logo

фарҳанг

ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ

Халқи   тоҷик  чун  кулли  мардуми  мутамаддини  дунё  расму  ойинҳои  худро  дорад ва барои  пойдору  устувор  нигоҳ  доштани  онҳо  ҳамеша  талош меварзад. Вазифаи мо - имрӯзиён аст, ки беш аз пеш барои ҳастии расму ойинҳои миллӣ чун ҷузъи фарҳанги ин миллати тамаддунофар тадбирҳои бетаъхир андешем. Таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти  кишвар муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, ки мегӯянд:  «Мардуми  мо  бояд  ба  урфу  одати  бегонагон   тақлид  ва  ё  пайравӣ  накунад.  Тарзи  ба бар  кардани  либоси  миллиро  аз  модарҳоямон  омӯзед». Пас,  чаро  мо  имрӯз  рӯ  овардем  ба фарҳангу  ойинҳои бегона?  Ҳар гоҳ,  ки  ба хиёбонҳои  шаҳр  ба  сайру  гашт  мебароям,  дар  гулгаштҳо  хориҷиёнро  мебинам ва маҳз аз  тарзи  либоспӯшиашон шаҳрванди  кадом  давлат  буданашонро тахмин мезанам.  Чаро  мо  дар  кишвари  худ  фарҳанги  либоспӯшии  хешро,  бахусус,  миёни  занон  намоиш  дода  наметавонем.  Ҳатто масъулини баъзе аз шабакаҳоямон барои сабти намоиш дар чанд қатори пеш нишастани хоса ҷавондухтаронро бо либосҳои миллӣ эб намебинанд.
Чунин муносибат ба либоси миллӣ моро то куҷо хоҳад бурд ва чӣ меросе ояндагонро аз мо интизор аст?
Ҷонона  Сангинова,  донишҷӯйи  курси  аввали  факултети   журналистикаи  ДМТ  андеша дорад,  ки  дар  ҷаҳони  муосир   эҳтироми  фарҳангу   ҳувияти  миллӣ   дар  мадди  аввал  аст.  - Ман   ҳамчун  як  бонуи  тоҷик  мехоҳам бигӯям, ки ба таври шоиста намоиш додани либоси миллӣ ин кори дастҷамъона аст. Ҳам хона, ҳам мактаб ва ҳам ҷомеа наметавонанд дар ин масъала бетараф бошанд. Махсусан тарроҳон, ки мубаллиғони асосии «муд» маҳсуб меёбанд, бояд ба талаботи замон ва завқи ҷавондухтарони мо либосҳои миллии тоҷикиро омода ва муаррифӣ карда тавонанд. Ба либоси миллӣ бояд дар тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва кулли намоишҳои фарҳангӣ авлавият дода шавад. Барномаи «Шаббода» намунаи беҳтарини гуфтаҳои мазбур аст, ки, мутаассифона, чанд вақти охир дар эфир нест. Аксаран  либосҳои  дар муд буда ҳарчанд аз матои миллӣ омода шудааст, дар он қариб хусусиятҳои миллӣ дида намешавад. Дуруст аст, ки тарроҳ хости фармоишгарро иҷро мекунад, вале бо вуҷуди ин агар хоҳиш бошад, дилхоҳ дӯзандаи шинохта метавонад сафи талабгорони либосҳои миллиро ба таври чашмрас зиёд намояд.
Мунаваршо   Пиров,   донишҷуйи  курси  аввали  факултети  журналистикаи  Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон, мегӯяд,  ки  ба  духтари  тоҷик  ягона  либоси  миллии  худ  мезебад.   Ҳусни  духтари тоҷикро танҳо  либоси  миллиаш  мекушояд,  гӯё ки барои ӯ офарида шуда  бошад.  Куртаҳои бо  иффатонаи  тоҷикӣ  фақат ба  зани тоҷик мезебад.  Агар  либоси  тоҷикиро  ба  хориҷие  пӯшонем,  бегона  буданаш  зуд маълум  мегардад.  Фикр мекунам, агар  корҳои  фаҳмондадиҳӣ  миёни бонувони мо бештар роҳандозӣ шавад, ҳанӯз ҳам дер нашудааст. Муқаддас  доштани  либоси  миллӣ  яке  аз нишонаҳои  миллати  хешро  дӯст   доштан  ва  ба  он   эҳтиром  қоил  будан  аст, ки инро ҳар як бонуи боиффати тоҷик ба хубӣ дарк мекунад. 
Ба андешаи Латофат Назарова, устоди   ДМТ, муовини  декан  оид  ба  тарбия,  ифтихори миллӣ  аз  фарҳанги  миллӣ   сарчашма  мегирад.  Мо  худро  миллати  ватандӯст  гуфта  фахр  мекунем. Пас, барои нишон додани ҳисси ватандӯстиамон  корҳои назаррасро бояд анҷом дод. Меъёрҳои миллиро  нигоҳ  доштан вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар аст.  Ҳам аз тарроҳ, ҳам волидайн, ҳам омӯзгор ва ҳам ҷомеа. Бетарафӣ ба расму ойинҳои миллӣ бетарафӣ ба фарҳанги миллист, фарҳанг, ки маҳз ҳастии миллат маҳсуб меёбад.
С. ШОДМОН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2016    №: 53    Мутолиа карданд: 491

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед