logo

маориф

Оё раванди таълим ба мақсад мувофиқ аст?

«Ба Вазорати маориф зарур аст, ки мувофиқи талаботи пешрафтаи ҷаҳони муосир ба мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ, сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар эътибори ҷиддӣ дода, ташкили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифро таъмин намояд».
Аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, 15 апрели соли 2009.

Сардори  давлат Эмомалӣ Раҳмон маорифро ҳамчун соҳаи сарнавиштсози ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои афзалиятнок номида, барои ислоҳоту рушди он аз рӯзҳои аввали истиқлолият пайваста таваҷҷӯҳ ва ғамхории хоса зоҳир менамояд.  Раванди таълиму тарбия, сатҳи дониши хонандагон ва иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ чӣ тавр ба роҳ монда шудааст? Хабарнигорамон бо ин ва дигар суолҳо ба Сунавбар Давлатов, сардори шӯъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1, муроҷиат намуд.
-Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,- иброз дошт С. Давлатов,- якҷо бо прокуророни вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оиди аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузаронидани муассисаҳои таълимӣ, инчунин литсензионии онҳо дар Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф мавриди санҷиш қарор дод.
Бояд зикр кард, ки бо мақсади назорати татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, инчунин баҳо додан ба раванди таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши хонандагону донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисон ва дигар тарафҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ аз 30 ноябри соли 2006 Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф таъсис ёфт.
Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ низомномаи сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идораи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф тасдиқ гардид, ки яке аз ваколатҳои асосии он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷорӣ гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия, инчунин иҷозатномадиҳӣ ба ташкилоту муассисаҳои таълимӣ ва муайян намудани мақоми онҳо мебошад.
Аз тарафи хадамот, шӯъба ва бахшҳои он дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо 704 муассисаи таълимӣ аз аттестатсия ва 147- то аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта, ташхиси иҷозатномадиҳии 132 ихтисоси нав ва курсҳои кӯтоҳмуддат анҷом ёфт. Бо сабаби мувофиқат накардани заминаи моддию техникӣ ба 9 муассисаи таълимӣ иҷозатнома дода нашуд, 2- тоаш шартан аз аттестатсия гузашт ва ба 2 муассисаи дигар барои ислоҳи камбудиҳо мӯҳлат муқаррар гардид.
Чунончӣ, дар ҷараёни гузаронидани аттестатсияи давлатӣ маълум гашт, ки ҳарчанд  Маркази ҷумҳуриявии корҳои тарбиявию беруназмактабӣ 5 сол пеш аз аттестатсия шартан гузашта бошад ҳам, 90 фоизи камбудиҳои нишондодашуда то ҳанӯз бартараф нашудаанду аксарияти маҳфилҳо реҷаи муайяни корӣ надоранд. Китобхонаи марказ фаъолият надошта, ҳуҷраҳои кории маҳфилҳо ба анбор ва устохона шабоҳат доранд.
Бо назардошти камбудиҳои ҷойдошта дар асоси қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф баррасии масъалаи аттестатсияи муассиса то ислоҳ гардидани камбудиҳои ҷойдошта мавқуф гузошта шудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани аттестатсия дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат ва гурӯҳҳои мақсадноки он муайян гардид, ки дараҷаи донишандӯзии гурӯҳҳои таълимӣ аз фанҳои анатомия, кори ҳамширагӣ дар сатҳи паст қарор дошта, то 20 фоизро ташкил медиҳад. Дар муассисаи таълимӣ заминаи моддӣ-техникӣ барои тайёр намудани мутахассисион аз рӯи ихтисоси «кори тиббӣ- ташхисӣ» ба талабот ҷавобгӯ набуда, шароити оддитарин муҳайё нашудааст. Вобаста ба ин, гурӯҳҳои мақсадноки омӯзишгоҳ дар назди беморхонаҳои шаҳрҳои Норак, Роғун, ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Тоҷикобод, Рӯдакӣ ва Варзоб, инчунин ихтисоси «кори тиббӣ-ташхисӣ» аз аттестатсияи давлатӣ нагузашта ҳисобида шуданд.
-Оё фаъолияти шӯъба ва бахшҳои хадамоти мазкур дар шаҳру ноҳияҳо ба мақсад мувофиқ аст?
-Натиҷаи санҷишҳо нишон дод, ки дар фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар ин ҷода то ҳанӯз камбудӣ ва норасоиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Дар ҷумҳурӣ шумораи зиёди муассисаҳои таълимӣ бо вуҷуди чандин сол боз фаъолият намуданашон аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузаронида нашуда, ҳолатҳои бе иҷозатнома (литсензия) ба фаъолияти таълимӣ машғул шудани онҳо ба таври васеъ ҷой дорад.
Аз таъсис ва ба роҳ мондани фаъолияти Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф беш аз ду сол сипарӣ шуда бошад ҳам, дар аксар шаҳру ноҳияҳо талаботи қарори зикршуда ба пуррагӣ ба иҷро нарасида, бахшҳои хадамотӣ сари вақт бо кормандони соҳибихтисос таъмин нагардидаанд. То имрӯз воҳидҳои кории шӯъба ва бахшҳо ба Феҳрасти воҳидҳои кории хизматии давлатӣ ва бо маводи дастурию методӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои расмии зарурӣ таъмин нашудаанд.
Масалан, дар шӯъбаҳои маорифи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Норак, Роғун, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Варзоб, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Қумсангир, Вахш, Ҷиликӯл, Хуросон, Темурмалик, аксари шаҳр ва ноҳияҳои вилояти Суғд ва ВМКБ бо як ё ду воҳиди корӣ бахшҳои шаҳрию ноҳиявии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ташкил шудааст. Бо қарори раиси ноҳияи Носири Хусрав аз 31 майи соли 2007 бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф бо ду воҳиди корӣ таъсис дода шудааст. Санҷиш нишон дод, ки айни ҳол бинобар набудани мутахассис бахш фаъолият надорад. Дар ноҳияи Балҷувон бошад чунин бахш таъсис наёфтааст.
Маҳз бемасъулиятӣ дар мавриди таъсис ва ба роҳ мондани фаъолияти бахш боиси он гардидааст, ки дар ноҳияи Варзоб то ҳанӯз ягон муассисаи таълимӣ аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ нагузаштааст. Ё дар ноҳияи Нуробод бо сабаби сари вақт аз буҷети маҳаллӣ ҷудо нашудани маблағ, бахши мазкур фаъолияти худро амалан аз моҳи декабри соли 2008 оғоз намудааст. Айни замон 61 муассисаи таълимӣ бе иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ амал мекунад.
Шӯъбаи хадамот дар назди раёсати маорифи шаҳри Душанбе бошад танҳо моҳи ноябри соли 2008 таъсис ёфта, аз тарафи он ягон муассисаи таълимӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида нашудааст.
Дар ВМКБ хилофи талаботи «Тартиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии муассисаҳои таълимӣ», ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 5 феврали соли 2003 тасдиқ шудааст, муассисаҳои таълимӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида нашуда, мақоми онҳо аз рӯи намуд ва шакл муайян нагардидааст.
-Омилҳои дигари аз аккредитатсияи давлатӣ  нагузаштани муассисаҳои таълимиро дар чӣ мебинед?
-Сабаби дигар ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ҷавобгӯ набудани муассисаҳои таълимист.
Чунончӣ дар ВМКБ 80 фоизи муассисаи таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ҷавобгӯ набуда, 30 муассисаи таълимӣ таъмирталаб ва 34-то дар ҳолати садамавӣ қарор  дорад. Гузашта аз ин 3 мактаб дар хонаҳои шахсӣ, 2 мактаб дар вагонхона ҷойгир аст. Дар муассисаҳои таълимӣ  257 омӯзгор бо маълумоти таҳсилоти миёнаи умумӣ, 512  нафар аз ҳисоби нафақахӯрон фаъолият дошта, 255 омӯзгор намерасад.
Айнан чунин вазъият дар аксар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо ҷой доранд.
Дар соли 2008 аз тарафи бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз аттестатсия гузаронидани 191 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 40 муассисаи томактабӣ ва 6 маркази таҳсилоти иловагӣ ба нақша гирифта шуда, амалан дар ин давра 166 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, 34 муассисаи томактабӣ ва 4 маркази таҳсилоти иловагӣ аз аттестатсия гузаштааст, ки 86 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Дар вилояти Хатлон бошад аз 1390 муассисаи таълимӣ 92-тоаш аз аттестатсияи давлатӣ нагузаштааст. Айни замон дар ин вилоят 154 муассисаи таълимӣ бе иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ амал менамояд.
Дар шаҳри Душанбе бошад вазъият боз ҳам ташвишовар буда, масъулони соҳа чӣ будани  аккредитатсияи давлатиро фаромӯш кардаанд.
-Сунавбар Анварович, барои бартараф кардани қонуншиканӣ ва камбудиҳои ҷойдошта аз тарафи мақомоти прокуратура чӣ чораҳо андешида шуданд?
-Баҳри бартараф намудани қонуншиканиҳо ба нишонии мақомоти дахлдор ва шахсони мансабдор 73 пешниҳод,  300 амр фиристонида, оид ба бекор намудани қарору фармонҳои ғайриқонунӣ 11 эътироз оварда, 27 нафар шахси масъул ва мутасаддӣ ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуд. Ин масъала таҳти назорати доимии мақомоти прокуратура қарор дорад ва мо баҳри рафъи камбудию қонуншиканиҳо чораҳои муассир меандешем.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»

Сешанбе, 16 июни  соли  2009.  № 77 (21 584). Соли 85-уми нашр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1061

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед