logo

ҳуқуқ

ТЕРРОРИЗМ. НЕРУИ ИДЕОЛОГИИ ОНРО БОЯД ШИКАСТ

Авҷ гирифтани амалҳои террористиву экстремистӣ ва аз он зарар дидани шумораи ҳар чи бештари сокинони осоишта, таҳдид ба бехатарии ҷамъиятӣ, устувории давлатҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳониро нигарон сохтааст. Мубориза бо ин хатари бузург дар сархати аввали ҳадафҳои кишварҳои сулҳхоҳ қарор дорад. Вале, тамоюли асосии терроризми муосир, ки ба фаъолияти муташаккилонаи террористӣ, истифодаи шиорҳои динӣ, тасарруфи ҳудудҳои ҳар чи бештар, ташаккули доираҳои террористии бузург бо инфрасохтори рушдёфта ва афзудани маблағгузории фаъолияти террористӣ нигаронда шудааст, вазъро боз ҳам печидаву мураккаб мегардонад.

Маҳмадӣ Сафолзода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, ки бо пайдо шудани созмонҳои террористӣ  на танҳо  авзоъ дар Шарқи Наздик ноором гардид, балки тамоми ҷаҳон зери таҳлукаи он қарор гирифт. Бо доштани таҳкурсии мустаҳкам ва сарчашмаҳои пуливу молӣ,  ба мисли гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ғорати бонкҳо, интиқоли ғайриқонунии маводи нафтӣ гурӯҳи  «Давлати исломӣ» тавонист ба «дарди сар»- и ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёбад. 
Маҳбуба Камолова, муовини сардори Раёсати амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ, иброз медорад, ки дар айни ҳол экстремизми диниву терроризми байналмилалӣ аз хатарҳои бузурги ҷаҳон маҳсуб меёбанд. Ба гуфтаи ӯ, ахиран экстремизми динӣ ба терроризми байналмилалӣ мубаддал гашт ва мисоли равшани онро мо дар симои созмони террористии «Давлати исломӣ» дида истодаем. Ин гурӯҳи тундравро доираҳои муайян барои пиёдасозии ҳадафҳои геосиёсиву геостратегӣ таъсис доданд. Зарару харобиҳои расондаи онҳоро дар Ироқу Сурия, Либия, Яман ва Афғонистон метавон ба мушоҳида гирифт.
Мувофиқи таҳлилҳо дар давлатҳои мусалмоннишини Ховари Миёна агар манбаи маблағгузории ин созмони террористӣ захираҳои нафт бошад, дар давлатҳои Осиёи Марказӣ он метавонад истеҳсоли маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардад. Вазъи ноороми Афғонистон ба Осиёи Марказӣ, махсусан ба Тоҷикистон, ки дар сархати аввали ин таҳдидҳо қарор дорад, метавонад зарари ҷиддӣ расонад. Тибқи иттилои коршиносон, дар Афғонистон гурӯҳҳои гуногуни террористӣ, ба монанди «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҳаракати толибон», гурӯҳҳи алоҳидаи «Давлати исломӣ» фаъолият доранд. Бо назадошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ  иброз дошт, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани  фазои боварӣ, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.
Тибқи гузориши расмии СММ теъдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ»  25 ҳазорро ташкил медиҳад, ки намояндагони беш аз 100 давлати дунё мебошанд. Мутаассифона, бино ба гузориши коршиносон, ҷангиён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 2 то 4 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки аслан ба тариқи муҳоҷират ба гурӯҳҳои террористӣ пайвастаанд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ,  теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ иштирок доранд, наздик ба 1000 нафар расидааст, ки беш аз 150 нафари онҳо кушта шудаанд. Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, аз ин ҳисоб 21 донишҷӯ низ ҳаст, ки нуҳ нафараш дар мактабҳои олии Федератсияи Русия таҳсил мекардаанд. Инчунин, 29 нафар зан бо оилаҳои худ ба Сурия рафтаанд.
Бояд гуфт, ки ихтилофҳои мазҳабӣ, надоштани донишҳои кофии динӣ ва дунявӣ, коҳишёбии сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ба афзудани теъдоди ҷангиёни созмони мазкур мусоидат намудааст. Паҳнсозии идеяҳои терроризму экстремизмро тавассути шабакаи иттилоотӣ - иртиботии интернет ва васоити ахбори оммаро низ мебояд таъкид дошт. Воқеияти дигар ин аст, ки дар радифи ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ шаҳрвандони мамолики мутараққӣ  низ қарор доранд.
- Агар дар оғоз мақсади асосии онҳо ҷалби ҷавонони бе касбу ҳунар ва дучори мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ буд, айни замон онҳо самти кори худро дигар карданд. Барои қавӣ гардондани неруи ҷамъоварда ба онҳо мутахассисон, табибон, барномасозон, иқтисоддонҳои бақувват лозиманд, - мегӯяд Маҳбуба Камолова.
Набояд фаромӯш сохт, ки то ҳол яке аз хатароти ҷиддии терроризм ҳамоно  неруи идеологиаш боқӣ  мемонад. Онро бояд шикаст. Ин хатарноктарин «силоҳ» аст. Яъне, бо аз байн бурдани шакли физикии «Давлати исломӣ» дар Сурияву Ироқ ҳама кор ба итмом намерасад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳатто баъди ҳуҷумҳои муваффақонаи неруҳои низомӣ - ҳавоии Русия дар минтақаҳои ишғолнамудаи «Давлати исломӣ» инфиҷори фарогир дар Туркия, Афғонистон, Фаронса ва Олмон ба амал омад. Ин ҳамаро ин гурӯҳи террористӣ ба зимма гирифт. Яъне, «силоҳ» - и онҳо дар ин кишварҳо ҳам ба кор рафт. Шеваи муассиртарини нобудсозии ин идеология мубориза тавассути баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳисси меҳанпарастӣ, садоқат ба Ватан ва нишон додани нақши харобиовару фоҷиабори амалҳои террористиву экстремистӣ аст.
 
Шаҳнози ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2016    №: 61    Мутолиа карданд: 677
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед