logo

энергетика

ДАСТИ ДУЗДОНИ БАРҚ «КӮТОҲ» МЕШАВАД

Гузаштан ба ҳисобкунакҳои нави рақамии барқ ҷиҳати коҳиш додани талафоти неруи барқ талаботи давр аст.
Дар хонаҳои қариб 10 ҳазор сокини шаҳри Хуҷанд дар доираи барномаи  «Коҳиш додани талафоти неруи барқ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гаштааст, аввалин ҳисобкунакҳои барқии рақамӣ насб карда шуданд. Барнома бо маблағгузории  Бонки таҷдиду рушди Аврупо татбиқ мегардад.

Ҳадаф аз татбиқи барномаи мазкур ба таври самарабахш коҳиш додани талафоти неруи барқ дар ҷараёни баҳрабардорӣ  аз ҷониби аҳолӣ, ташкилот ва корхонаю муассисаҳо ва ба ин васила  таъмини муътадил бо неруи барқ дар тамоми фаслҳои сол мебошад. Пӯшида нест, ки аҳолии мамлакат дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аз норасоии барқ  мушкилӣ мекашад. Аз ин хотир, роҳбарияти ширкати  «Барқи тоҷик» ҷиҳати коҳиш додани талафоти неруи барқ ва ҳамзамон гузаштан ба ҳисобкунакҳои муосири барқии рақамӣ, ки аз дастовардҳои муҳими мутахассисони соҳа арзёбӣ шуда, аллакай дар Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Чин ва бисёр мамолики пешқадами дигар аз он истифода мебаранд, барномаро роҳандозӣ намуд. Дар заминаи  созишномаи ҳосилшуда миёни ширкати «Барқи тоҷик»,  Бонки таҷдиду рушди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барнома аз тарафи мутахассисони ширкати чинии  ZTE бо ба кор ҷалб кардани 240 мутахассиси тоҷик марҳила ба марҳила татбиқ мегардад. Бо мақсади амалисозии барнома аз ҷониби Бонки таҷдиду рушди Аврупо 21 миллион евро маблағ ҷудо шудааст. То оғози насби ҳисобкунакҳои  барқӣ таҷдиди кулли шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд дар масофаи  14 километр анҷом пазируфта, хатти нав кашида шуд ва зеристгоҳҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бартарии асосии ҳисобкунакҳои нав аз пешина,  қабл аз ҳама аз лиҳози техникист. Саҳеҳияташон хеле дақиқ буда, бо шиддати муътадили ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ кор мекунанд. Дуздии барқ аз ҳисобкунакҳои нав, чуноне пештар аз ҷониби баъзе афроди беинсоф зиёд ба мушоҳида мерасид, имкон надорад. Дар масъалаи пардохти маблағи истифодаи барқ ҳисобкунакҳо то андозае ба телефони мобилӣ монанданд: ҳар қадар ки маблағ ирсол кунед, ба ҳамин арзиш қувваи барқ мегиред. Ба хотири он ки барқ ногаҳонӣ  хомӯш нашавад, муштариён метавонанд сари чанд вақт маблағи тавозунро назорат карда,  маблағи иловагӣ  гузаронанд.  Ширкати «Барқи тоҷик» ҷиҳати пардохти қулайи маблағи истифодаи неруи барқ аз ҷониби муштариён тавассути нуқтаҳои  «Амонатбонк»  ба таври он - лайн ( доимӣ) мусоидат мекунад.  Албатта, ҳифзи иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва маъюбон дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба эътибор гирифта мешавад.
Мушоҳидаҳои нахустин аз он мужда медиҳанд, ки расидан ба ҳадафи асосӣ -  коҳиш додани талафоти қувваи барқ имконпазир аст.
Баъди шаҳри Хуҷанд насби ҳисобкунакҳои барқии рақамӣ дар дигар шаҳру навоҳии вилоят ҷараён мегирад.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2016    №: 39    Мутолиа карданд: 15641

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед