logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе, 21 марти соли 2016

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони арҷманд!
Ҳозирони гиромӣ!
Бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ кулли мардуми кишвар, аз ҷумла  сокинони пойтахти мамлакат ва меҳмонони гиромиро ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфта, дар Соли нав барои сокинони пойтахт, халқи Тоҷикистон ва тамоми аҳолии сайёра соли неку бобарор орзу менамоям.
Дар фарҳанги мардуми мо ҷашни фархундаи Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд буда, махсусан ба шарофати соҳибистиқлолӣ ба таври оммавӣ, бо иштироки хурду бузурги мардум доир мегардад. Ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик беназир мебошад.
Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳали зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмӯъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.
Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин оини  воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд.
Имрӯзҳо пойтахти Ватани азизи мо - шаҳри Душанбе ба шарафи Наврӯз  либоси идона ба бар карда, боз ҳам зебову дилработар гаштааст.
Боиси шодмонӣ ва ифтихори зиёд аст, ки ҷашни Наврӯз дар кишвари азизи мо сол то сол дар фазои хурраму ободтар баргузор мегардад. Яке аз намунаҳои ободии наврӯзӣ ҳамин Наврӯзгоҳи чанд сол пеш бунёдшуда аст, ки таҷассуми орзу ва иродаи неки Ҳукумат ва миллати сарбаланду бунёдкори тоҷик дар роҳи эъмори ояндаи осудаву ободи худ мебошад.
Бояд гуфт, ки ҳар ҷашну маросим ҳикмат ва баракате дорад. Хусусан Наврӯз, ки маҷмӯае аз андӯхтаҳои ҳакимонаи халқу миллатҳои куҳанбунёд мебошад, ҷашнест, ки зиндагиву рӯшноӣ, некиву накукорӣ, сулҳу созандагиро меситояд ва мақоми инсонро азизу гиромӣ медорад.
Мо бисёр хушҳолу сарбаланд ҳастем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷашни воқеан мардумиро чун дастоварди бузурги хиради башар пазируфтааст ва итминон дорем, ки он воситаи пуртаъсире барои таҳкими сулҳу субот ва оромиву ободӣ дар дунёи муосир хоҳад буд.
Бори дигар кулли ҳамватанони азиз, сокинони пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон ва ҳамаи шумо, ҳозирони арҷмандро ба муносибати ҷашни бузург - Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, орзу менамоям, ки хонадони ҳар як оилаи тоҷик аз офтоби наврӯзӣ ҳамеша гарму нуронӣ бошад.
Наврӯзатон муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.03.2016    №: 58    Мутолиа карданд: 731
17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД

14.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 7816 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ПАЙВАНДГАРИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ "ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН"

US OPEN. ТИМ ВА НАОМИ ҒОЛИБОНИ ИН МУСОБИҚА

СММ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТАРО ДАЪВАТ НАМУД, КИ АЗ ТАҲРИМОТ АЛАЙҲИ МАМЛАКАТҲОИ РУШДКУНАНДА ДАСТ КАШАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 714 СИРОЯТЁФТА АЗ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБОНИСО» БОРИ ДУЮМ ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН ШУД

САФОРАТ ВА ДОМОДЕДОВО ХАБАРҲО ДАР БОРАИ БАНД МОНДАНИ ТОҶИКОНРО ДАР ФУРУДГОҲ РАД КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.09.2020


НИСФИ КӮДАКОНИ РУСИЯГӢ COVID-19-РО САБУК ГУЗАРОНДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ОҒОЗИ НАШРИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

08.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШАБОНАРӮЗИ ОХИР 32 ҲОДИСАИ НАВИ БЕМОРИИ COVID – 19 ОШКОР ШУД

СҲШ, ИДМ ВА СААД БОРИ АВВАЛ АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ МАШҚҲОИ МУШТАРАК МЕГУЗАРОНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ТОҶИКИСТОН БАР ТИМИ ӮЗБЕКИСТОН ҒОЛИБ ОМАД

ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 581 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

04.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 7 ҲАЗОРУ 482 КАС РАСИД

ОЗМУНИ XVII БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САНЪАТИ КИТОБ». «УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ» СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ГАРДИД

ПЕСКОВ БА АЙБДОРСОЗИИ МОСКВА ДАР ҲОДИСА БО НАВАЛНИЙ ҶАВОБ ГАРДОНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед