logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

Саъдии ШЕРОЗӢ
ҲИКОЯ
Ҳаргиз  аз даври замон нанолида будаму рӯй аз гардиши осмон дарҳам накашида, магар вақте ки поям бараҳна буд ва иститоат (тавоноии хариди)-и пойпӯше надоштам. Ба ҷомеи Кӯфа (масҷиди ҷомеи Кӯфа, ки намози ҷумъа гузоранд) даромадам тангдил, якеро дидам, ки пой надошт. Сипоси неъмати ҳақ ба ҷой овардам ва бар бекафшӣ сабр кардам.
Мурғи бирён ба чашми мардуми сер
Камтар аз барги тара бар хон аст.
В-он киро дастгоҳу қувват нест,
Шалғами пухта мурғи бирён аст.

 

Дейл КАРНЕГӢ
24 КАЛИМА ТАВОНИСТ ҲАЁТРО ТАҒЙИР ДИҲАД
Баҳори соли 1871 ҷавонмарде китоберо гирифта мутолиа намуд, ки 24 калимаи он тавонист ҳаёти ояндаи ӯро пурра тағйир диҳад. Он вақт ин ҷавон донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ буд ва дар бемористони Монреал таҷриба меомӯхту дар изтироб буд, ки имтиҳонҳои хатмкуниашро чӣ тавр месупорад, куҷо ба кор меравад, умуман ӯро дар оянда чӣ интизор аст?
Он 24 калимае, ки ӯ мутолиа намуд, ёрӣ расонид, ки табиби машҳури овони худ шавад ва маъруфтарин дар дунё мактаби тиббиро дар назди Донишгоҳи Ҷон Гопиинс ташкил диҳад, соҳиби унвони профессори тибби Оксфорд – баландтарин унвони тибби империяи Британияи Кабир гардад.
Ӯ сэр Уилям Ослер ном дошт. Ва он 24 калимае, ки мутолиа намуд, ба қалами Томас Карлейл мутааллиқ буд: «Вазифаи асосӣ он аст, ки ба умеди ояндаи тираву дур нашуда, худи ҳозир то он ҷое, ки ба мо аён аст, нигариста амал намоем». Сирри комёбиҳои профессор дар ниҳоди ҳамин 24 калима ниҳон буд.
Нозирҷон ЁДГОРӢ,
тарҷума аз русӣ

 

Сад разведкачӣ
ЯН БЕРЗИН
Баъди инқилоби Октябр Ян Берзин сардори дастгоҳи Комиссариати халқии худидоракунии маҳаллӣ, котиб ва муовини мудири шуъбаи хоҷагии маҳаллии Комиссариати корҳои дохилӣ таъйин гашт. Тобистони 1918 бо дастаи аскарони сурх балвои эсерҳоро дар Ярославл пахш намуд. Моҳи майи соли 1919 Ригаро аз сафедҳо ҳимоя намуда, боз ҷароҳат бардошт. Баъди табобат сардори шуъбаи сиёсии дивизияи тирандозӣ, сипас сардори шуъбаи махсуси ВЧК артиши 15 таъйин шуд. 2 декабри соли 1920 ба раёсати разведкаи артиши сурх интиқол ёфт.
Солҳои 1921 - 1937- ро дар разведкаи шӯравӣ «давраи пинҳонкорони фавқулода» меноманд. Ҳолномаи ҳамаи разведкачиёнро Берзин менавишт ва онҳоро пеш аз ба хориҷа фиристодан, ба кори ҷосусӣ омода мекард. Муттасил дастгоҳи нави Раёсати разведка созмон ёфту дар оғози соли 1921 ба ҳамаи вазифаҳои калидӣ шахсони нав, пеш аз ҳама, латишҳо омаданд.
Дар соли 1922 ба Франсия ашрофзан Мария Скаковскаяро фиристонданд. Ин бонуи малеҳ ва дилрабову доно ёрдамчии резидент шуд. Солҳои 1923-1924 аз вай ба Маскав пайваста маълумот дар бораи нақшаи Ситоди генералии Антанта мерасид. Дар оғози соли 1924 ба вай имкон фароҳам омад, ки стенограммаи машварати якҷояи намояндагони ситодҳои генералии Англия ва Франсияро бо фармондеҳони артиши руси дар муҳоҷиратбуда ба даст орад. Дар машварат сухан дар бораи интервенсияи нав ва ошӯбҳои аксулинқилобӣ дар дохили мамлакати шӯроҳо мерафт.
Дар Олмон пинҳонкорони рус хеле фаъол буданд. Яке аз онҳо Владимир Фёдорович Петров ба ҳисоб мерафт, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ гуреза шуда ба Берлин омад ва дар намояндагии ҳарбии Япония ба кор даромад. Соли 1923 бо разведкаи шӯравӣ робита барқарор намуд ва онро бо маълумоти пурмуҳтаво таъмин мекард.
Дар Франсия пинҳонкор Винаров бо ҷосусӣ машғул буд. Вай дар Париж ва Тулуза чор бунгоҳи радиоӣ созмон дод, бештар дар хусуси вазъи Испания маълумот гирд меовард. Дар Италия низ фаъолияти разведка густурда буд. Роберто Бартини, яке аз агентҳо, дар байни сарнишинони ҳавопаймоҳо шиносҳои зиёде дошт. Ӯ дар хусуси тайёраҳои ҷангӣ, шумораи онҳо, супоришҳо барои истеҳсоли бомбаандозу қиркунандаҳо, вазъи корҳои илмиву таҷрибавӣ дар соҳаи флоти ҳавоӣ маълумот мегирифту бо ҳуҷҷатҳои муҳим асоснок намуда ба Маскав мефиристод.
Зери тахаллуси «Этен» дар Италия ҷосуси пинҳонкор Лев Маневич мезист. Вай шахси низомӣ буду бо баъзе сабабҳои номаълум дар қаламрави Австрия амалиёти ҷосусӣ мебурд. Маневич қароргоҳи ҷосусонро созмон дод, бисёр агентҳои арзандаро ба тарафи худ кашид, аз онҳо маълумоти ҳарбӣ - техникӣ, аз ҷумла нақшаи тайёраҳои нави бомбаандозу қиркунандаҳо, киштиҳои зериобӣ, тӯпҳои қутрашон 37 - миллиметра, асбобҳои идоракунии мушакпарронии тӯпҳои киштиҳои ҳарбиро гирифта ба марказ мефиристод. Вай ба Испания рафта дар хусуси тайёраҳои ҳарбии генерал Франко ва модули охирини қиркунандаи «Мессершмитт» ба Маскав ҳисобот дод.
Дар соли 1924 Ворошилов ва Берзин разведкачӣ Лев Термен, олим, ихтироъкор ва мутрибро ба ИМА равон намуданд. Вай соли 1921 асбоби мусиқии шигифтовари барқию техникиеро сохт, ки бо номи «Терменвокс» машҳур шуд. Соли 1927 нахустин телевизорро сохт, ки дар рӯнамоии он Сталин, Орҷоникидзе, Ворошилов ва Тухачевский иштирок доштанд. Вай дар ИМА бо Эйзенхауэр, Эйнштейн, Гровс (генерали оянда, роҳбари лоиҳаи атомии «Манхэттен») ҳамсуҳбатию ҳамкориҳо дошт. Маълумотҳои фиристодааш гаронбаҳо буданду афсӯс, ки дар Маскав ба қисми зиёди онҳо эътибор намедоданд.
Моҳи августи соли 1936 Берзинро ба Испания фиристоданд. Вай дар чандин амалиётҳои зиддифашистӣ иштирок намуд. Баҳори соли 1937 ӯро ба Маскав хонданд. Бо ордени Ленин қадр намуда, 3 июн роҳбари раёсати разведка таъйин карданд. Аммо вай дар ин вазифа дер напоид. 3 декабри соли 1937 бо гуноҳи «душмани халқ» ҳабс ва 29 июли соли 1938 ҳукми қатл гирифт. Ҳамчунин 23 генерал ва 15 полковники разведка парронда шуданд. Баъди соли 1956 аз ҳамаи онҳо тамғаи «душмани халқ» - ро бардоштанд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»,
тарҷума аз русӣ

 


Ҳунарпешаҳои халқии СССР
МУХТОР АШРАФӢ
Мухтор Ашрафӣ – композитор ва дирижёри шинохтаи тоҷик мебошад. Ӯ соли 1912 дар шаҳри Бухоро таваллуд шудааст. Таҳсилоти мусиқиро дар мактаби мусиқии Бухоро, назди дуторнавози маъруф Тоҳирҷон Давлатзода оғоз намуда, аз навозандагони маъруфи тоҷик Бобо Ҷалол Носиров, Бобо Ғиёс Абдуғанӣ, Домулло Ҳалим Ибодов, Абдуқодир Исмоилов ва дигарон дарси маҳорат омӯхтааст. Пас аз хатми мактаби мусиқӣ ба Институти мусиқӣ ва хореографияи шаҳри Самарқанд дохил мешавад ва таҳти роҳбарии Н. Миронов фаъолияти эҷодиашро оғоз менамояд. Дар ин ҷо М. Ашрафӣ аввалин асарҳои мусиқии худро эҷод намуда, санъати дирижёрӣ ва оркестрро ҳам меомӯзад.
М. Ашрафӣ асосгузор ва нахустин роҳбари бадеии Театри опера ва балети шаҳри Самарқанд буда, соли 1971 ректори Консерваторияи давлатии Тошканд таъйин мегардад. Ин аст, ки дар тайёр намудан ва тарбияи кадрҳои мусиқии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, баргузории озмунҳои касбии мусиқинавозон, конференсияҳои илмӣ – назариявӣ оид ба проблемаҳои гуногуни рушди фарҳанги мусиқии минтақа нақши бузург бозидааст.
Яке аз шоҳкориҳои ӯ балети «Темурмалик», ки ба Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик бахшида шудааст. Нахустнамоиши балети мазкур соли 1972 дар Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор гардид.
Дар эҷодиёти М. Ашрафӣ мавқеи калонро мусиқии симфонӣ ишғол менамояд. Вай муаллифи ду симфония, ҳафт сюитаи симфонӣ, маршҳо барои оркестри симфонӣ мебошад. Хидматҳои шоёни ӯ бо унвони фахрии Артисти Халқии СССР қадр шуда, барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлал Неру, ба номи Камол Абдул Носир мебошад.
Умари ШЕРХОН

 

Саргузашти ибратомӯз 
 «ДИСНЕЙЛЭНД»
Уолд Дисней - рассоми барҷастаи амрикоӣ, коргардон, продюссер, офарандаи сериалҳои пурраметражи филмҳои тасвирӣ, ки ба ӯ шуҳрати ҷаҳониро арзонӣ доштаанд, ҳамчун бунёдгузори аввалин дар ҷаҳон  боғи бузурги афсонавии фароғатии бачагонаи «Диснейлэнд» низ машҳур аст.
Фикри сохтани боғ бори аввал ҳангоме ба сараш омад, ки вай духтарашро барои ба чархофалак савор кардан оварда буд. Маҳз ҳамон вақт дар фикри ӯ идеяи сохтани кишвари афсонавӣ ва ба бачагон туҳфа кардани он пайдо шуд. Ӯ, ки аз кори бисёрсолаи истеҳсоли филмҳои тасвирӣ хаста гашта буд, ба сохтани боғи дилхушкунанда бо шавқу рағбати беандоза машғул гашт.
Аммо сармоядоронеро, ки Дисней саъй мекард бо лоиҳаи нави худ онҳоро ҷалб кунад, ба воқеияти он боварӣ надоштанд. Ҳатто бародари ӯ Рой андеша дошт, ки лоиҳа даромад намеорад, аз ин рӯ шӯрои мудирон ва чанд тан банкирҳоро розӣ кардан мехост, ки дархости Уолтро барои маблағгузорӣ рад кунанд. Дисней аз ҳамаи онҳое, ки ба хотири маблағгузории лоиҳаи худ ба онҳо муроҷиат мекард, ҷавоби рад мегирифт.
Аммо ягон монеа, тавре монеаҳои филмҳои тасвирӣ доштанд, ӯро дилсард карда натавонист. Дисней касеро айбдор насохт, бо касе моҷаро ҳам накард, аммо тасмим гирифт, ки боғро бо пули худ созад. Ҳуҷҷати суғуртаи худро ба гарав гузошта, бар ивази он 100 ҳазор доллар қарз гирифт. Бо ин миқдор пул ӯ метавонист ба кор шурӯъ кунад, аммо барои татбиқи  пурраи лоиҳа маблағи мазкур низ кофӣ набуд.
Уолт Дисней барои ҷалби маблағ ба телевизиони навтаъсиси «Эй-Би-Си» муроҷиат намуд. Ӯ ба ивази 5 миллион долларе, ки аз «Эй-Би-Си» барои сармоягузорӣ ҷудо карданд, розӣ шуд дар телевизион филми тасвирии нави «Микки Маус»-ро ба намоиш гузорад.
Боғи «Диснейлэнд», ки бунёди он соли 1955 оғоз ёфт, 50 киллометр ҷанубтари Ҳолливуд дар Анаҳайм сохта шуд. Маҳз дар ҳамон ҷо бори аввал «Кишвари Дисней» бо боғи аттраксион ва дигар таҳҷизоти гуногуни ҳайратангезу тааҷҷубовар дарҳояшро ба рӯйи кӯдакон боз намуд, ки тасаввурро бо вусъати тахайюлот ва ихтироъкорӣ мавҳ мекард.
Ба шарофати бунёдгузори худ «Диснейлэнд» зуд ба маҳали дӯстдоштаи истироҳатии миллионҳо одамон табдил ёфт. Ҳар сол боғро бештар аз 5 миллион нафар  тамошо мекунанд.
Таҳияи Т. МУҲАММАДУЛЛО,
«Ҷумҳурият»

 

ИНТИХОБИ ЗАН
Нақл кунанд, ки дар аҳди Мустансир зане бо шавҳару писар ва бародараш баҳсу ҷанҷол карда ба халиф арз намуд. Мустансир  амр дод то онҳоро дастгир кунанд ва ба қатл ҳукм кард.
Чун зан аз ин амр огоҳӣ ёфт, ба дари халифа омад ва баромадани ӯро интизор шуд. Гирёну нолон худро пеши пойҳояш афканд ва илтиҷо намуд, ки авф намояд ва ё амр диҳад, ки ӯро низ ҳамроҳи эшон ба қатл расонанд. Зеро зиндагӣ бе онҳо маъное надорад.
Дили Мустансир ба ҳолаш сӯхт. Лаҳзае ба фикр фурӯ рафт. Сипас, сарашро бардошта гуфт:
- Духтарам, шафоати туро ба якеаш пазируфтам. Аз онҳо якеро интихоб намо.
Зан баҳайрат афтод ва баъди андаке тааммул гуфт:
Шавҳарро меёбам, писарро таваллуд мекунам, вале бародарро ёфта наметавонам. Ва бародарашро  баргузид. Интихоби зан ба Мустансир маъқул афтод ва ҳамаро афв кард.
Аз арабӣ тарҷумаи Мунаввари САФАР

 

Назари дигар
ШОКОЛАД ҲОФИЗАРО МУСТАҲКАМ МЕСОЗАД
Шоколад кори мағзи сарро беҳ мегардонад. Ин назарро мутахассисон аз  донишгоҳи Австралия пешниҳод доштаанд.
Таҳқиқгарон дар асоси 30 соли мушоҳидаи 1000 ихтиёрӣ  ба хулоса  омадаанд, ки нафарони шоколадро ҳафтае як маротиба ё бештар истеъмолкунанда, масъалаҳои гуногуни зеҳниву ақлониро беҳтар ҳал менамоянд.
Табибон тахмин мекунанд, ки ин натиҷа ба таъсири антиоксидантҳои гуногуннавъи махсус  - флавоноидҳо вобаста аст. Онҳо ба ғайр аз шоколад дар чой, вино, мева ва сабзавот мавҷуданд.
Мутахассисони австралиягӣ  таъкид доштаанд, ки истеъмоли  ин навъи ширинӣ танҳо дар сурати истеъмоли ҳамрадифи хӯроки серғизо фоидаовар хоҳад буд.
Бо ёрии шоколад, ҳамчунин метавон хавфи диабети қандро кам кард.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

 

КАЛОНТАРИН ВА ХУРДТАРИН КИТОБИ ОЛАМ
Калонтарин китоби олам соли 2004 дар Федератсияи Русия нашр шудааст. Ин китоби аҷоиб «Калонтарин китоби олам барои кӯдакон» ном дошта, аз 4 саҳифа иборат буда, дарозии он 6 метр ва паҳноияш 3 метрро ташкил медиҳад. Вазнаш бошад, ба 492 кг баробар аст.
Дар ин китоб ҳамагӣ 12 шеър аз эҷодиёти шоирони кӯдаконаи рус Сергей Михалков, Сергей Еремеев ва Андрей Тюняев гирд оварда шудааст.
Рӯнамоии аввалини китоби мазкур дар 17 - умин Намоишгоҳи байналмилалии китобҳо дар Маскав  иштирокчиёнро ба ҳайрат оварда буд. «Калонтарин китоби олам барои кӯдакон» дар нашриёти «Ин» ба табъ расидааст. Аз ин пештар китоби калонтарини ҷаҳон соли 1976 дар шаҳри Денвери иолати Колорадои ИМА чоп шуда буд. Он 252,6 кг вазн, ва 3 м 07 см паҳноӣ дошт.
Китоби хурдтарини олам бошад, «Гулҳои ҳар мавсим» ном дошта, дар ширкати нашриётии Toppan Printing Coltd – и Япония ба чоп расидааст. Андозаи ҳар саҳифаи он 0,75 Х 0,75 мм баробар аст. Ин китоб дар осорхонаи ширкати Toppan дар Токио ба намоиш гузошта шудааст. Дар он ҷо китобро бо лупаи махсус ва нусхаи андозааш калон пешниҳод менамоянд, ки ҳар хоҳишманд метавонад онро бо 300 доллари амрикоӣ харидорӣ намояд. Микро китоб 22 саҳифа дошта, дар он расм ва гулҳои Ҷопон ҷой дода шудаанд. Ҳарфҳо ва расмҳои китобро бо айнак ҳам дидан ғайри имкон аст. Нашри чунин китобҳои хурдро ширкати Toppan аз соли 1964 оғоз кардааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО,
«Ҷумҳурият»

 

АВВАЛИН МУАЛЛИФ ВА ИСТИФОДАБАРАНДАИ E-MAIL
Дар таърихи фановариҳои навин исми Рей Томлинсон барои абад ба унвони шахсе боқӣ мемонад, ки нахустин шуда шабакаи ирсоли номаҳои электронӣ аз як компютер ба компютери дигарро  таҷриба  ва соли 1971 онро амалӣ кардааст.
Томлинсон инчунин рамзи санҷобак - "@"- ро ҳам ихтироъ кард, ки исми муаллифи email бо суроғааш пайваст мекард. Замоне ки Томлинсон email - и аввалинро ихтироъ кард, муҳандиси  одӣ буд. Ширкате, ки дар он фаъолият дошт, дар рушди фановариҳои интернетӣ, аз ҷумла ҷоришавии прокурсори интернетии   ARPANET, саҳм гузоштааст. Нармафзори интернетии Томлинсон бо номи  SNDMSG солиёни зиёд хизмат кардааст.
Дар Тоҷикистон шабакаи email баъди беш аз 20 соли ихтирои он пайдо шуд. Муҳаққиқони соҳаи интернет ва фановариҳои навин дар Тоҷикистон мегӯянд, ки пешсафони хадамоти email - и тоҷикӣ Сергей Болдарев  ва ташкилоти башардӯстонаи амрикоӣ - Агентии рушди Осиёи Марказӣ (CADA) буданд.  Айни ҳол аз рӯи омори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, соли 2015  дар кишвар 3 миллион корбари Интернет ба қайд гирифта шудааст. Шумори корбарони телефонҳои фаъоли мобилӣ дар Тоҷикистон соли гузашта 5,2 миллион нафарро ташкил дод. Зимнан, фановариҳои навин истифодаи emаil, ё почтаи электрониро на танҳо тавассути компютер, балки телефонҳои ҳушманди мобилӣ ва планшет ҳам фароҳам меоранд.
Ҳ. САНГОВА, «Ҷумҳурият»

 

ШАБЕ ДАР МЕҲМОНХОНА
Ашӯр Сафару Қутбӣ Киром Қирғизистон мераванд ва байни  мардуми тоҷикзабон шеърхонӣ мекунанд.
Рӯзе баъди суҳбату  шеърхониҳо онҳоро зиёфат медиҳанд ва баъд ба меҳмонхона (дар меҳмонхона ҳар кадом ҳуҷраи алоҳида доштанд) гусел мекунанд.
Қутбӣ Киром нисфи шаб «касал» мешавад. Чӣ кор карданашро надониста, ба ҳоле аз ҷо мехезаду бо умед дари хонаи дӯсташро мекӯбад.
- Ашӯр, ҳо Ашӯр! Дара кушо, ки ман касал шудам.
- Касал шуда бошӣ, рав хоб кун, ки боз касалат ба ман нагузарад! – аз пушти дар ва бепарвоёна мегӯяд Ашӯр Сафар.


ТӮЙҶАЪД
Ашӯр Сафар дар ҳар тӯяш дӯсташ Ғафур Восеъро хабар мекард ва ҳар бор Ғафур Восеъ 10 сӯм бароварда тӯйҷаъд медод.
Дар як тӯяш, ки ба давраи қаҳтиву қиматӣ ва бисёр беқурб шудани пул рост омад, боз дӯсташро хабар кард. Ӯ ин дафъа ҳам як даҳсӯма баровард.
Ашӯр Сафар ба даҳсӯмаи ба як тин баробар нигариста, чунин гуфт:
- Бача, бозсозӣ ҳамаро дигар карду ҳиммати туро  не.
Баъди ин Ғафур Восеъ 20 сӯм медодагӣ шуд.
Гурез САФАР

 

САБТҲОИ ҶОЛИБ АЗ КИТОБИ «РЕКОРДҲОИ ГИННЕС»
Оё медонед, ки ҳамсари сармуҳаррири китоби «Рекордҳои Гиннес» барои мағозагардию харидҳои бемаъниаш дар ин китоб сабт шудааст.
* * *
Ма Сюсиан, сокини музофоти Шандуни Чин, дар синни 102 - солагиаш ба синфи як рафт. Ӯ аз синни 13 - солагӣ ба кор баромада, дар 18 - солагиаш хонадор шудааст. Бинобар ташвиши рӯзгор ва камбизоатӣ Ма Сюсиан аз мактаб дур мемонад. Ин бону соҳиби нуҳ фарзанд буда, ҳамаашон соҳиби маълумоти олианд.

* * *
Дар китоби «Рекордҳои Гиннес» одами хубтарин ҳам ба қайд гирифта шудааст. Ҷулиа Мак-Крекир вақте яхмос мехоҳад, бибиаш то «бас» гуфтани кӯдак ба ӯ яхмос медиҳад. Кампир ба ин қаноат накарда: «камакаки дигар духтарҷон» гӯён набераашро боз яхмос мехӯронад.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР, «Ҷумҳурият»


КОҶУ САНАВБАР САБАБГОРИ ГАРМШАВИИ ИҚЛИМАНД?
Иқлимшиносони фаронсавӣ кашфиёти шигифтангез карданд, ки шинондани ниҳолҳои нав гармшавии иқлими ҷаҳониро на танҳо боз намедорад, балки онро метезонад. Гунаҳгори асосиро ҳам ёфтанд – коҷу санавбар, ки ба ҷои дарахтони паҳнбарг омадаанд.
Замоне тамоми Аврупоро ҷангал пӯшонда буд, ки бо афзудани аҳолӣ зери зарби табар монд. Аммо дар асри XIX вазъият рӯ ба ислоҳ овард – саноат аз ҳезум ба ангишт гузашту ҷангалбурӣ хотима ёфт. Гузашта аз ин, аврупоиён ба бунёди ҷангалҳои нав шурӯъ карданд. Айни замон масоҳати ҷангали Аврупо дар муқоиса ба ибтидои инқилоби индустриалӣ 10 дарсад афзудааст.
Муҳаққиқони фаронсавӣ маълум карданд, ки ҷангалзори қарнҳои қаблӣ буридашуда асосан дарахтони паҳнбарг будаанду ҷангали дастнишони пасин куллан аз коҷу санавбаранд. Ин намуди дарахтон зудсабз буда, бештар даромад меоранд. Дар натиҷа, дар 250 соли гузашта масоҳати ҷангали дарахтони сӯзанбарг дар Аврупо 633 ҳазор километри мураббаъ зиёд, масоҳати дарахтони паҳнбарг бошад, 436 ҳазор кам шуд.
Бо сабаби нисбат ба дигар навъи дарахтҳо тиратар будани ранги санавбар ва махсусан коҷ, шоху барги онҳо дар давраи тобистон гармии офтобро ба худ бештар мекашанд. Олимон муайян намуданд, ки бинобар Аврупоро ғасб кардани ҷангали сӯзанбаргҳо ҳарорати миёнаи тобистон тақрибан 0, 12 дараҷа зиёд шудааст. Ин ба 6 дарсади гармшавии глобалӣ баробар мебошад, ки аз истифодаи сӯзишвории истихроҷӣ ба амал меояд.
Муҳаққиқон умедворанд, ки натиҷаи тадқиқоташон ҳангоми банақшагирии бунёди ҷангалҳои нав ба эътибор гирифта мешавад. Айни замон дар Замин тақрибан 3, 04 триллион дарахт месабзад, ки ба ҳар сокини сайёра 422 адад рост меояд.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД,
“Ҷумҳурият”

 

ПОЙГАҲОИ ҒАЙРИОДӢ
Ҳамаи мо хеле хуб медонем, ки дар дунё намудҳои мухталифи мусобиқот оид ба пойга, назири Формула- 1, Париж- Дакар, Тур де Франс, пойгаи автомобилҳои гуногунтамға, велосипед, давидани варзишгарон ва ғайраҳо мавҷуд аст. Вале боз пойгаҳое ҳастанд, ки дар бораашон на шунидаему на онҳоро дидаем:

Пойгаи ғайриодии роботҳо бо шутур
Тавре ки шумо худ пайхас мекунед, чунин пойгаро мумкин буд дар кишвари тулӯи хуршед доир намуд, вале, азбаски дар он ҷо шутур нест, вайро дар АМА, аниқтараш дар Дубай баргузор менамоянд. Ҳамасола теъдоди зиёди одамон ба тамошои пойгаи шутурҳо меоянд. Воқеан, ин мусобиқа ғайриодӣ аст ва барои дар он ғолиб омадан саворагон бояд вазни сабук дошта бошанд, аз ин хотир, қаблан савораи шутурҳо бачаҳо буданд. Бо мурури замон, бо пайдо шудани технологияҳои муосир савораҳои хурдсолро бо роботҳо иваз карданд, ки бо таҷҳизоти фосилавӣ дар мусобиқа шутурҳоро идора менамоянд.

Пойгаи тӯқумшуллуқҳо
Мусаллам аст, ки пойгаи тӯқумшуллукҳоро пойга номидан чандон дуруст нест, вале дар ҳар сурат онро мепазирем. Ин гуна мусобиқот ҳамасола дар Норфилк, иёлати Вирҷинияи ИМА доир мегардад. Дар пойга бештар аз 300 иштироккунанда ширкат меварзанд. Ба ғолиб ҷоми нуқрагини пур аз салат тақдим мешавад.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.04.2016    №: 69    Мутолиа карданд: 845

12.12.2018


ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед