logo

сафарҳо

САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР АШТ, БОБОҶОН ҒАФУРОВ, БӮСТОН, ХУҶАНД ВА ГУЛИСТОН

25 март, рӯзи сеюми сафари корӣ ба вилояти Суғд, дар деҳаи Хиштхонаи Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 ба номи Камоли Хуҷандиро ҳамчун армуғони наврӯзӣ расман ифтитоҳ бахшид.

Сокинон, устодону хонандагон ва намояндагони аҳли ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо меҳру муҳаббат ва самимияти афзун истиқбол гирифтанд.
Арзиши умумии корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани мактаб наздики 6 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бинои асосӣ аз 3 ошёна, 18 синфхона, се ҳуҷраи корӣ ва китобхона иборат аст. Дар бинои асосӣ, ки бо лавозимоту таҷҳизоти муосири мактабӣ муҷаҳҳаз аст, барои таҳсили 540 хонанда шароити арзанда фароҳам омадааст. Дар мактаб ошхона бо 60 ҷойи нишаст ва синфхонаҳои таълимию омӯзишии анъанаҳои рӯзгордорӣ, аз ҷумла пухтани нону таомҳои миллӣ бунёд ёфтаанд. Дар паҳлуи бинои асосӣ толори варзишӣ бо масоҳати меъёрӣ бо беш аз 220 ҷойи нишаст сохта, бо ашёи замонавӣ муҷаҳҳаз карда шудааст, ки аз имкониятҳои хуб барои рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ мебошад.
Корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2014 аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти «Суғдшаҳрофар» бо фармоиши идораи сохтмони асосии вилояти Суғд оғоз ёфта, аз ҷониби ширкати сохтмонии «Парвина»- и ноҳияи Ашт дар муҳлати пешбинишуда сохта шудааст, ки боиси хушнудии сокинон гардид.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба дастаи ҳаваскорони мактаб 1 адад пианино, асбобҳои дигари мусиқӣ, 3 мошини дарздӯзӣ, ду тахтаи электронии синфӣ ва барои таъсиси боз як синфхонаи компютерӣ компютерҳои муосир тақдим намуд.
Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар саҳни ҳавлии мактаб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳия, омӯзгорону хонандагон мулоқот доир кард.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат бинои замонавиро туҳфаи арзанда ба ифтихори ҷашни Наврӯзи фархунда номида, таъкид дошт, ки бунёди чунин бинои замонавӣ идомаи босуръати сохтмону навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии иншооти соҳаи маориф барои дар шароити муосиру арзанда таҳсил намудани насли ояндасози Ватан ва кору фаъолияти босамари кормандони соҳа мебошад.
Намояндагони деҳаи Хиштхона, собиқадорони соҳа, муаллимону хонандагон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар кишвар барқарору поянда намудани сулҳу ваҳдат, ки асоси чунин пешрафту ҳаёти орому осоишта аст, барои ин туҳфаи гаронарзиш барои таҳсилу таълими фарзандон арзи сипоси бепоён намуданд.


Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи марказии фарҳангу фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бинои нави Кохи фарҳангро ба истифода дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтироми хос ва бо нишони пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Сохтмони Кохи фарҳанг моҳи марти соли 2014 аз ҷониби Идораи сохтмони асосии вилоят оғоз гардида, маблағи умумии сохтмони бино ба 12 миллион сомонӣ баробар мебошад.
 Кохи фарҳанг 2 - ошёна буда, аз толори асосӣ бо 800 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои хурди машқӣ, толори маҷлис ва таҳхона иборат мебошад. Бино бо истифода аз санъати меъмории миллӣ ороиш дода шуда, намои асосии он аз 18 сутун ва дарҳои кандакорӣ иборат аст. Пештоқи болои бино бо мусаввараҳои гуногун ва шифту деворҳои толори асосӣ бо истифода аз гаҷкорию кандакорӣ хеле зебою назаррабо сохта шудаанд.
Дар саҳни ҳавлии Кохи фарҳанг ду фаввора бо чароғҳои ранга ҷойгир карда шуда, гирду атрофи майдон ва ҳудуди Боғи фарҳангии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо дарахтон, гулу гулбуттаҳо ва таҷҳизоти муосири равшанидиҳӣ ороиш дода шудааст.
Дар Кохи фарҳанги ноҳия, ки акнун макони баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ мегардад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён ва устоҳои гулкор баҳои баланд дод.
Дар толори барҳавои Кохи навбунёди фарҳанг, ки бо нақшу нигори миллӣ, санъати зебои меъморӣ ва қандилҳои равшан хеле зебо сохта шудааст, ҳаваскорони ноҳияи Ашт ва гурӯҳи занони хонанишини ҳунарманд як барномаи рангини консертиро пешкаши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонон карданд.
Пас аз тамошои барнома Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи баланди ҳунарнамоии ҳаваскорон, баҳри таҳия ва пешкаш кардани консерти хубу хотирнишин, баҳои арзанда дод.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари бонувони хонанишин, ки ягон шароити мусоиди эҷоди рақсу барномаҳои ҳунарӣ надоранд ва бисёр хуб ҳунарнамоӣ карданд, аҳсану офарин хонд. Сарвари давлат ба кормандони Кохи фарҳанги ноҳияи Ашт 1 адад пианино, 25 адад асбобҳои гуногуни мусиқӣ ва дастгоҳи тақвияти овоз тақдим кард.
Президенти мамлакат ба роҳбарияти вилоят супориш дод, ки барои ба Театри мусиқӣ - драммавӣ табдил додани Кохи фарҳанг боз 60 воҳиди корӣ ҷудо намуда, тадбирҳо андешанд. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, акнун аҳли ҳунар метавонанд бо истифода аз ин толори хуштарҳу зебо барномаҳои ҷолиб омода ва пешкаши ҳаводорони санъати асил намоянд. Сарвари давлат устодони санъатро ба тарбияи шогирдон, дарёфти истеъдодҳои нав ва ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ҳидоят кард.
Дар саҳни ҳавлии Кохи фарҳанг Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли фарҳанг ва дигар сокинони ноҳия, ки барои истиқболи Пешвои миллат ва суҳбат бо Сарвари хеш ҷамъ омада буданд, мулоқоти самимӣ орост.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҷамоатчигии ноҳия барои истиқболи гарм ва ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипос кард. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бунёду ба истифодадиҳии иншооти таъйиноти гуногун, муҳайё кардани шароити мусоиди кору зиндагӣ ва истироҳатро қадршиносии Ҳукумати кишвар нисбат ба мардуми бофарҳанг ва меҳнатқарини ноҳия маънидод намуд.
Зимни баромади худ сокинони ноҳия ба Пешвои ғамхори хеш Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи талошҳову ташаббусҳои созанда сипосгузорӣ карданд.


Дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чойхонаи замонавӣ бо 200 ҷойи нишастро ба истифода дод.
Бинои чойхона аз ҷониби раёсати Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ашт дар Боғи марказии фарҳангу фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов сохта шудааст. Иншооти маишию хизматрасонӣ аз толори калон бо 140 ҷойи нишаст, толори иловагӣ барои 20 ҷойи нишаст, 4 ҳуҷраи алоҳида, ки ҳар яки он барои 10 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст ва таҳхонаю ҳуҷраҳои омодасозии хӯрок иборат мебошад.
Баҳри табъи болидаи мизоҷон дар саҳни бинои чойхона ва атрофи он дарахтони ороишии ҳамешасабз ва сояафкан шинонда шудаанд. Дар чойхона барои гузарондани тӯй ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои бунёди чунин як бинои зебо баҳои арзанда дода, ба масъулони раёсати Ҷамъияти матлуботи ноҳия дастур дод, ки бо истифода аз ин иншооти муосир сатҳи хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар намоянд.


26 март, дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви Ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кишти пунбадона оғоз бахшид.
Хоҷагӣ дар ихтиёри худ 15 гектар замини обӣ дорад ва аҳли меҳнат дар он парвариши зироат ва сабзавоти гуногун, аз ҷумла пахта, сабзӣ, помидор, бодиринг, қаланфур ва карамро ба роҳ мондаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи деҳқонон, ки дар вақти кишт пунбадонаи лучшударо истифода мебаранд, баҳои арзанда дод. Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат ба масъулони соҳаи кишоварзӣ дастур дод, ки дар дигар хоҷагиҳои пахтакори кишвар аз ҳамин усул пурра истифода баранд. Тавре иттилоъ доданд, қаблан дар як гектар беш аз 100 килограмм пунбадона кишт карда мешуд, акнун баъди луч кардани тухмӣ имкон аст 30 килограмм тухмӣ истифода шавад. Ин, пеш аз ҳама, сарфаи маблағ ва як роҳи даромади иқтисодии хоҷагиҳо мегардад.
Дар маҷмӯъ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев дар масоҳати беш аз 13 ҳазор гектар ба боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ, зотпарварӣ ва тухмипарварӣ машғуланд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба коргарони хоҷагӣ барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ, истифодаи мақсадноки замину ҳавои мусоид, обёрии саривақтӣ, парвариши зироат дар гармхонаҳо, таъмини бозорҳои ноҳияву вилоят бо сабзавоти барвақтӣ дастуру ҳидоятҳо дод.


Сипас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти фермаи чорводории инноватсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афзали Зарзамин” шинос шуд.
Бинову иншооти фермаи чорводории инноватсионии ҶДММ «Афзали Зарзамин» пурра навсозӣ гардида, дар он муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот васлу насб шудаанд.
Дар ин ҷо 18 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, музди миёнаи меҳнати онҳо 1200 сомониро ташкил медиҳад. Аксари коргарон дар Олмон таҷриба омӯхтаанд.
Иқтидори дастгоҳу таҷҳизоти ширҷӯшии корхона барои 324 сар пешбинӣ шуда, дар як шабонарӯз аз ҳар модагов 26 литр ва дар маҷмӯъ 1700 литр шир дӯшида мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки давоми 5 соли оянда саршумори говҳои дӯшоиро ба 1000 сар расонанд.
Зимни шиносоӣ масъулони хоҷагӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки феълан дар ин ҷо 320 сар моли калон, аз ҷумла 130 сар чорвои зотии ширдеҳи Симменталии олмонӣ нигоҳубин карда мешавад. Дар давраи наслгирӣ 100 сар насл гирифта шудааст.
Дар фермаи мазкур барои нигоҳдории гӯсолаҳои навзод, гӯсолаҳои аз дусола калон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар баробари зоти олмонӣ хоҷагӣ дорои 50 сар чорвои калони сиёҳало мебошад. Маҳсулоти фермаи ширию молии «Афзали Зарзамин» дар корхонаҳои саноатии вилоят коркард шуда, ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат фурӯхта мешавад.
Фаъолияти чунин хоҷагиҳо имкон медиҳад, ки саршумори зоти ширдеҳ афзоиш дода шуда, даҳҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёбад.


Иншооти Маркази таълимии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бунёд гардидааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти ин иншооти меъёрии оинномавии Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа» - и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Таъкид гардид, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароитҳои меъёрии хизматии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мудофиа ва амнияти миллӣ ба ҳайати аз лиҳози маҳорату малакаи касбии обутобёфта табдил ёфт.
Иншооти тозабунёди Маркази таълимии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр кардани сарбозон (афсарон) ба Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа» дар масоҳати 1,5 гектар бо зиёда аз 10 иншооти таъйиноти оинномавӣ бунёд ёфтааст. Дар бинои маъмурию таълимии дуошёна таҳхона, синфхонаҳои таълимӣ, 2 толори машқҳои ҳарбӣ – варзишӣ ва маҷлисгоҳ ҷой гирифтаанд. Ду майдончаи машқҳои амалиёти ҷангӣ барои таҳкиму татбиқи донишҳои назариявӣ, обутоби ҷисмонӣ, омӯзиши роҳу усулҳои ҷангӣ пешбинӣ гардидааст.
Маркази таълимӣ дорои хобгоҳ барои 200 нафар афсар ва ошхона бо 100 ҷойи нишаст буда, ҳаммом барои 20 нафар дар як баст ва дигар шароитҳои хуби замонавист. Марказ дорои инфрасохтори мустақил, чун буғхона, хати барқу зеристгоҳи барқӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҳайати шахсӣ таъкид дошт, ки ин иншооти меъёрии оинномавӣ имкон медиҳад, ки дар Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа» - и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозону афсарони аз ҳар ҷиҳат обутобёфта тайёр карда шаванд.
Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа» дар давраю лаҳзаҳои муҳими ҳифзи соҳибистиқлолӣ, тамомияти арзии кишвар баҳри пешгирӣ аз ҳадафҳои нопоки душман ва безарару несту нобуд кардани гурӯҳҳои ҷиноятпешаи террористӣ, дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор нақши муҳим дошта, аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузаштааст.
Ҳайати Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа» - и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он ҷавонони далеру ҷасур, чусту чолок ва рӯҳану ҷисман солим шомиланд, бо тақвияти донишу малака ва маҳорати касбӣ бо садоқату масъулият баҳри ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, амнияти миллӣ сипари боэътимоди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.


Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Авестои шаҳри Хуҷанд дар чорабиниҳои идонаи “Корвони наврӯзӣ” ва “Сайри гули лола” иштирок ва суханронӣ кард.
Барои истиқболу мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар макони баргузории ин чорабинии бошукӯҳ, ки ба таври идона оро дода шудааст, зиёда аз 10 ҳазор нафар ҷамъ омада буд.
Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни базми бошукӯҳи наврӯзӣ сухан ронда, ҳозирон ва дар шахси онҳо тамоми сокинони вилоятро бо фарорасии баҳори фархундапай ва Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният намуд.
Сипас, барномаи рангини фарҳангӣ оғоз гардид. Таҳиягарони барномаи идонаи наврӯзӣ маҳали баргузории тадбири фарҳангиро бо рамзҳои хоси ҷашн, расму анъана ва суннатҳои наврӯзӣ оро доданд.
Барномаи фарҳангии “Корвони наврӯзӣ” бо садои карнайю сурнай, бо намоиши театрикунонидашудаи «Наврӯз муборак» оғоз гардид.
Аз рафти чорабинӣ маълум гашт, ки таҳиягарон бо дарназардошти тамоми анъанаҳои ин ҷашн ва риояи дигар хусусиятҳои хос барномаро таҳия кардаанд, зеро мушоҳида мешуд, ки ҳар як баромади устодони санъат ва ҳаваскорон таҷассумгари шукӯҳу шаҳомати наврӯзи аҷдодӣ буд.
Суннатҳои неки наврӯзӣ, ки дар ҳама минтақаҳои кишвар ба онҳо арҷ гузошта мешавад, дар ин чорабинӣ таҷассуми худро ёфта буданд. Ин чорабинӣ бори дигар собит кард, ки мардуми Тоҷикистон расму оинҳои бостониро гиромӣ медоранд ва онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.
Наврӯзи Хатлону Бадахшон, Рашту Зарафшон ва Ҳисор бо хусусиятҳои хосаш ба иштирокдорони ин чорабинии бузурги фарҳангӣ намоиш дода шуд. Рақсу бозӣ, иҷрои сурудҳои халқӣ, намоиши омода кардани таомҳои миллии хоси Наврӯз ва ғайра аз бахшҳои асосии ин намоиш буданд, ки ба ҳозирон хеле писанд омад.
"Корвони наврӯзӣ", ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд пас аз солиёни зиёд дубора эҳё гардид, дар вуҷуди худ беҳтарин суннатҳои Наврӯзи бузурги ниёгони моро таҷассум намудаву ҳамон оинҳои қадимаро ба сурати нав, хоса бо мутобиқ гардондан ба падидаҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дубора зинда гардондааст.
Намоиши асбобҳои миллии мусиқӣ, карнайю сурнайнавозӣ, баромади дорбозчиён ва дигар бозиҳои анъанавӣ дар барномаи идонаи “Корвони наврӯзӣ” ҷой дода шуда буданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таҳиягарону ҳунармандон барои ташкили ин чорабинии сатҳи баланд арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки дар таърихи нави Тоҷикистон ин аввалин “Корвони наврӯзӣ” аст, ки бо шукӯҳу шаҳомати хоса сурат гирифт.


Субҳи 27 март дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонӣ дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистон шинос шуд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки танҳо дар давоми 3 моҳи аввали соли 2016 аз ҳисоби даромади софи осоишгоҳ як қатор корҳои ободонӣ, аз ҷумла сохтмони фаввораи замонавӣ дар саҳни ҳавлӣ, боғи парандагони нодир бо кабк, товус, тӯтӣ, бедона ва шинонидани гулу буттаҳои ороишию дарахтони зебои сояафкан иҷро карда шудаанд.
Зимни шиносоӣ аз шароиту имконоти осоишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти он баҳри ҷалби ҳарчи бештари истироҳаткунандагон аз дохил ва хориҷи мамлакат дастур дод, ки минбаъд низ корҳои ободониро вусъат бахшанд ва бо завқи баланди зебоипарастию шинонидани гулҳои зебову хушбӯй, дарахтони ба саломатии инсон фоидаовар ин маконро ба як мавзеи дилнишин табдил диҳанд. Инчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва сифати хӯрокҳо беҳтар карда шаванд.
Осоишгоҳи  «Баҳористон» соли 2011 бо дастури бевоситаи Сарвари давлат бунёд шуда, имрӯз ба як макони сайру саёҳат ва истироҳату табобати мардум табдил ёфтааст. Дар осоишгоҳ, ки аз 6 бино иборат аст ва барои қабули 800 нафар пешбинӣ шудааст, 365 нафар бо маоши миёнаи 1000 сомонӣ ба мардум хизмат мерасонад.
Тибқи иттилои роҳбарияти осоишгоҳ дар шафати роҳравҳо 118 ҳазор гулҳои гуногун, аз ҷумла 17 ҳазор садбарги ҳолландӣ, инчунин каштан, ел, можевелник, серенаи ҳиндӣ ва берёза шинонида, дар давраи се моҳи аввали соли ҷорӣ аксари биноҳои таъмирталаби осоишгоҳ азнавсозӣ шудаанд.
Баъди шиносоӣ Сарвари давлат ба роҳбарияти осоишгоҳ барои иҷрои корҳои ободонӣ баҳои арзанда дода, онҳоро барои идомаи ин тадбирҳои нек ҳидоят кард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ истироҳаткунандагони осоишгоҳ суҳбати самимӣ ороста, аз шароити табобату истироҳати онҳо пурсон шуд. Мардум ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд анҷом ёфт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2016    №: 60    Мутолиа карданд: 11334

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед