logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159, №№7-8, мод. 609; с. 2012, №4, мод. 259, №7, мод. 714, №8, мод. 815, №12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510, мод. 511;   с. 2014, №3, мод. 142, №11, мод. 643; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2015, №1229), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 3 моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда уҳдадор нестанд, ки бегуноҳии худро исбот намоянд.».
2. Ба қисми 1 моддаи 39 сархати сездаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- барои барқарор намудани зараре, ки аз ҷинояти содиршуда расидааст, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ чораҳо андешад;».
3. Моддаи 1671 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 1671. Барқарор намудани парвандаи ҷиноятӣ
1. Барқарор намудани парвандаи ҷиноятии нобуд ё гумшуда ва ё қисми маводи он ҳангоми пешбурди тафтиши пешакӣ ва таҳқиқ бо қарори прокурор амалӣ карда мешавад. Дар ҳолати нобуд ё гум шудани парвандаи ҷиноятӣ ва ё қисми маводи он дар рафти пешбурди судӣ барқарор намудани онҳо, бо қарори суд амалӣ гардида, барои иҷро ба прокурор ирсол карда мешавад.
2. Парвандаи ҷиноятии нобуд ё гумшуда аз рӯи нусхаҳои нигоҳдошташудаи маводи парвандаи ҷиноятӣ, ки бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур далел эътироф карда мешаванд, инчунин бо роҳи гузарондани амалҳои тафтишӣ барқарор карда мешавад.
3. Муҳлатҳои таҳқиқ, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ ва дар ҳабс нигоҳ доштани айбдоршаванда ҳангоми барқарор намудани парвандаи ҷиноятӣ бо тартиби муқарраркардаи моддаҳои 112, 155 ва 164 Кодекси мазкур ҳисоб карда мешаванд.
4. Агар аз рӯи парвандаи ҷиноятии нобуд ё гумшуда ҳадди ниҳоии муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан гузашта бошад, айбдоршаванда бояд фавран озод карда шавад.».
4. Моддаи 203 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 203. Хусусияти пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ
1. Ҳангоми пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ба синни шонздаҳ нарасида, инчунин шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғе, ки бинобар ҳолати ҷисмонӣ ва рӯҳии худ имконияти мустақилона ҳимоя кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худро надорад, иштироки омӯзгор ва (ё) равоншинос ҳатмӣ мебошад. Омӯзгор ё равоншинос ҳангоми пурсиши шоҳид ва ҷабрдидаи синнаш аз шонздаҳ боло бо салоҳдиди прокурор, муфаттиш ва ё бо дархости ҳимоятгар иштирок мекунад. Ҳангоми пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ иштироки намояндагони қонунии он ҳатмист.
2. Шоҳид ва ҷабрдидаи синнашон ба шонздаҳ нарасида, инчунин шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғе, ки бинобар ҳолати ҷисмонӣ ва рӯҳии худ имконияти мустақилона ҳимоя кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худро надорад, доир ба ҷавобгарӣ барои надодани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ огоҳ карда намешаванд. Ҳангоми ба чунин шоҳидон ва ҷабрдидагони ноболиғ фаҳмондани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мурофиавии онҳо таъкид карда мешавад, ки танҳо ҳақиқатро гӯянд. Ба шоҳидон ва ҷабрдидагони ноболиғ ҳуқуқи надодани нишондоде, ки худи онҳо ва хешовандони наздики онҳоро ба содир кардани ҷиноят айбдор мекунанд, фаҳмонда мешавад. Дар бораи фаҳмондани ҳуқуқу уҳдадориҳо дар протокол қайд гузошта, он бо имзои шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ, намояндаи қонунии ӯ, омӯзгор ва ё равоншинос тасдиқ карда мешавад.
3. Омӯзгор ва ё равоншинос ҳуқуқ доранд бо иҷозати муфаттиш ба  шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ саволҳо диҳанд ва баъди ба охир расидани пурсиш бо протоколи пурсиш шинос шаванд ва доир ба дурустӣ ва пуррагии сабтҳои он мулоҳизаҳояшонро пешниҳод намоянд. Ин ҳуқуқро муфаттиш пеш аз пурсиши шоҳид ва ҷабрдидаи ноболиғ ба омӯзгор ё  равоншинос мефаҳмонад. Дар ин хусус дар протоколи пурсиш сабт карда мешавад.
4. Ба шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда, ки ҳангоми пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ иштирок кардаанд, ҳуқуқи пешниҳоди мулоҳизоти ба протокол воридшаванда оид ба вайрон гардидани ҳуқуқу манфиатҳои пурсишшавандагон, додани саволҳо бо иҷозати муфаттиш фаҳмонда мешавад. Муфаттиш метавонад саволро рад намояд, вале бояд онро ба протокол ворид намуда, сабаби радкуниро зикр кунад.».
5. Дар моддаи 250:
- дар қисми 1 калимаи «айбдорӣ» ба калимаи «айбдоркунӣ» иваз карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан бо дархости прокурор, муфаттиш ва ё таҳқиқбаранда ба айбдоршавандаи дар ҳабс нигоҳдошташуда нусхаи фикри айбдоркуниро бо гирифтани забонхат, ки дар он бояд имзо, рӯз ва вақти супоридан гузошта шавад, месупорад. Нусхаи аслии забонхат ба суд пешниҳод карда мешавад.»;
- қисмҳои 2 ва 3 мувофиқан қисмҳои 3 ва 4 ҳисобида шаванд.
6. Қисми 1 моддаи 316 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «1. Ҳангоми пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ба синни шонздаҳ нарасида, инчунин шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғе, ки бинобар ҳолати ҷисмонӣ ва рӯҳии худ имконияти мустақилона ҳимоя кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худро надорад, иштироки омӯзгор ва ё равоншинос ҳатмӣ мебошад. Омӯзгор ё равоншинос ҳангоми пурсиши шоҳид ва ҷабрдидаи синнаш аз шонздаҳ боло бо салоҳдиди суд, судя ва ё бо дархости айбдоркунандаи давлатӣ ё ҳимоятгар иштирок мекунад. Ҳангоми пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ иштироки намояндагони қонунии онҳо ҳатмист. Шахсони зикргардида бо иҷозати раисикунанда метавонанд ба ҷабрдида ва шоҳид савол диҳанд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 марти соли 2016, №1275

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 феврали соли 2016, № 352

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 3 марти  соли 2016, № 172


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2016    №: 56-57    Мутолиа карданд: 1003
21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД

14.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 7816 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ПАЙВАНДГАРИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ "ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН"

US OPEN. ТИМ ВА НАОМИ ҒОЛИБОНИ ИН МУСОБИҚА

СММ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТАРО ДАЪВАТ НАМУД, КИ АЗ ТАҲРИМОТ АЛАЙҲИ МАМЛАКАТҲОИ РУШДКУНАНДА ДАСТ КАШАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 714 СИРОЯТЁФТА АЗ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБОНИСО» БОРИ ДУЮМ ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН ШУД

САФОРАТ ВА ДОМОДЕДОВО ХАБАРҲО ДАР БОРАИ БАНД МОНДАНИ ТОҶИКОНРО ДАР ФУРУДГОҲ РАД КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.09.2020


НИСФИ КӮДАКОНИ РУСИЯГӢ COVID-19-РО САБУК ГУЗАРОНДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ОҒОЗИ НАШРИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

08.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШАБОНАРӮЗИ ОХИР 32 ҲОДИСАИ НАВИ БЕМОРИИ COVID – 19 ОШКОР ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед