logo

фарҳанг

КУРСИҲОИ ШИКАСТА ҲАВАСҲОРО ҲАМ МЕШИКАНАНД

Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз бист қасри фарҳанг мавҷуд аст, ки  масъулонашон дар рӯзҳои ҷашн ва истироҳатӣ бо баргузор намудани консерту шабҳои эҷодии ҳунармандон хотири моро шод месозанд. Албатта, ин ҳама хуб аст, вале баъзе ноҷӯриҳо дар фаъолияти онҳо тамошобинонро нороҳат месозад.
Масалан, дар аксари онҳо курсиҳо шикаставу рақамҳои онҳо ранграфта шудаанд. Тозагии толорҳо  низ ҷавобгӯ ба талаботи санитарию  гигиенӣ нест. Дар шаби эҷодии шоири ширинкалом Давлат Сафар, ки дар «Кохи Ҷомӣ» баргузор гардид, мушоҳида кардам, ки ҳавасмандони шеър хеле зиёданд. Он бегоҳ толор пур аз одам буд, яке рост меистоду дигаре ҷойи нишаст мекофт. Дар қатори охирин ду - се ҷойи холӣ буду касе дар он наменишаст, зеро курсиҳо шикаста буданд.
Курсиҳои «Кохи Тоҷикистон»  бошанд, ба мисли арғунчак алвонҷ мехӯранду курсиҳои ошёнаи дуюми Филармония шикаставу берақаманд, мардум барои муайян намудани ҷойи нишасти худ ҷанҷол мекунанд. Масъулони ин қасрҳои фарҳангӣ магар аз ташкили консертҳо кам маблағ мегиранд, ки ба таъмири ҷорӣ аҳамият намедиҳанд ва ё ин корҳои «майда - чӯйда» гӯён фориғболӣ мекунанд? Дар ин бобат Олимҷон Акрамов,  сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанг, чунин ибрози ақида кард: «Дар назди вазорат шуъбае амал мекунад, ки таъмири биноҳоро ба зимма дорад, вале таъмири ҷорӣ ба директори муассисаҳо ва мудири хоҷагии онҳо вабаста аст. Аслан, барои ин кор директорон масъуланд. Зеро аз ҳисоби консертҳо маблағи зиёд ба даст меоранд. Миқдори муайяни онро барои таъмир ва дигар мушкилоти ҷойдошта метавонанд сарф намоянд. Ҳоло ин вазифаи ҳар як роҳбари муассиса маҳсуб меёбад. Дар ҳолати шикастан ё корношоям шудан онҳоро хоҷагидор бояд иваз намояд».
 Масъулиятеро, ки бар дӯши директорони қасрҳои фарҳангӣ гузошта шудааст, кӣ иҷро месозад, ба ҷуз худи масъулини соҳа. Шояд курсиҳо бо ҷурми нишастагон шикаста бошанд, аммо иваз кардани курсиҳои фарсудаю шикастаро масъулин бояд андешад ё каси дигар?

Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2016    №: 70    Мутолиа карданд: 507

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед