logo

порлумон

ИТТИЛОИЯ

НОМИ БАЪЗЕ ҲАВЗАҲОИ РАЪЙПУРСӢ ТАҒЙИР ЁФТ
11 март дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Худоёрзода Бахтиёр Тавар, раиси комиссия, ҷаласаи навбатӣ баргузор шуд. Дар он як қатор масъалаҳои муҳими давраи омодагӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бинобар тағйир ёфтани номи баъзе шаҳру ноҳияҳо, ки бо қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 марти соли 2016, амалӣ карда шуд ва дар асоси талаботи моддаи 17 Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба қарори худ, аз 15 феврали соли 2016, тағйирот ворид намуд, ки мувофиқи он ҳавзаи раъйпурсии Ҳисор № 15 ба ҳавзаи раъйпурсии шаҳри Ҳисор № 15, Ҷиргатол № 16 ба Лахш № 16, Тавилдара № 12 ба Сангвор № 12, Қайроққум № 29 ба Гулистон № 29, Чкалов № 33 ба Бӯстон № 33, Ғончӣ № 37 ба Деваштич № 37, Ҷалолиддин Румӣ № 57 ба Ҷалолиддин Балхӣ № 57, Қумсангир № 58 ба Ҷайҳун № 58, Ҷиликӯл № 66 ба Дӯстӣ № 66, Шӯрообод № 68 ба Шамсиддин Шоҳин № 68 иваз карда шуд. Инчунин, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба мақсади ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият доранд, ба раъйпурсии умумихалқӣ мувофиқи талаботи моддаҳои 14 ва 17-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати ташкили участкаҳои раъйпурсӣ дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар қарор қабул намуд.
Мувофиқи қарори мазкур дар 29 давлати ҷаҳон дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 участкаи раъйпурсӣ ташкил карда шуд. Участкаҳои раъйпурсӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидаанд, тибқи  рақамҳои  аз  41 то 76 ба  ҳавзаи  раъйпурсии Шоҳмансур № 3 мансубанд ва комиссияҳои участкавии раъйпурсии мазкур натиҷаҳои овоздиҳиро ба он пешниҳод менамоянд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2016    №: 51    Мутолиа карданд: 10402

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед