logo

фарҳанг

АТЛАС ВА БОНУИ ТОҶИК

Ҳунарҳои   бадеии  мардумӣ   ҷузъи  ҷудонопазири  фарҳанги  миллӣ буда,  барои  ташаккули  минбаъдаи  ҳаёти  ҷомеа  бетаъсир   нестанд.  Намунаҳои  гуногуни  ҳунарҳои  бадеии мардумӣ   ба  монанди  бофандагию зардӯзӣ,  кашидадӯзӣ,  аҷубасозӣ  (бозичасозӣ),   кандакорию  гилкориро  ҳамарӯза  вомехӯрем,  ки зиннатбахши ҳаёти  фарҳангии мо мебошанд.
Бофандагӣ   яке  аз  касбҳои  суннатии  халқи  тоҷик  буда,   дар  шаҳру  навоҳии  тоҷикнишини  Осиёи  Марказӣ  аз  замонҳои  қадим  маъмул  мебошад.  Аз  ҷумла,  шаҳрҳои   Бухоро,   Самарқанд,  Хуҷанд,  Истаравшан,  Ҳисор  ва  ғайра  дар  гузашта  марказҳои  касби  бофандагӣ    ба  шумор  мерафтанд. Ҷараёни  кори  бофандагӣ  чунин  марҳилаҳо  дошт:  интихоби  ашёи  хом,  аз  ҳалоҷӣ  гузаронидани  пунба ё  пахта,  бо  саввачӯб  зада   маҳин  кардани  пахта,  бо  чарх  ресмон  бофтан, ранг  кардани  калоба,  дар  дӯкон  бастани  калобаҳо  ва   бофтани  матоъ. 
Ҳунармандон  аз  ресмон матоъҳои  гуногун  мебофтанд.  Ҳар  як  матоъ  бофтаҳои   амудиву   уфуқӣ  -  тору  пуд  дошт.  Тайёр  кардани  тору  пуд  аз  амалҳои  нахпечонӣ,  тортанӣ,  оҳардиҳӣ  ва  фарқкушоӣ  иборат  буд.  Торро  дар  дастгоҳ  ё  дӯкон  таранг  мебастанд  ва  пудҳоро  аз  байни  риштаҳо  бо як  тартиби  муайян  гузаронда,  устувор  мекарданд. Ҳангоми  бо тартиби гуногун бофтани тору  пуд матоъҳои ҳархела  тавассути  бофтан  бо риштаҳои рангҳояшон мухталиф  нақшҳои рах - рах, катак ва гулдору суратдор ба вуҷуд меомад. Ҳамин тариқ, матоъҳои алоча, адрас,  атлас,  чит,  суф,  карбос,  қаламӣ  ва  навъҳои  дигар истеҳсол  мешуданд.
Махсусан атласбофӣ  дар  Хуҷанд, Самарқанд, Конибодом, Андиҷон  ва  дигар  шаҳрҳои  Осиёи  Марказӣ  маъмул  буд.  Атласи  хушранг  ва  олисифатро хонатлас меномиданд, ки дар дастгоҳҳои махсус бофта мешуд. Нусхаҳои  анъанавии онро   «Шоҳсабз»,  «Барги  карам»  ва  атласи  сиёҳ  меномиданд. Атласи  абрешимиро барои  либосҳои  занона  ва  нимабрешимиашро  барои  абраю  кӯрпаю  кӯрпача  ва  ғайра  истифода  мебурданд.
Раванди  коркарди  абрешим  аз    се  марҳилаи  асосӣ   иборат  буд:  тайёр  кардани  калоба  ё  ресмон,  бофтан  ва  ороиши  матоъ.  Рангубор  намудани  калоба ду  зинаро дар  бар  мегирифт:  ишқоркунӣ  ва  кабудгарӣ. Атласбофӣ   таърихи тӯлонӣ  дорад.  Ба рушду  пешрафти  абрешимбофӣ дар Хуҷанди  бостонӣ  Шоҳроҳи  Абрешим  мусоидат намудааст.  Тоҷирон аз  Чин ба  шаҳрҳои  Осиёи Миёна  абрешим оварда мефурӯхтанд. Дар навбати  худ  косибону ҳунармандони   суғдӣ  ба  Чин рафта, нозукиҳои абрешимбофиро  аз  устоҳои чинӣ  меомӯхтанд.  Дар  садаҳои  4 -  5  соҳаи  кирмакпарварӣ  ва  абрешимбофӣ дар  байни  суғдиёну бохтариён тараққӣ кард. Ниёгони  тоҷикон дар асрҳои баъдӣ дар истеҳсоли абрешим ва матоъҳои абрешимӣ,  ки  ба  атласи  ҳозира монандӣ доштанд,  шуҳрат  пайдо  карданд.
Месазад, ки ин ҳунари воқеан миллиро дар саросари Тоҷикистони азиз тавсеа бахшем.  Дар Наврӯз рӯшантар аз ҳама фаслҳои дигар эҳсос мешавад, ки атлас барои духтари тоҷик ва духтари тоҷик барои атлас офарида шудаанд. Ин ҳақиқати бебаҳс аст.
 Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.04.2016    №: 68    Мутолиа карданд: 502

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед