logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маркази хизматрасонии «Пойтахт», шаҳри Душанбе, 2 июни соли 2009

Соҳибкорони мӯҳтарам,
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти замонавии Маркази хизматрасонии «Пойтахт», ки барои соҳибкорон воқеан як рӯйдоди фараҳбахш аст, самимона табрик мегӯям.
Солҳои охир аз баракати истиқлолият ва ваҳдати миллӣ дар кишвари мо фазои сармоягузории дохиливу хориҷӣ вусъати тоза пайдо карда, ин раванд ба рушди босуботи соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории ватанӣ мусоидат намуд.
Мо аз марҳалаи аввали ислоҳоти иқтисодӣ барои зина ба зина ташаккул ёфтани соҳибкории ватанӣ аҳамияти ҷиддӣ додем ва чунон ки ҳама огоҳанд, имрӯз дар самти рушди бахшҳои воқеии иқтисод, соҳаҳои энергетика ва коммуникатсия ба як силсила натиҷаҳои неку созанда ноил гардидем ва ин роҳро минбаъд пайгирона идома хоҳем дод.
Ҳадафи мо аз ин иқдомот, пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити созгору мусоид барои дастгириву татбиқи ташаббусҳои соҳибкорон,  ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва бо ин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.
Ҳоло дар шаҳри Душанбе марказҳои зиёди тиҷоратӣ амал менамоянд, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд ва иншооти имрӯза яке аз онҳост.
Ин марказ аз шаш ошёна иборат буда, дар он имконияти хизматрасониҳои гуногун, яъне фурӯши молҳои гуногуни корхонаҳои ватанӣ, аз қабили молу маҳсулоти бофандагиву дӯзандагӣ, заргарӣ, сангҳои ороишӣ, маводи ғизоӣ, инчунин дар табақаҳои болоии он дафтарҳои корӣ ва қаҳвахонаву тарабхонаҳо фароҳам оварда шудааст. Муҳимтар аз ҳама, дар ин марказ беш аз 600 ҷои нави корӣ муҳайё шудааст, ки ин дар бобати бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ саҳми арзанда мебошад.
Барои сохтмони ин иморати мӯҳташам, ки масоҳати умумии он қариб 10 ҳазор метр ва масоҳати фоидаовараш қариб ҳаштуним ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, 22 миллион сомонӣ сарф шуда, корҳои бунёди он аз ҷониби ширкати муштараки бинокории Тоҷикистону Туркия анҷом дода шудаанд. Ҳамчунин мехоҳам хотирнишон созам, ки дар бунёди ин иншоот беш аз 150 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ заҳмат кашида, онро пеш аз мӯҳлати муқарраршуда ба охир расониданд.
Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорон ва коргарону сохтмончиёне, ки дар бунёди ин бинои бошукӯҳи замонавӣ ва ободии боз як гӯшаи пойтахтамон саҳм гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.
Мо ҳар як ташаббусу иқдомоти созандаеро, ки аз ҷониби соҳибкорон ба хотири вусъат ёфтани корҳои ободониву бунёдкории кишварамон сурат мегиранд, ҳамеша дастгирӣ мекунем.
Бояд зикр кард, ки мақсади асосӣ аз дастгирии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон рушду тавсеаи бемайлони муносибатҳои бозорӣ мебошад. Бо дарназардошти ин нукта, Ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул карда, барои густариш ёфтани ин соҳаи муҳими иқтисодиёт тамоми шароити мусоид, пеш аз ҳама заминаи муосири қонунгузориро фароҳам овардааст.
Аз ҷумла, қонунҳо «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ», «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк»  қабул гардида, инчунин ба як қатор асноди қонунгузории дигар вобаста ба талаботи давру замон тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд.
Қабули санадҳои зикршуда ҳамчун асоси ҳуқуқии рушди соҳибкорӣ пеш аз ҳама ба тавсеаи соҳибкории хурду миёна, густариши ҷалби сармоя, воридоти технологияҳои муосир барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин тавсеаи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ мусоидат намуд. Ба ибораи дигар, онҳо  низоми амалкунандаи дастгирии соҳибкориро дар мамлакат тадриҷан такмил доданд.
Дар баробари ин, ба соҳибкорон як қатор имтиёзҳо, аз қабили соддагардонии тартиби бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, литсензиякунонии фаъолияти онҳо, сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонии онҳо, кам кардани андозҳо ва қарзҳои имтиёзнок дода шуданд, ки ҳамаи ин иқдомот дар маҷмӯъ ба фаъолияти бемамониат ва озодонаи  соҳибкорӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.
Вале дар баробари ҳамаи корҳои амалишуда бояд махсус таъкид кард, ки соҳибкорони мо ҳанӯз ҳам асосан ба бахшҳои осони ин соҳа таваҷҷӯҳ доранд ва мутаассифона, ба рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, воридоти технологияҳои муосир ва таъсиси корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла саноати сабук ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ камтар аҳамият медиҳанд.
Дигар ин ки риояи ҳатмии қонунҳо ва дигар асноди қабулшудаи меъёрии ҳуқуқӣ ва сари вақт супоридани андоз бояд ҳамчун ҷузъи муҳимтарини маданияти соҳибкорӣ ва нишондиҳандаи симои соҳибкори муосири миллӣ ҳисобида шавад.
Бо ин мақсад, мо оид ба беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ Шӯрои машваратӣ ташкил кардем, вале чунонки мушоҳида мегардад, фаъолияти он пурсамар нест.
Аз ин рӯ, бояд Шӯрои мазкур ҳамкории худро бо вазорату идораҳои дахлдор вусъат дода, дар навбати аввал ба татбиқи лоиҳаву барномаҳое, ки кишварамон ба онҳо бештар ниёз дорад, саъю кӯшиш намояд. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем ба рушди минбаъдаи соҳаҳои истеҳсолӣ ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон муваффақ шавем.
Иҷрои ин вазифаҳо пеш аз ҳама аз заҳмати софдилона ва иқдому ташаббусҳои наву созандаи соҳибкорони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст ба хотири обод кардани Ватани азизамон-Тоҷикистон вобаста мебошад.
Сарзамини аҷдодиро ҳамон вақт обод карда, иқтидори давлатро таҳким бахшидан мумкин аст, ки ҳар кадоми мо халқу Ватани худро самимона дӯст дошта, садоқати худро бо азму талоши созанда, ташаббускориву эҳсоси масъулият барои пешрафту шукуфоии кишвар, инчунин фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои мардуми худ нишон диҳем.
Итминони комил дорам, ки маркази хизматрасонии имрӯза ба симои пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе ҳусни хоса бахшида, ҷиҳати рушди соҳаи соҳибкорӣ, бахусус хизматрасонӣ мусоидат хоҳад кард ва дар ин замина корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза хоҳанд гирифт.
Дар охир, бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати мавриди истифода қарор гирифтани Маркази хизматрасонии «Пойтахт» табрик гуфта, бароятон тандурустиву хонаободӣ ва дастовардҳои тоза орзумандам.
Саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1449
17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД

14.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 7816 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ПАЙВАНДГАРИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ "ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН"

US OPEN. ТИМ ВА НАОМИ ҒОЛИБОНИ ИН МУСОБИҚА

СММ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТАРО ДАЪВАТ НАМУД, КИ АЗ ТАҲРИМОТ АЛАЙҲИ МАМЛАКАТҲОИ РУШДКУНАНДА ДАСТ КАШАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 714 СИРОЯТЁФТА АЗ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБОНИСО» БОРИ ДУЮМ ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН ШУД

САФОРАТ ВА ДОМОДЕДОВО ХАБАРҲО ДАР БОРАИ БАНД МОНДАНИ ТОҶИКОНРО ДАР ФУРУДГОҲ РАД КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.09.2020


НИСФИ КӮДАКОНИ РУСИЯГӢ COVID-19-РО САБУК ГУЗАРОНДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ОҒОЗИ НАШРИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

08.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШАБОНАРӮЗИ ОХИР 32 ҲОДИСАИ НАВИ БЕМОРИИ COVID – 19 ОШКОР ШУД

СҲШ, ИДМ ВА СААД БОРИ АВВАЛ АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ МАШҚҲОИ МУШТАРАК МЕГУЗАРОНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ТОҶИКИСТОН БАР ТИМИ ӮЗБЕКИСТОН ҒОЛИБ ОМАД

ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 581 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

04.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 7 ҲАЗОРУ 482 КАС РАСИД

ОЗМУНИ XVII БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САНЪАТИ КИТОБ». «УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ» СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ГАРДИД

ПЕСКОВ БА АЙБДОРСОЗИИ МОСКВА ДАР ҲОДИСА БО НАВАЛНИЙ ҶАВОБ ГАРДОНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед