logo

фарҳанг

ЗИЁИЁН. ҚОБИЛИЯТИ ЗЕҲНИИ ОНҲО БОЯД САМАРАНОК ИСТИФОДА ГАРДАД

Даҳ соли охир дар матбуоти тоҷик дар бораи зиёӣ ва зиёиён маводҳои зиёде нашр шудааст, ки ин мафҳум ва ин қишри ҷомеаро  хуб муаррифӣ кардаанд.  Зиёиён дар фаъолияти худ аз қобилияти зеҳнӣ истифода карда, дар рушду пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд ва ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ арзише дохил мекунанд. Аз ин ҷост, ки дар фарҳанги миллии мо қишри зиёии ҷомеа мавқеи махсусро соҳиб буда, қадр карда мешаванд. Мулоқоти Сарвари давлат дар остонаи ҷашни пуршукӯҳи Наврӯз бо зиёиён нишони арҷгузорӣ ва эҳтиром ба ин қишри ҷомеа мебошад. Дар оғози таърихи миллати мо шоҳ Ҷамшеди Пешдодӣ нахустин зиёӣ ба шумор меравад, ки бо маҳсули зеҳнии худ бисёре аз мушкилиҳои инсонро осон карда, ҷомеаро ба як рифоҳи нисбатан беҳтар расонидааст ва номи ӯ дар таърих маҳз бо шарофати ҳамин фаъолияти зеҳнияш абадӣ сабт шудааст. Умуман, дар давоми таърихи инсоният ихтирои воситаҳои меҳнатии аввалин аз санг ва баъдан аз биринҷию оҳан то маҳсулоти нанотехнологии имрӯза, ҳама маҳсули заҳмати зиёиён буд, ки инсониятро зина ба зина боло бурда то ба сатҳи пешрафтаи имрӯза оварда расонид. Аммо дар асри навин маҳсули заҳмати зеҳнӣ арзиши боз ҳам баландтар пайдо кардааст ва суръати рушди ҳар кишвар ва болоравии сатҳи зиндагонии мардумаш маҳз бо суръати рушди техникаву технология, маҳсули заҳмати зеҳнӣ пайвандии зич дорад. Ҳар кишваре, ки дар он қишри зиёӣ қадрдонӣ мешавад ва фаъолияти босамару созанда дорад, пешрафта аст ва дар ҳар ҷомеае, ки чунин нест ақибмонда аст.
Агар вазъияти имрӯзаи ҷомеаи моро аз рӯи принсипи зикршуда баҳогузорӣ кунем, мутаасифона, ба натиҷа мерасем, ки зиёиён дар кишвари мо фаъолияти босамар надоранд, ки чунин ҳолат сабаби ақибмондагӣ гардидааст. Дар ду даҳсолаи охир зиёии тоҷик бештар ба омӯзиши гузашта машғул шуда, самти асосии фаъолияти зеҳнӣ, ки бевосита навоварӣ асту ҷомеаро зина ба зина боло мебарад, канор гузошта шудааст. Бештари зиёиён ба омӯзиши дину тасаввуф ва таҳқиқи осори шахсиятҳои мазҳабӣ машғул шуда, тарғиби густардаи ин ду падидаи асримиёнагиро ба роҳ мондаанд, вале онҳо дар асри 21-ум ҷомеаи моро наметавонанд ба роҳи тараққиву рушд сафарбар кунанд. Шояд дину тасаввуф дар асрҳои миёна нақше дар рушди ҷомеа доштааст, аммо дар асри нав ҷойи онҳоро огоҳӣ ва хиради инсон, қобилияти зеҳнии ӯ гирифтааст. Дар асри навин танҳо истифода аз дониш ва хирад дар ҷомеа навоварӣ ба вуҷуд меорад ва роҳи рушди иқтисодиву иҷтимоиро ҳамвор мекунад. Вақти он расидааст, ки зиёии тоҷик бо истифода аз донишу хирад ва қобилияти зеҳнии худ даст ба навоварӣ зада, вазифаи асосии худро дар амал иҷро кунад. Ба кор бурдани қобилияти зеҳнӣ он вақт самара медиҳад, ки мушкилеро осон кунад, чӣ мушкили моддӣ бошад ва чӣ маънавӣ. Омӯхтани осори гузаштагон ва умуман таърих хуб аст, аммо ин омӯзиш бояд барои такрор накардани иштибоҳоти гузаштагон бошад, на таърифу тарғиб ва муқаддастарошӣ аз онҳову овардани ҳукумати мурдагон бар сари зиндаҳои асри бисту якум.
Қадами аввал барои ислоҳи вазъияти мавҷуда ва истифодаи дурусти қобилияти зеҳнии зиёиён, бешак, сафарбар кардани он ба азнавшиносии инсон ва ҷойгоҳи ӯ дар ҷаҳон аст. Зиёиёне ки дар илмҳои гуманитарӣ заҳмат мекашанд дар навбати аввал худро бояд ислоҳ кунанд ва аз нуқтаи назари эътиқодмеҳвару худомеҳвар ба инсонмеҳвар гузаранд. Нахуст бояд зиёӣ дарк кунад, ки ҳама идеяҳо бояд дар хизмати инсон бошанд ва мақсади асосӣ осон кардани мушкили инсон дар ҳамин ҷаҳон бошад. Зиёӣ худ ба ин воқеият расад, расондани он ба тудаҳо осонтар мегардад ва мушкилиҳои зиёде ҳалли худро меёбанд. Аз ҷумла, мушкили нави ҷомеаи мо, ки пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ аст, метавонад осон гардад. Таҷриба нишон дод, ки маҳкум кардани ин падида аз ҷониби аҳли зиё ва дар баробари ин тарғиби андешаҳои эътиқодмеҳвари динӣ, ки ҳама амал аз барои Худост, на инсон, мушкилро ҳал намекунад. Бинобар ин, навоварӣ аввал дар зеҳни зиёиён ва баъд ба мардум бояд ҷорӣ шавад, то ба натиҷаҳои хубтару беҳтаре оварда расонад. Инсон, озодии ӯ, ҳифзи моликияти моддиву зеҳнии ӯ ва эҳтиром танҳо барои инсон буданаш, арзиши ояндасоз асри 21-ум мегардад. Ин аст ҳадафи аслии донишмандоне, ки ба илмҳои гуманитарӣ, илмҳои инсонсоз  сару кор доранд ва қобилияти зеҳнии худро сарфи он мекунанд.
Қадами дуюм, истифодаи дурусти қобилияти зеҳнии зиёиён дар самти илмҳои дақиқ аст, ки ҳадафи аслияш осон кардани мушкилоти моддии ҷомеа мебошад. Дар ин самт мушкилот камтар ҳастанд, чун муқаддасоти сохта сари роҳ нестанд ва ҳавасмандкунии онҳо роҳи асосии расидан ба ҳадаф аст. Яке аз роҳҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти зеҳнии зиёиён дар ин ҷода, ҳифзи пурраи моликияти зеҳнии онҳо аст. Низоми дурусте бояд ба роҳ монда шавад, ки ҳар як навоварие аз ҷониби  шахсе оварда мешавад ба номи ӯ сабт шавад ва маҳсули зеҳнии ӯ барои ӯ ё барои кордиҳандаи ӯ манфиатовар бошад.
Дар навбати худ, зиёиён бо истифода аз қобилияти зеҳнии худ бо навовариҳо мушкилоти моддии мардумро осон карда, зина ба зина ба рушди иқтисодии назаррас оварда мерасонанд.

Меҳр СОБИРИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2016    №: 53    Мутолиа карданд: 433

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед