logo

туризм

ТУРИЗМИ БАЛҶУВОН ИМКОНОТИ ИСТИФОДАНАШУДА ҲАНӮЗ ЗИЁД АСТ

Табиати зебо, боду ҳавои хуш, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, рустаниву чашмаҳои шифобахши Балҷувон барои инкишофи соҳаи туризм дар ноҳия имкони мусоид фароҳам овардаанд.  Ин аст, ки солҳои охир ба ин минтақаи кишвар таваҷҷуҳи сайёҳон аз кишварҳои гуногуни Ғарбу Шарқ  бештар гашта истодааст. Масалан, соли 2014 ба ноҳияи Балҷувон аз давлатҳои Олмон, Испания, Франсия, Австрия, Русия 74 сайёҳ, соли 2015 бошад,  87 сайёҳи хориҷӣ, 3000 сайёҳи дохилӣ ва аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз 15 сайёҳи хориҷӣ ворид шудаанд. Тибқи таҳлилҳо ин нишондод нисбат ба солҳои 2012-2013 – ум 50 дарсад зиёд мебошад.
Балҷувон бо шаршараи овозадори Сари Хосор, ки ба гуфтаи Шамсулло Аҳадов, собиқ мудири бахши фарҳанги ноҳия, яке аз ҳафт ганҷинаи Тоҷикистон мебошад, инчунин шаршараҳои Пушти Боғ, Камолӣ, Ҳорма маҷмӯан 200 чашма, дарахтони азимҷуссаи Ҷувозчинору Шинг, чашмаҳои шифобахши «Хибил», «Оби гӯгирд», «Шулук» ва «Оби гӯр», санги сӯрохи «Чиламазор» ва манзараҳои аҷиби табиат дили садҳо сайёҳону меҳмонон ва ҳамзамон мардумони маҳаллиро тасхир намудааст. Ғайр аз ин, ноҳия дорои ёдгориҳои таърихии қалъаҳои «Мир» (асрҳои XVI-XIX), «Чорбоғ» (асрҳои миёна), «Тӯпхона» (асрҳои I - и пеш аз мелод то V - и мелодӣ), «Дектур» (XVIII - XIX), «Турк» (XII - XIII), «Чаноро», «Чавгонӣ», «Додӣ», бошишгоҳҳои даври асри сангин дар деҳаҳои Файзобод, Шаҳидӣ, Бобохон, Ҷимбулоқ ва мақбараю оромгоҳи орифон, «Устуғонҳо» (мавзеи сукунати ҳайвоноти азимҷуссаи қадима) ва чандин осорхонаҳои таърихиву мардумшиносӣ мебошад, ки барои роҳандозӣ ва рушди туризми  фарҳангиву таърихӣ имкони фарох фароҳам меоранд.  Албатта, вазъи сайёҳии ноҳия беҳбудиро  тақозо дорад. Махсусан раванди бунёди меҳмонхонаву марказҳои хизматрасонии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ дар назди мавзеъҳои таърихиву табиӣ, таъмири роҳҳо ва дигар иншооти ёрирасонро бояд вусъат  бахшид.
Дар ин хусус Беҳрӯз Бобоев, сармутахассиси раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, иброз дошт, ки вақтҳои охир мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба рушди соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда истодааст. Ин буд ки, бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва ибтикори мақомот дар арафаи иди Наврӯз корвони «Наврӯзи ҷавонон» ва рӯзноманигорони мамлакат дар 14 шаҳру ноҳияи вилоят аз санаи 14 март то 23 - юми ҳамин моҳ ташкил карда шуд. Ҳадаф аз он тарғиби имконоту иқтидори сайёҳии вилоят ва бо ин васила рушди соҳа мебошад.
Дар асоси ин дороиҳои ғанӣ таъсиси пойгоҳи мустаҳками туристӣ бо ҷалби мутахассисону соҳибкорон ба мақсад мувофиқ хоҳад буд. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои даромаднок маҳсуб ёфта, давлатҳои мутараққӣ аз он маблағҳои зиёд ба даст меоранд ва барои рушди иқтисодиёти худ пурсамар истифода мебаранд. Бино ба иттилои Беҳрӯз Бобоев, давоми соли 2016 то ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосор сохтмони пойгоҳи махсуси сайёҳӣ дар назар аст. Корҳои мумфаршсозӣ ва таъмири роҳ аз маркази ноҳия то мавзеъ аз ҷониби Вазорати нақлиёт дар арафаи оғозёбист. Ҳамчунин вақтҳои наздик пойгоҳи кӯҳнавардӣ низ бунёд хоҳад ёфт.
Новобаста аз чораҳои андешидашуда ҳанӯз камбуд ва норасоии инфрасохтори зарурӣ, кадрҳои соҳибтахассус садди рушди соҳаи сайёҳӣ дар ин минтақаи туризми байналмилалист. Вале мебояд дар ин самт кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод, зеро он иқтидори бештар дорад.

Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2016    №: 62    Мутолиа карданд: 10108

28.04.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Ли Ки - Квон

Конфронси илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Марҳилаи дуюми барқарорсозии шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ оғоз мегардад

Интишори асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев ба забони қирғизӣ

Ҳунар ганҷи нуҳуфта аст

НУРОБОД. Таъсиси маркази маслиҳатдиҳии ҳуқуқӣ

Ҷаҳон дар як сатр

27.04.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Пратибҳа Меҳта

Изҳори ҳавасмандӣ аз тақвияти ҳамкориҳо

Фестивали байналмилалии мусиқии «Еthno-jazz» баргузор мешавад

КҲФ огоҳ мекунад…

Мусобиқаи футбол дар Деваштич

Террористон набояд имкони бозгашт ба Қазоқистонро дошта бошанд

Истеъфои вазир дар Ҷопон

Аврупоро буҳрони нави муҳоҷират интизор аст?

Дар Доминикан обхезӣ мардумро бехонумон кард

Uber дар се сол аэротаксиҳоро ваъда медиҳад

Кишти пахта

Бунёди боғу токзор

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Кишти баҳорӣ

БАДАХШОН. 120 рӯзи ободонӣ ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

26.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал - Бодӣ

Тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ

Изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ибратомӯз аст

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷамъбаст гардид

СУҒД. Авлавият ба таъсиси ҷойҳои нави кор

Варзиш

25.04.2017


Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

Дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд

Оғози ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ

РАШТ. ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед