logo

номаҳо

РИСОЛАТИ ИНСОНИРО ФАРОМӮШ НАСОЗЕМ

Чаро то ҳол аксаран худогоҳ нестем? Ба масъалаҳои ҷузъие нерую вақти худро зоеъ мекунем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кайҳо аз онҳо раҳо ёфтааст. Ба назари ман, ҳанӯз ҳам иддае аз ҳамватанони мо худро пурра нашинохтаанд, худогоҳ нагаштаанд, тафаккур ва ҳатто тарзи зиндагиро бо фикру ақидаи дигарон пеш мебаранд, андешаву ақли созандаашонро бедор нигоҳ намедоранд. Кор ба ҷое расидааст, ки  то нафари масъуле ниҳол шинондан ё тоза кардани ин ё он мавзеъро нафармояд, аз пеши худашон иқдоми ободониву озодагии муҳити зисташонро намекунанд, гӯё ин обу хок аз онҳо нест.
Майдон ҳанӯз аз мардони шуҷоъ ва қавиирода холӣ нашудааст. Нафарони бонангу номуси зиёде ҳастанд, ки ҳар рӯз ба ҷомеа нафъе мерасонанд. Чунин соҳибдилон бояд аксариятро ташкил диҳанд. Ба мушоҳида гирифтаем, ки ҳанӯз ҳам баъзеҳо, махсусан гурӯҳи муайяни ҷавонон домани муллоҳои чаласавод, фолбину афсунгар ва пири худро маҳкам дошта, ҳалли ҳар балову офат ва пешомади бахту саодатро аз дуову тадбири онҳо меҷӯянду металабанд. Аммо онҳо фалсафаи ҳастӣ ва вазифаву рисолати инсонии худро ба гӯшаи фаромӯшӣ супурдаанд. Зеро Парвардигор ба ҳар як нафар вуҷуди солим ва панҷ узви эҳсосро ба хотири худшиносӣ ва истиқлолияти ботиниву зоҳирӣ арзонӣ доштааст. Ҳол он ки беҳтарин силоҳу сипари мо дар шикасту рехти рӯзгор ақлу дониш ва хиради андӯхтаи мост. Маҳз донишу хирад имкон медиҳад, ки сарнавишти худро ба дасти худ бинвисем.
Ин андешаҳоро шурӯъ аз Рӯдакиву Фирдавсӣ то Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ изҳор доштаанд: ба замин то дона напошӣ, гандум намерӯяд, бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад, меҳнат кунӣ, роҳат мебинӣ.
Имрӯзҳо авзои давлатҳои Ховари Миёна, аз ҷумла Сурия, Ироқ ва Либия барои мо бояд дарси ибрат ва бонги изтироб бошад. Абарқудратҳо ва онҳое, ки зери ниқоби дини мубини ислом ҷавонони гумроҳ ва бесаводро ба терроризм ҷалб карда истодаанд, ҳатто аз ислом бегона ҳастанд. Ҳар яки мо, агар нангу номус дорем ва меҳанпараст ҳастем, бояд дар хилваткадаи тасаввуру тафаккури худ аз ҳоли табоҳи мардуми ин кишварҳо, масҷиду манораҳои хароб ва фавҷи гурезагони ба Аврупо рехта андеша намоем ва баъд Тоҷикистони орому осуда ва биҳиштосоро аз пеши чашм гузаронем. Он вақт хулосаи зарурӣ бароварда, Ватанамонро обод ва пеши роҳи ҳар гуна иғвову дасисаро гирифта метавонем.

Рустам ШЕРОВ, шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.03.2016    №: 44    Мутолиа карданд: 4135

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед