logo

ҳуқуқ

АГЕНТӢ ФОШ МЕСОЗАД!

Нафс - балои ғафс
Баъзе нафарон бо вуҷуди доштани ҷойи кору маоши хуб боз ҳам аз домани деви нафс  доштаву аз пайи дарёфти пули бедардимиён мешаванд. Аз ҷумла, 9 январи соли равон кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сардори шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қаҳҳор Сатторовро бо ҷурми даст доштан ба ҷинояти коррупсионӣ дастгир карданд.
 Номбурда аз шаҳрванд «А» барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани хешписараш «Б» 4000 доллари ИМА талаб карда, моҳи ноябри соли сипаришуда 2000 долларашро пешакӣ гирифтааст. Нафс - балои ғафс гуфтаанд. Қаҳҳор Сатторов бори дигар бо шаҳрванд «А» вохӯрда, аз ӯ 2000 доллари боқимондаро бо қурби асъори миллӣ -16 000 сомонӣ талаб намуд. Вале, ин  дафъа кораш омад накард.
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сардори шуъбаи ҷарроҳӣ ҳангоми гирифтани 16 000 сомонӣ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Садриддин Айнӣ, 35 дастгир гардид. Нисбат ба ӯ бо моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Судяи порахӯр
Мардуми корафтода ба он умеданд, ки суд мӯйро аз хамир ҷудо мекунаду ҳақ ба ҳақдор мерасад. Аммо баъзе судяҳо аз зудбовариву содагии мардуми одӣ истифода бурда, адолатро ҳам қурбони манфиатҳои шахсии худ мекунанд. Ҷинояти порагирии судяи суди шаҳри Душанбе Халил Холиқзода ба ин гуфтаҳо мисол шуда метавонад.
23 январи соли равон аз тарафи кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки судяи суди шаҳри Душанбе Халил Холиқзода барои ба манфиати падари шаҳрванд «Б» ҳал намудани баҳси манзили истиқоматӣ ба сифати пора  2000 доллар талаб намудааст. Ӯ пешакӣ 1000 доллари ИМА - ро дар назди Маркази савдои «Садбарг» ба сифати пора гирифта, ҳамон замон нақшаи ҳарчи зудтар ба даст овардани маблағи боқимондаро тарҳрезӣ кард. Вале, ин дафъа нақшааш бар бод рафт.
Зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ судяи порахӯр баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани 1000 доллари боқимонда дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, саҳни Боғи устод Рӯдакӣ дастгир ва аз ӯ маблағи пулӣ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира гашт. Судяи суди шаҳри Душанбе бо моддаи 319 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
 
Дар ин бора ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2016    №: 51    Мутолиа карданд: 755
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед