабӣ силсилаи чорабиниҳоро доир намуд. Туризми мактабӣ то андозае эҳё гардид. Чанд гурӯҳи мактаббачагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Ҳисор, шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд сафар намуда, бо хотироти ғанӣ баргаштанд. Инчунин, бо ибтикори кумита гурӯҳи ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон дидан намуда, аз урфу одат ва фарҳанги мардуми минтақаҳои гуногуни кишвар огаҳӣ пайдо карданд. Мавзеъҳои сайёҳиву таърихиро тамошо карданд. Тибқи маълумоти раёсати рушди туризми кумита дар маҷмӯъ ба чорабиниҳои сатҳи гуногун -  маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 241828 нафар фаро гирифта шуд.
Ин иқдоми хуб аст, вале зарурате рушди туризми дохилӣ фаъолнокии ширкатҳои сайёҳӣ ва ташаббуси воқеии сайёҳии аҳолиро тақозо менамояд.
Тавре аз кумита иттилоъ гирифтем, алҳол дар мамлакат беш аз 100 субъекти хоҷагидор иҷозатномаи фаъолияти туристӣ дорад, вале самти бештари фаъолияти онҳоро фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо ва гирифтани раводиди кишварҳои хориҷӣ ташкил медиҳад. Мутаассифона, онҳо дар рушди туризми дохилӣ саҳми ночиз дошта, барои муаррифии имконоти туристии мамлакат кам кӯшиш мекунанд.
Ба гуфтаи Фаррух Иззатуллоев, сардори раёсати рушди туризми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли 2015  Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи туризм таъсис ёфт. Шӯро барои таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, корхона ва шахсони алоҳидаи соҳа, меҳмонхонаҳо ва ташкилотҳое, ки новобаста аз шакли моликият ба пешниҳоди мол ва хизматрасонии сайёҳӣ машғуланд, мусоидат менамояд. Инчунин, аз ҷониби масъулон ҷиҳати ба туризми дохилӣ ва воридотӣ равона намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ корҳои муайян  ҷараён доранд.
 Фаррух Иззатуллоев иброз дошт, ки барои рушди туризми дохилӣ аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба хатсайрҳои наву ҷолиб, аз ҷумла ба самти вилояти Суғд 11 хатсайр, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 хатсайр, вилояти Хатлон 9 хатсайр, ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Варзоб, Файзобод, Турсунзода ва Рашт 3 - 4 хатсайрӣ таҳия гардиданд. Ин хатсайрҳо барои ҳавасмандсозии ҳамватанон дар тамошои кишвари маҳбубу зебо ва ҳамзамон, ба ҷалби сайёҳони нав  мусоидат хоҳанд кард.
Ғайр аз ин, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз  соли 2011 “Дар бораи  баргузории саёҳати пиёдагардӣ дар шаҳри Душанбе” ҳамасола дар мавсими баҳор бо ҷалби донишҷӯёни риштаи туризми донишгоҳу донишкадаҳо саёҳатҳои маърифатӣ – фароғатӣ роҳандозӣ мешаванд.
Дар маҷмӯъ рушди туризми дохилӣ барои огаҳии комил пайдо намудани сокинон аз имконоти гардишгарии кишвар, фарҳангу тамаддуни қадима ва дар ин замина ба рушду тавсеаи туризми воридотӣ таъсири назаррас хоҳад расонд. Зеро ҳар нафаре, ки ба кишвари дигар барои саёҳат меравад, ҳатман нафареро ба Ватани худ даъват ва имконоти гардишгарии кишварро муаррифӣ хоҳад кард.
Фаррух Иззаттуллоев иброз медорад, ки вусъат бахшидан ба туризми дохилӣ дар баробари таъсири мусбати он ба шуғли аҳолӣ, инчунин ба таъсиси сохторҳои ёрирасон, ҷалби маблағгузориҳои ватанию хориҷӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ низ мусоид менамояд. Аз ин лиҳоз, кумита кӯшиш менамояд, ки аз тамоми имконоти мусоид истифода бурда, барои рушди туризми дохилӣ  тадбирҳои судмандро рӯйи даст гирад.
Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2016    №: 39    Мутолиа карданд: 10144

18.03.2017


Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

Баррасии ҷалби ширкатҳои Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳо

Вохӯрии Сумангул Тағойзода бо Пратибҳа Меҳта

Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон матраҳ гардид

ЛАХШ. Сар аз як гиребон

16.03.2017


«Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масоили об»

Ҷаласа дар ҳузури Азим Иброҳим

Боздиди сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи Венҷоу

Ҳадаф – муаррифии фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон

Ҷаҳон дар як сатр

Гӯшаи кишоварз

Судяи иёлати Гавайя фармони Трампро аз амал боздошт

Дар Димишқ се маргталаб худро тарконд

Ба 17 миллион яманӣ гуруснагӣ таҳдид мекунад

Озод кардани австрализани рабуда дар Афғонистон

Ҳавопаймои дубаҳраи чинӣ ба парвози нахустин омодагӣ мегирад

15.03.2017


Нақши осори Бедил дар рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ

Тоҷикистону Чин: тақвияти ҳамкориҳои илмӣ

Тантанаҳои наврӯзӣ 21 март оғоз мегарданд

Вусъати корҳои ободонӣ

Қолинбофӣ рушд меёбад

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон 30 гаравгонро озод карданд

ЮНИСЕФ: порсол дар Сурия 650 кӯдак ҳалок шуд

ИМА нисфи маблағгузории СММ – ро коҳиш медиҳад

Ҳалокат дар садамаҳои ҳавоӣ 2 маротиба афзудааст

Покистон аҳолиашро аз нав ба ҳисоб мегирад

13.03.2017


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР АКАДЕМИЯИ ВАО

Афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд матраҳ гашт

Баррасии таҳкими ҳамкориҳо

Мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт – 2017»

Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон

Изҳори сипос ба «Ҷумҳурият»

Боб-ус-Сағир ҳадафи ҳамлаи террористӣ гашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед