logo

ҳуқуқ

ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ВА РЕШАҲОИ ТАЪРИХИИ ПАЙДОИШИ ОН

Пайдоиши ифротгароӣ барои инсоният ҳамчун як фоҷиаи мудҳиш муноқишаҳои зиёдеро ба бор оварда, аз замонҳои қадим то имрӯз барои ҷомеаҳои ором яке аз хатарҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсолаи худ воқеъбинона таъкид намуданд, ки: “Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд”.
Дар таърихи динҳои ҷаҳонӣ ҳолатҳои хусусияти ифротгароӣ касб намудани баъзе ҷараёну шохаҳои онҳо кам нестанд ва инсоният шоҳиди даргириҳои зиёде дар ин замина шудааст. Аммо,  шурӯъ аз охирҳои асри ХХ дар дохили пайравони дини ислом ифротгароии динӣ авҷ гирифта, дар ояндаи наздик пешбинӣ намудани роҳҳои пешгирии онро мушкил гардондааст. Саволе ба миён меояд, ки чаро дар байни мусулмонон ифротгароии динӣ босуръат паҳн гардида истодааст, ҳол он ки дини ислом худ дини сулҳҷӯву сулҳпарвар мебошад? Барои посух додан ба ин суол зарурати омӯзиши решаҳои таърихии пайдоиши ифротгароии динӣ дар олами ислом тақозо мегардад.
Дар асри ҳафт дар нимҷазираи Араб Паёмбар Муҳаммад (с) мардумро ба дини нав - ислом даъват намуд. Дини ислом дар байни мардум тадриҷан паҳн гардида, дар замони зиндагии Паёмбар ба ҳайси як дини дорои низоми ягонаи эътиқодӣ буд. Даъват ба амали хайру савоб, бародарию баробарӣ ва бунёди низоми адолатноку боинсофона зери итоат ба неруи ягонаи объективӣ ба дили мардуми зери одатҳои нангин ва сангинмонда на танҳо умед бахшид, инчунин, ҷиҳати муттаҳидии динӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва забонии онҳо мусоидат намуд. Ислом дар асл ва ибтидо сиёсӣ набуд, вале раванди объективии бунёди давлатҳо ва муборизаҳои оштинопазир ҷиҳати ҳимояи манфиатҳо дар заминаи сохтори вайроншудаистодаи қавмияти араб тадриҷан ба он ҷомаи сиёсӣ пӯшонд.
Масъалаҳои пайдошудаи баъдӣ, ки бо низоми идораи молӣ, пулӣ ва ҳудудӣ тавъам буд, тадриҷан ташкили падидаи сиёсиро тақозо намуд, ки дар натиҷа дар ислом равияву фирқаҳои дорои характери гуногун ба вуҷуд омаданд. Дар замони зиндагии Муҳаммад (с) байни мусулмонон ихтилофе вуҷуд надошт, вале баъди реҳлати ӯ, ҳанӯз маросими дафн ба сомон нарасида, масъалаҳое зуҳур намуданд, ки дар оянда асли пайдоиши зиддият дар ҷомеаи мусулмонон гардиданд. Тафриқаи аввал ва умдатарин дар ислом ба масъалаи сиёсӣ иртибот дошта, вобаста ба маснади халифаи пайғамбар дар давлатдории навини арабҳо ба вуҷуд омадааст. Дар ин баҳс сухан аз мероси паёмбарӣ не, балки аз ваколат ва мақоми пешвоӣ мерафт, ки баъдан дар даврони интиҳои хилофати рошидин моҳияти дунявӣ ва сиёсиро касб кард. Дар ин замина, дар ислом равияҳои асосии он: аҳли суннат ва ҷамоат, шиа ва хавориҷ ба вуҷуд омада, ба ин муборизаҳои сиёсӣ бо дидгоҳҳои эътиқодӣ неруи манфӣ бахшиданд. Таърихи ислом дар шохабандии худ танҳо бо ин равияҳо иктифо накарда, бар замми онҳо боз мазҳабҳо ва чандин фирқаҳо низ мавҷуданд.
Сараввал шариати ислом, ки паҳлуҳои гуногуни зиндагии мусулмононро ба танзим медаровард, ба Қуръони карим ва ҳадиси набавӣ такя менамуд, вале тадриҷан ба ин сарчашмаҳо боз тафсирҳо, иҷмоъ, иҷтиҳод, фатво ва қиёс илова гардиданд. Онҳо маҳсули меҳнати зеҳнии уламои ислом мебошанд, ки дар раванди таърих аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва дар баъзе ҳолатҳо бо ҳам дар мухолифат мебошанд. Як масъала аз ҷониби олимони алоҳида ба таври гуногун шарҳу тафсир ёфта, ҳамаи онҳо дурустии хулосаи худро бо такя ба Қуръону ҳадис ва мактабҳои ҳуқуқи мусулмонӣ исбот менамуданд. Дар натиҷа, дар олами ислом низоми ягонаи ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи меъёрҳои ҳуқуқии мутобиқ ба талаботи кулли равияву ҷараёнҳо ташаккул наёфт. Бархӯрди манфиатҳои диндории мардуми одӣ низ аз ҳамин тафовутҳои ғояҳои тарҳрезишудаи уламои диниву соҳибони мазҳаб маншаъ мегирад.
Аз сабаби таҳаммулгаро набудани саркардаҳои як қатор равияву фирқаҳои ислом, пайравони онҳо низ аз ин сифатҳо бенасиб монда, дар масири таърих ва замони муосир ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардидаанд. Беҳуда Аттор дар «Тазкират-ул-авлиё» дар бораи Имом Абуҳанифа зикр накардааст: «Нақл аст, ки рӯзе мегузашт. Кӯдакаеро дид, ки дар гил бимонда. Гуфт: “Гӯш дор, наяфтӣ”. Кӯдак гуфт: “Афтодани ман саҳл аст. Агар бияфтам, танҳо бошам. Аммо ту гӯш дор, агар поят билағжад, ҳама мусулмонон, ки аз паси ту оянд, билағжанд ва бархостани ҳама душвор бувад”. Лағжиши иддае аз саркардагони ҷараёнҳои ифротӣ боиси авҷ гирифтани низоъҳои динию мазҳабӣ гардидааст. Баҳри ҳифзи манфиатҳои гурӯҳҳои муайян ва абарқудратони ҷаҳон имрӯз низ ҳамон лағжишҳои “уламои динӣ” аз нав эҳё гардида, пайравони онҳо боз ифротгаро ва дар муносибат бо дигарон, аз ҷумла бо худи мусулмонон оштинопазир гардида истодаанд. Мунозираҳои мазҳабӣ дар замири баҳси илмии саркардагони онҳо зуҳур карда, бо дигар манфиатҳои молию ҷуғрофӣ ба таҳқири шахсӣ, гурӯҳӣ ва ифроти том гузар намуда, ҷомеаҳои исломиро ба хунрезию моҷароҳо мубтало кардааст. Ин ҳолат хоси аксари кишварҳои мусулмоннишин гашта, гӯё сифати муъминро маҳз ҳамин хислати бад муайян мекарда бошад.
Ин раванд ва чунин фитнаҳо, бо вуҷуди мавҷудияташон дар тӯли таърих,  ҳеҷ гоҳ хоси мардуми тоҷик ва мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ ва шохаи мовароуннаҳрии он набуд. Имрӯз низ касе ҳаққи маънавии ба чунин фитнаҳо кашидани мардуми таҳаммулпазири моро надорад. Мо дар баробари ҳушёрӣ ва зиракиамон бояд нағз донем, ки фитнагар, ифротгаро ва таҳаммулнопазир на ба миллат, на ба мазҳаб ва на ба эътиқоди мо наздикӣ надорад. Ӯ дар мисоли дониши қавии илмӣ, таърихӣ ва динӣ аз фарҳанг ва мазҳаби мо бегона аст. Аз ин рӯ, барои мубориза бо ифротгароии динӣ зарур аст, ки омилҳои зуҳури он дар ҷомеа, таъсири равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ба густариши он, роҳҳои таҳкими асли таҳаммулгароии мазҳаби ҳанафӣ, алалхусус риштаи мовароуннаҳрии он мавриди омӯзиш ва таҳлили ҷиддӣ қарор гиранд.

Бахтиёр ЮНУСОВ,
мудири бахши ҳуқуқи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.04.2016    №: 68    Мутолиа карданд: 1138
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед