logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИШҚИ ДУХТАРИ БАРЗГАР
Пири рӯзгордида, дуредгар ва шоири мардумӣ Сайдалӣ Бароти 80 – сола ёд меорад, ки нимаи солҳои 40 – уми асри гузашта дар деҳаи Булёни Поёни ноҳияи Данғара ҷуфти муносиби Шерхон ва Адолат рӯзгори хуше доштанд. «Мо дар ҳамсоягӣ мезистем, - мегӯяд Сайдалӣ Барот. - Шерхон трактор меронд, Адолат ёвараш буд. Он замон ӯ нафари обрӯманди деҳ маҳсуб меёфт. Ӯ  бо трактори «ХТЗ» - аш менозиду трактораш бо ӯ.
Рӯзе, ки  замин ҷуфт мекард, дар аввали қарта як нафар, дигарӣ дар охири он бо сатили пуроб меистод, то дар фурсати муносиб ба ҳалқуми трактораш об резем».
Моҳи июни соли 1941 Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуду Шерхон дар сафи аввалинҳо ба ҷабҳа рафт.  Рафту талабгорони «аспи оҳанӣ» - аш зиёд шуданд. Ҳар кас мехост савори ин ҷонвари худҳаракати ғайриодӣ бошад. Вале ҳамсари Шерхон Адолат ба ин роҳ надод. Ӯ мардонавор ашки чашмонашро пок карда, худ сари чанбари тракторро гирифт.  Ба ҷои Шерхон касе нашинад гуфта, шабу рӯз дар саҳро буд, ҷуфт мекард.
Ҳамин тавр апаи Адолат то ба охири умр ба қавлу қасами ошиқонаи худ содиқ монда, ба қавли бобои Сайдалӣ «трактори Шерхонро бегона накард» ва ҳамчун яке аз аввалин тракторчиён номи худро дар таърихи диёр барои ҷовидонӣ сабт кард.
Умар АЛӢ

 


Аз таърихи муҳорибаҳои бузург
АСРОРИ ОТАШАНДОЗИ ВИЗАНТИЯ
Таърих бисёр асрорҳои ҳарбиро дар худ ниҳон медорад. Масалан, «оташи юнонӣ» гӯё ба мисли оташандоз (огнемёт) – ҳои имрӯза будааст, ки сирри онро юнониҳо панҷ аср пинҳон нигоҳ дошта тавонистанд ва он оқибат гум шуд. Кӣ ва дар куҷо бори нахуст дар таърих оташандозро истифода бурд? «Оташи юнонӣ», ин аслиҳаи аҷоиб, чӣ гуна буд, ки то имрӯз таърихдононро ба ҷустуҷӯй андохтааст?
Бори аввал аз аслиҳаи оташафкан дар соли 424 то милод дар муҳорибаи назди Делий ном шаҳр сарлашкар Пагонда бар зидди артиши Афина истифода кардааст. Оташафкан дастгоҳи чӯбин буда, зарфе дошт ва дар он омехтаҳои нафти хом, кибрит ва равғанро оташ зада ба дур меафканданд. Дар ҷангҳои баҳрии афиниҳою спартанҳо низ васеъ ба кор мерафт. Вале танҳо баъди пайдо гаштани «оташи юнонӣ» оташандоз ҳамчун аслиҳаи даҳшатбор ва беамон машҳур гашт.
Ихтироъкори ин аслиҳа кист, то ҳол маълум нест, аммо тахмин мезананд, ки меъмор ва муҳандиси суриёнӣ Каллиник, гурезаи Маалбек, дар соли 626 ва ё 673 сохта, онро бар зидди форсу аварҳо, ки шаҳри Константинопол (Истанбул) - ро ба муҳосира гирифта буданд, истифода бурдааст. «Моеи оташин» ҳатто дар рӯи об аланга мезад ва ин яроқ дар муҳорибаҳои баҳрӣ ба худ ҳамто надошт ва дар як лаҳза киштиҳоро туъмаи оташ месохт.
Яке аз мушоҳидон навиштааст: омехтаи сӯзишвориро ба пайкони фулузӣ, ки бо фалахмони бузург  парронда мешуд, пур мекарданд. Пайкон барқвор мепарид ва садои раъдмонанд мебаровард ва ба аждаҳо мемонд. Вақте ба замин мезад, метаркиду дуди ғализ мебаровард ва сипас оташ мегирифту ба атроф забона мезад, агар ба рӯяш об мепошиданд,  бештар аланга мегирифт, танҳо бо хок онро хомӯш намуд имкон дошт. Омехтаи сӯзишвории ин аслиҳа то ҳол муаммо мондааст: нафт, равғанҳои гуногун, қатрон, кибрит, оҳаки ношукуфта ва ғайраро ном мебаранд, вале ҳанӯз ба хулосаи қатъӣ наомадаанд. Баъди ихтирои лӯлаҳои фулузӣ ин аслиҳаро дар киштиҳо насб намуда дар муҳорибаҳои баҳрӣ низ истифода мекарданд, ки аз зарби он киштиҳои чӯбин ба гулханхона табдил меёфт. 
Арабҳо солҳои 660, 739, 780, 789 ба Константинопол ҳуҷум оварданд, вале муваффақ нашуданд. Дар соли 717 флоти баҳрии арабҳо бо 1800 киштӣ ба муҳориба пардохт, аммо боз ба шикаст мувоҷеҳ гашт, зеро «оташи юнонӣ» садҳо киштиҳоро ба коми худ кашид. Танҳо ба туркҳои усмонӣ даст дод, ки дар соли 1453 Константинополро забт намоянд. Ба ин чӣ сабаб гашт? Олимону таърихдонон чунин мепиндоранд, ки дар ин вақт муҳандисони империяи Византия аллакай тарзи ихтирои «оташи юнонӣ» - ро фаромӯш карда буданд ва натавонистанд онро барқарор созанд. Аммо оё «оташи юнонӣ» дарвоқеъ вуҷуд дошт? Ин савол то ҳол посух меҷӯяд. Оташандозҳо (тӯпҳои артиллерӣ) бо маънои том танҳо дар оғози асри 20, дар Ҷанги якуми ҷаҳон аз тарафи ҳамаи кишварҳои  ҷангҷӯ истифода шудаанд. 

Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият».
Тарҷума аз русӣ. 

 

БУЗУРГТАРИН ДОНИШГОҲҲОИ ОЛАМ
Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносов соли 1755 дар Москва сохта шуда, яке аз куҳантарин муассисаҳои Русия ба шумор меравад. Ин донишгоҳ дорои 10 маркази илмию тадқиқотӣ буда, дар он 30000 донишҷӯ таҳсил менамояд. Бинои ин донишгоҳ баландтарин бинои муассисаи таълимӣ дар олам дониста шудааст. Маблағи таҳсили солона дар донишгоҳ 320000 рубли русиро ташкил медиҳад.
* * *
Донишгоҳи Кембриҷи Британияи Кабир соли 1209 таъсис ёфта, то ҳол марому мартабаи волои хешро нигоҳ доштааст. Дар он 25000 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Хатмкунандагони Кембриҷ дар Британияи Кабир беҳтарин мутахассисон ба ҳисоб мераванд.
Маблағи шартномавӣ дар давоми сол 13,500 фунт мебошад.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»

 


САРБУХПУЛӢ
(Ҳикояи ҳаҷвӣ)
Ба ҳузури раиси Хошок рафта, аз аъмоли баду рафтори ношоистаи  хазинадораш забони шикоят кушоданд.
-Ин чӣ бедодӣ, раис! - гуфтанд ба шикоят омадагони «аз нимкосаи таги коса» бехабар. - Хазинадори рӯдапои аждаҳонафсат аз ҳар 5 сомонӣ 1 сомонӣ, аз ҳар 10 сомонӣ 2 сомонӣ ва аз ҳар 20 сомонӣ 4 сомониро «ҷумъагипулии раис»-гуфта меситонад. Як чора бинед! Наход, ки  шумо раис шуда, ба як-ду сомонии беваю бечора, кӯдакони наврас ва пиру кампирони сарлучу почаканда зор бошед?! Ин хазинадори ҳозираат аз ҳамтоҳои пешина даҳчанд гузаронд. Беҳуда мардум намегуфтаанд: «Раҳмат, ба кафандӯзди пештара!»
Раис, ки аз мурдаи бехеш дида бешафоат буд, гардантовак карда гуфтааст:
- Ку бинем! Агар аз гуфтагии мо гузаронда бошад, ба ӯ иски нав мебандем! Раҳмат, ба хабари овардаатон! Мо аз ин аъмоли ӯ нав дарак ёфтем. Касофати хазинадор аз чашмдошти мо бештар дӯздию гургӣ мекардаасту мо бехабар. Ба ками додаи ӯ қаноат карда меистодем. Ин «сигнал» пештар ҳам расида буду дар гардани  лаънатӣ монда натавониста будем. «Одамон дар як моҳ панҷ сомонӣ беш намегиранд, ман аз куҷо як сомонӣ мегирам?!» - гуфта баҳона мекард ӯ. Ин дафъа зағалука сахттар метобем, то ки пулҳои ҷамъкардаашро тоқа нахӯрад. Мо ҳам ба каҷкули қаландарии ӯ нигоҳ карда истодааем.
Раис сипас ба шикояткунандагон фаҳмондааст.
- Майлаш, ба сармуҳосиб мефармоям пояшро дар қуртуқи хазинадор монда, дурусттар «консултатсия» диҳад.
Одамони содалавҳи зудбовар гумон карданд, ки раис нисбати хазинадор чораи сахт мебинаду нонашонро нимта кардан намемонад. Баъдтар маълум шуд, ки «тушбераро хом шумурдаанд».
Дар даҳрӯзаи дигари пахтачинӣ хазинадор аввал аз рӯи тартиби пешина  аз ҳар 5 сомонӣ 1 сомонӣ, аз 10 сомонӣ 2 сомонӣ ва аз 20 сомонӣ 4 сомониро гирифта ба як сӯ монда, боз аз 5 сомонӣ 50 дирам, аз 10 сомонӣ 1 сомонӣ ва аз 20 сомонӣ 2 сомонии иловагӣ гирифт.
- Боз ин чӣ қилиқи нав аст?- пурсиданд.
- Инаш сарбухпулӣ аст!- гуфтааст оромона хазинадор. - Пештар як пуштибон доштам, ҳозир ду нафар шуданд. Агар як бори дигар шикоят кунед, пулатонро баробар тақсим мекунам. То омадани табар кунда пулхӯрӣ мекунад.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»

 

 

Қуттии сиёҳи самолёт ранги норинҷӣ дорад, чунки ёфтани он осон аст.

 


НАҲОРИРО БА ДУШМАН БОЯД ДОД!
Ҷарроҳи номӣ, академики Академияи илмҳои Русия, сарҷарроҳи бемориҳои дил Лео Бокерия чанде пеш дар як мусоҳибаи телевизионӣ тасаввурҳоро доир ба парҳезиҳои маъмулӣ, аз ҷумла тартиби мавҷудаи хӯрокхӯрӣ комилан хато хонд. Ӯ чунин гуфт: «Миёни мардум фармудае ҳаст: “наҳориро худ бихӯр”, яъне саҳар базарба бояд хӯрок хӯрд. Ин ҳазёни маҳз аст. Барои он ки баъди аз хоб хестан организматон тадриҷан ба ҳолати корӣ меояд. Шумо бошед, зуд паси миз нишаста, табақчаи гӯшт, ягон таоми ордӣ мехӯреду аз болояш бо истакони калон чизе менӯшед. Сипас, бо шиками сер ба кор меравед – баъди ин аз шумо чӣ хел коргар мебарояд? Ман ҷиҳати соф физиологиро дар назар дорам.
Ман хеле пеш, замоне, ки ҳамкории шӯравию амрикоиҳо шурӯъ мешуд, диққат дода будам, ки ҷарроҳони номдори онҳо саҳар бисёр ҳиммат кунанд, як финҷони хурд қаҳва менӯшиданд. Тамом! Нисфирузӣ,  ки дар онҳо ланч номида мешавад, ягон бутербродча мехӯранд. Бегоҳ бошад, хона омада, баҳузур хӯроки шом тановул мекунанду баъди он ҳатман ба ҳавзи шиноварӣ мераванд, сипас ягон чиз мехонанд...
Аз ин рӯ, наҳориро ба душманат бидеҳ, нисфирӯзӣ ба номаш бихӯр, бегоҳ (аммо на шоми дер) - бояд шикамсерӣ бихӯрӣ ва баъдан бо варзиш машғул шавӣ. Бино ба мушоҳидаҳоям, дар кишварҳое, ки одамон умри дароз мебинанд, онҳо ана ҳамин тавр зиндагӣ мекунанд”.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД,
“Ҷумҳурият”

 


МАСАЛУ МАҚОЛҲОЕ, КИ ТАМОМИ ХИРАДИ ШАРҚРО ИНЪИКОС КАРДААНД
«Роҳи тӯлонӣ ҳам аз наздик оғоз меёбад»  Мӯъҷаз ва ҳамзамон амиқ. Масалу мақолҳои зерин бо маънавиёти ғанӣ ва фалсафаи ҳаёти Ҷопон ошно месозанд. 
* * *
Агар ҳалли мушкил имконпазир бошад, ҳоҷат ба ташвиш нест, вале агар ҳалли он номумкин бошад, пас ташвиш дар бораи он беҳуда аст.
* * *
Андеша рону қарор намо, ба қароре омада дигарбора андеша макун.
* * *
Рафтаистодаро боз мадор, омадаро нарон.
* * *
Зуд (бошитоб) – яъне оҳиста, вале бе танаффус.
* * *
Беҳ ки душмани одами нек бошӣ, аз он ки дӯсти инсони бад.
* * *
Бе одамони муқаррарӣ бузургон ба дунё намеоянд.
* * *
Пурсидан  - шарми яклаҳзаина аст, вале надонистан  - шарм барои тамоми умр.
* * *
Ҳангоми тасвири навда бояд насими бодро ҳис намоӣ.
* * *
Ғолибият ба нафаре насиб мегардад, ки ним соат бештар аз ҳариф тоб меорад.
* * *
Касе хоҳиши зиёди ба боло баромаданро дорад, вай зина меофарад.
* * *
Шавҳар ва зан бояд монанди дастону чашмон бошанд, вақте даст дард ҳис мекунад, чашмон мегирянд ва ҳангоми гиристани чашмон дастон ашки онҳоро пок месозанд.
Таҳияи Шаҳнози ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»

 

МАТЕМАТИКАИ ШАВҚОВАР
Якпула савдо, садпула ғавғо
Адибон баъзан дар асарҳои худ масъалаҳои математикӣ низ мегузоранд. Машҳуртаринашон масъалаи гузоштаи Лев Николаевич Толстой, адиби рус, мебошад. Мутобиқи тадқиқоти гузаронидаи олимон айни замон онро танҳо 30 дарсади хонандагони синфҳои болоӣ, 20 дарсади донишҷӯён ва танҳо 10 дарсади кормандони бонкҳо дуруст ҳал карда метавонанд.
Масъала чунин аст: савдогаре дар бозор кулоҳ мефурӯшад. Харидоре ба наздаш омада, онро дар сараш чен мекунад. Пас аз муътақид шудан ба он, ки кулоҳ дар сараш дурусту ба  табъаш рост омадааст, нархашро мепурсад. «10 рубл», -  муайян мекунад фурӯшанда. Харидор розӣ шуда, ба ӯ як асъори 25 рубларо дароз мекунад. Бадбахтона, он замон, фурӯшанда бақияпулӣ намеёбаду писарашро барои «майда» кардани пул ба назди савдогарзани ҳамсоя мефиристад. Ҳамсоязан пулро дар шакли ду даҳрубла ва як панҷрубла (10+10+5) иваз мекунад. Кулоҳфурӯш ба харидор худи кулоҳ ва 15 рубли бақияро медиҳад.
Пас аз чанде ҳамсоязан бо доду фарёд ба назди фурӯшанда омада, мегӯяд, ки 25 рублаи додааш қалбакӣ будааст. Савдогар пулро ба даст гирифта мебинад, ки воқеан ҳам пул қалбакӣ аст. Ӯ маҷбур мешавад ба ҳамсоязан 25 рубл бидиҳад.
Суоле ба миён меояд, ки фурӯшандаи мо чанд сум зарар дид?
Ку як фикр карда бинед, ҷавоби шумо чанд хоҳад шуд?

Минус + минус = плюс
Ҷавоне дӯстдухтари худро бо падару модараш шинос карда, фикри онҳоро дар борааш пурсид. Падари писар, ки математик буд, пас аз андаке андеша, чунин посух дод:
- Дар асоси он, ки ду адади минуса метавонанд ҷавоби пилуса диҳанд, метавонем тахмин намоем, ки аз ҳардуи шумо фарзандони нозанин ба дунё меоянд. Бо ҳамин ният ва мақсад ман ҳеҷ наметавонам пеши раъйи шуморо бигирам.
Таҳияи М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»

 


Чатр ҳанӯз асри 11 пеш аз мелод дар Чину Миср вуҷуд доштааст. Он вақт чатрро фақат рӯзҳои офтобӣ истифода мебурданд. Аввалин бор соли 1750 англис Ҷонас Хенвей чатрро рӯзи борон истифода кард.

 

 

ИФТИТОҲИ КИТОБХОНАИ БАЛАНДТАРИН ДАР ЧИН
“Дар Шанхай баландтарин китобхонаи дунё дари худро боз намуд. Он дар ошёнаи 60 - уми (дар баландии 230,9 метр) меҳмонсарои “JW Mariott” ҷойгир шудааст”, - иттилоъ медиҳад рӯзномаи «Жэнмин Жибао».
Муассиса чун “баландтарин китобхонаи ҷаҳон” дар китоби рекордҳои Гиннесс сабт гардид.
Ба он бо корти электронии вуруд ба ҳуҷраи меҳмонхона метавон даромад. Дар рафҳояш беш аз 2000 китоб ба забонҳои чинӣ ва англисӣ оид ба адабиёт, фалсафа ва таърих гузошта шудааст.
Бино ба гуфтаи кормандони меҳмонсаро, аксарияти хонандагон намояндагони “элитаи сайёҳӣ” мебошанд, ки ба китобҳо аз фарҳанг, ғизои лазиз ва тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳ доранд. Асарҳои мазкур ба онҳо фарҳанги куҳани чиниро рӯнамо месозанд.
Таҳияи Х. ҶОВИД, «Ҷумҳурият»

 


ФИРЕБИ РОСТӢ
Марде хост издивоҷ кунад ва зане хостгор ба ӯ гуфт:
-Ман занеро ба ту медиҳам ки ба наргис шабоҳати том дорад.
Мард хонадор шуд ва дид, ки пиразанест қабеҳманзар.
Назди хостгор рафт ва гуфт:
-Чаро фиребам додӣ?!
Гуфт:
-На аз баҳри Худо, туро фиреб надодаам.
Ӯро ба гули наргис шабоҳат додам, зеро мӯяш сафед асту рӯяш зард ва соқҳояш сабз.
Таҳияи Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»

 


ДЕВОРИ БУЗУРГИ ЧИН – НИШОНИ МЕҲАНПАРАСТИИ ЧИНИҲО
Девори бузурги Чин чун нишони меҳанпарастиву ҳамдилии чиноиҳо то имрӯз пойдору побарҷост. Қисми зиёди ин девор дар ҳудуди музофоти Хэбэй, (Хитойи шимолӣ) воқеъ гардидааст.
Масоҳати Чини қадим бузург буда, ҳифзи он аз душман кори осоне набуд. Ба хотири муҳофизати сарзамин ва императори худ дар асрҳои 4-3 қабл аз мелод ба сохтани ин иншооти нотакрори таърихӣ шурӯъ намуданд. Сохтани деворро шоҳ Ван ли Ченчен оғоз бахшид. Ӯ барои чиниҳо қаҳрамони миллӣ ба шумор меравад. Чиниҳо ин девори бузургро дар тӯли ҳазор сол бунёд кардаанд. Таърихнигорон қайд мекунанд, ки дар асри 7, дар даҳрӯзаи нахустини сохтмон зиёда аз 500 000 нафар ҷони худро бохтаанд. Дар замони ҳукмронии император Син Шехуандӣ (221 қабл аз мелод) девори мазкур боз баландтар қомат афрохт. Ҳоло баландии он 6,6 метр, ғафсии қисмати поёнаш 6,5 метр ва ғафсии қисмати болоӣ 5,5 метрро ташкил медиҳад ва дар масофаҳои муайян дидбонгоҳ ҷойгир карда шудааст. Дар самти музофоти Хэбэй як дараҷа девор хароб шуда бошад ҳам, қисми зиёди он то айёми мо бегазанд мондааст. Ҳар сол миллионҳо сайёҳ аз ин девори таърихӣ, ки яке аз муъҷизаҳои олам эътироф гаштааст, дидан намуда, бад-ин восита миллионҳо юани хитоӣ ба буҷети Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид мешавад.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР,
 “Ҷумҳурият”   

 


РЕКОРДГУЗОРИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ
Олег Саленко 25 октябри соли 1969 дар Ленинград (Санкт - Петербург) ба дунё омадааст. Ӯ дастпарвари мактаби футболи «Смена»-и Ленинград буда, нахустбозиашро низ дар ҳайати дастаи дӯстдоштааш «Зенит» анҷом додааст. Вақте бори аввал дар ҳайати «Зенит» 1 марти соли 1986 дар муқобили «Динамо» бозигареро иваз намуда, ба майдон баромад, 16 сол дошт. Бозии нахустинаш аз он ҷиҳат хотирмон буд, ки ба дарвозаи ҳариф голи ҳалкунандаро зад ва «Зенит» бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард. Пас аз ин бозӣ Олеги наврас маҳбуби мухлисон гардид.
Олег Саленко аввалин футболбози шӯравӣ аст, ки ҳангоми аз як даста ба дастаи дигар гузаштан ба ӯ 36 ҳазор рубл пардохт намудаанд.
Натиҷаи бадастовардаи Саленкоро ягон футболбози шӯравӣ дар клубҳои Аврупо мушарраф нашудааст. Ӯ дар 31 дидор 16 гол задааст.
Дар чемпионати СССР 111 маротиба ба майдон баромада, муаллифи 24 гол гаштааст.
Олег Саленко соли 1994 дар ҳайати мунтахаби футболи Русия дар Чемпионати ҷаҳонии футбол, ки дар ИМА баргузор гардид, ҳунарнамоӣ намуда, шуҳратёр шуд.
Ӯ дар вохӯрӣ бо дастаи миллии Камерун панҷ гол зада, бо шаш голи маҷмӯӣ нишонзани беҳтарини  Мусобиқоти ҷаҳонии футбол дониста шуд ва соҳиби «Бутсии тиллоӣ»  гашт. Инчунин, бо 5 голи дар як дидор зада, рекордгузори Чемпионати ҷаҳонии футбол шуд ва то ҳанӯз тағйир додани рекорди ӯ ба касе муяссар нашудааст.
Олег алҳол дар Киев зиндагӣ мекунад ва бо соҳибкорӣ машғул мебошад. Тобистони соли 2014 сармураббии дастаи «Тайгер»-и ноҳияи Броварскийи вилояти Киев таъйин шуд.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2016    №: 50    Мутолиа карданд: 742

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед